SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."

 konfus

      Санаи 17-уми октябри соли 2019 дар толори ба номи Шарифҷон Ҳусейнзодаи ДМТ бо ташаббуси кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистика конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои мубрами забон ва услуби ВАО” баргузор гардид, ки дар он доираи васеи меҳмонон иштирок ва маърӯзаҳо карданд.

 

 

         Сухани ифтитоҳиро декани факултет С. Исматов оғоз намуда, ҳозиринро бо баргузории чунин як ҷамъомади созанда хайрамақдам гуфт. Ҳамчунин роҷеъ ба қудрат ва имконоти забони тоҷикӣ ибрози андеша карда, таъкид дошт, ки давлат дар паноҳи забон аст.

         Мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ М. Ҷӯраева низ роҷеъ ба муҳиммияти таҳқиқ ва омӯзиши забони ВАО сухан ронда, таъкид кард, ки муҳаққиқонро лозим аст, бо намояндагони ВАО дар ҳамкорӣ ва табодули афкор қарор дошта бошанд.

         Дар идома дотсенти кафедраи мазкур М. Мирзоева оид ба “Забони ВАО бояд асил бошад” маърӯзаи пурмуҳтаво кард, ки дар он аз ҷумла чунин таъкид карда мешуд: “Имрӯзҳо аз ҷониби наттоқони телевизион кӯшиши ба ҷойи як вожа ворид кардани калимаи дигар ба мушоҳида мерасад. Масалан, феъли таркибии дидан кардан (намудан), ки феъли дидан ба ҷузъи ёвар (намудан, кардан) ниёз надорад”.

         Яке аз меҳмонони ҷамъомад – директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд М. Кенҷазода дар мавзӯи “Мавқеи категорияи шахс дар ҷумлаҳои сода (дар мисоли матбуоти даврии тоҷик)” маърӯзаи муфассал кард. Ба назари М. Кенҷазода: “Маводи иттилоотӣ хонандаи рӯзномаро водор месозад, ки ба муайян кардани ҷойи зуҳури воқеа, иштирокчиён, радду бадал байни онҳо, қаҳрамони асосии ҳодиса таваҷҷуҳ намояд. Ба ҳамаи ин бо як сухан мубтадои ҷумла, соҳиби амал ҳамеша пеши назари хонанда меистад”.

         Ҳамин тавр, дар конференсияи мазкур муҳаққиқон ва унвонҷӯёну аспирантони зиёд суханронӣ карда, мавзӯъҳое монанди “Забони матбуоти миллӣ ва консепсияи илми забоншиносии муосир” – М. Ҷумъаев, “Семантикаи нармгуфторӣ дар асноҳои хоҳишу дархост (дар асоси маводи ВАО)” – М. Ҷӯраева, “Структура метода и жанра интервью в современной таджикской печати (на примере газет “Ҷумҳурият” и Вечёрка)” – М. Якубова таҳлилу баррасӣ ёфтанд.

konfusl

         Намояндагони ВАО аз ҷумла муовини аввали директори радиои “Тоҷикистон” Обидҷон Саидзода баромад карда, ин анъанаи факултети журналитикаро боиси рушди забон ва услуби ВАО, аз ҷумла радио донист. Ҳамчунин пешниҳод крад, ки муҳаққиқон имкон доранд, маърӯза ва мақолаҳои илмии худро, ки дар онҳо ВАО нақд карда мешавад, дар ҳафтаномаи “Ҷаҳони паём” низ ба табъ расонанд, то мухотабон – журналистон аз норасоӣ ва камбудиҳои барномаҳояшон мунтазам воқиф гарданд.

         Иштироккунандагон, махсусан донишҷӯён аз ин ҷамъомади илмӣ ғизои маънавӣ бардошта, бо савол ва пешниҳодҳояшон фаъолмандӣ нишон доданд.

Муслима Манонова

мудири студияи таълимии

телевизион ва радио

 

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.