Halk        

Санаи 23-юми ноябри соли равон бо ташаббуси кафедраи журналистикаи байналхалқӣ дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии устодону донишҷӯён бо котиби масъули рӯзномаи “Халқ овози” Искандар Маҳмадалиев ва хабарнигори рӯзнома Зуҳриддин Умаров баргузор гардид.

 

 

Вохӯриро декани факултет дотсент Саъдӣ Исматов ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба фаъолияти рӯзноманигорӣ дар ВАО-и узбекзабон изҳори назар кард. Дар идома Бахтиёр Қутбиддинов мудири кафедраи журналистикаи байналхалқӣ дар атрофи фаъолияти рӯзноманигории Искандар Маҳмадалиев суханронӣ намуда, зикр кард, ки “Искандар Маҳмадалиев бо вуҷуди хатми факултети физика журналисти соҳибқалам аст. Пас, метавон гуфт, ки физика ҳам як навъи эҷод аст. Зеро дар ин доира ба мутахассис эҷоди усулҳои нав, кашфи хосиятҳои физикии баъзе аз асбобҳо ва монанди ин даст медиҳад”.

         Ҷовид Муқим профессори кафедраи журналистикаи байналхалқӣ марбут ба ҳамкории ВАО-и Тоҷикистону Узбекистон андешаронӣ намуд.

         Сипас, сухан ба меҳмони нишаст рӯзноманигор Искандар Маҳмадалиев дода шуд. Мавсуф аз даврони донишҷӯии худ ёдовар шуда, донишҷӯиро давронии тиллоии инсон гуфт. Ӯ зикр кард, ки “нишастан ба рӯзноманигор ва доираи эҷодӣ завқи хоса дорад. Ман бо вуҷуди оне, ки журналист хатм накардаам, ба ин касб меҳру завқи беандоза дорам. Ҳамин буд, ки баъди донишҷӯӣ пурра ба роҳи эҷод рафтам ва аз ин пушаймон нестам”.

         Дар кори маҳфил донишҷӯён Аниса Ёрасенова, Эҳсонҷон Ҷумаев, Зарнигор Баҳодурова, Саҳоба Шарипова ва Бахтиёр Саафарализода низ фаъол буданд. Маҳфил бо саволу ҷавоби аҳли нишаст поён ёфт.

 

Мирсаид Сатториён

донишҷӯи соли сеюм