ozmun     

Донишҷӯи соли аввали факултети журналистикаи ДМТ Шоира Мадалиева дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи номинатсияи хондану азёд кардани осори адибони классикии тоҷик ширкат намуда, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори унвони иштирокчии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гардид.

   Чунон ки Шоира Мадалиева дар суҳбат бо радиои факултети журналистикаи ДМТ изҳор дошт, “озмун шаффоф гузашта, нафароне, ки соҳиби ҷой гардиданд, аз меъёри муқарраргардида зиёдтар дониш доштанд. Барои мо ин озмун як мактаб ва як таҷрибаи бузург буд. Ба ман таҳсил дар факултети журналистика низ замина фароҳам овард, ки донишу ҷаҳонбинии худро такмил диҳам. Ҳар саволу нофаҳмие, ки ба миён меомад, аз устодони факултет мепурсидам ва онҳо кӯмаки худро дареғ намедоштанд”.

          Дар ду даври аввал Шоира Мадалиева ҳанӯз донишҷӯ набуда, аз номи мактаби №10-и ноҳияи Деваштич баромад кардааст. Дар соли 2020 нақша дорад бештару беҳтар омода гашта, минбаъд бо ташкил шудани чунин озмунҳо созовори ҷойҳои ифтихорӣ гардад.

         Шоира Мадалиева аз ҷониби факултети журналистикаи ДМТ низ дастгирӣ ёфта, бо сипоснома ва туҳфа қадрдонӣ карда шуд.

Муслима Манонова

мудири студияи таълимӣ