JMsem

Дар шароити кунунӣ паҳншавии иттилооти иғвоангез, шубҳаовар ва дурӯғ хеле зиёд гардидааст. Ин ҳамаи моро масъул мегардонад, ки ба иттилооти оммавӣ бо назари таҳлилӣ ва танқидӣ нигарем.

 

 

Дарсҳои омӯзишии дурӯзае, ки дар таърихи 13-14-уми сентябри соли 2019 дар факултети журналистика доир карда мешавад, ҳамин ҳадафро пайгирӣ менамояд. Омӯзгорони факултет Мухторӣ Қ. ва Муқимов М. барои устодони факултет бо мақсади татбиқи минбаъдаи саводи расонаӣ тавассути таҷрибаи омӯзгории худ дарс доир менамоянд. Дар машғулиятҳои мазкур таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди саводи расонаӣ, тафаккури интиқодӣ, манипулятсия дар ВАО ва паҳнсозии ин малакаҳо тавассути таълим равона карда мешаванд.

IMG 4237

 Рӯзи аввали дарсҳои омӯзишро декани факултет Саъдӣ Исматов ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуд, ки саводи расонаӣ барои тамоми шаҳрвандон зарур аст, вазифаи устодони риштаҳои рӯзноманигорӣ паҳн ва тарғиб намудани саводи расонаӣ дар байни шогирдон ва умуман гурӯҳҳои дигари аҳолӣ аст. Воқеан, қудрат дар даси нафароне аст, ки ба иттилоъ дастрасӣ доранд.

Устодон, аспирантону магистрантҳои факултет бо баҳсҳои гарму ҷолиб машғулияти рӯзи аввалро ба анҷом расониданд.

 

Ҳукмиддин Сафаров