zabru

Ба хотири гиромидошти забони модарӣ маҳфили навбатии “Хабарнигорони ҷавон” якҷоя бо маҳфили “Тулӯи сухан”-и Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи факултаи журналистика баргузор гардид.

 

 

Таърих, марз ва забони тоҷикӣ аз қадим то ба имрӯз масъалаҳое буданд, ки дар рафти маҳфил матраҳ гардиданд.

Устодону донишҷӯёни ду даргоҳи илм, доир ба бузургдошти забони тоҷикӣ маърӯзаҳо намуда, аз проблемаҳои мавҷудаи забонӣ ёдовар шуданд. Муаллимаи кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ, доктори илмҳои филология Моҳира Мирзоева суханронӣ намуда, афзуд, ки новобаста ба тазодҳои зиндагӣ мо бояд забони худро дӯст дорем ва ба забони модарӣ эҳтиром гузорем.

Меҳмони маҳфил доктори илмҳои таърих, профессор Қаҳҳор Расулиён дар суханрониаш изҳор дошт, баҳсҳое, ки атрофи забони тоҷикӣ мавҷуданд ва аз ҷониби бархе бо номи порсӣ дар шабакаҳои интернет муаррифӣ мешаванд, асос надоранд. Муҳим он аст, ки ин забон забони модарии ман аст.

 zabr

Ҳамчунин сармуҳарири нашрияи “Паёми донишҷӯ”-и ДДЗТ Доро Суҳробӣ маърӯза намуда, таъкид кард, ки моро лозим аст то пайрави аҷдодони хеш бошем ва забони тоҷикиро ҳифз намоем, чунки забони тоҷикӣ дар гирудорҳои шадид ва тохтутозҳои бераҳмонаи аҷнабиёни истилогар ҳастӣ ва покии худро нигоҳ дошта тавонист.

Аъзоёни маҳфилони мазкур саволҳои худро ба устодон пешниҳод намуда, фикру андешаҳои худро низ изҳор доштанд.

“Забони форсӣ-тоҷикӣ гуфтан ғалат аст, дурусташ тоҷикӣ-форсӣ аст, чунки ин забон дар давраи сулолаи Сомониён, ташаккул ёфтааст ва марказаш Бухорову Балх ҳисоб меёфт”.

 

 

 

Самандарзода Парвина

донишҷӯи соли дуюм