SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

hobb7

Дар хобгоҳи рақами 7- и ДМТ вобаста ба нақшаи омӯзишии “Шароити мусоиди таълим – калиди бомуваффақияти таҳсилот” курсҳои таълимӣ вобаста ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз қабили забони англисӣ, русӣ, хитоӣ, тренингҳо оид ба дастгирии психологии иҷтимоӣ, асосҳои оила ва оиладорӣ, ёрии ҳуқуқӣ ва донистани ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрванд дар ҷомеа, меҳнатдӯстӣ, баланд бардоштани дониши иқтисодӣ ва асосҳои хоҷагидорӣ дар оила, курсҳои компютерӣ ва монанди ин гузоронида мешавад.

 Мақсад аз гузаронидани курсҳои мазкур омода кардани ҷавонон, хусусан донишҷӯён дар рӯҳияи созандагию мустақилият ва дарки арзишҳои инсонӣ дар ҷомеаи муосир, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои худ ва дигарон мебошад.

         Бояд зикр намуд, ки бо пешрафти илму техника ҷомеа ба як қатор илму ихтисосҳои нав ниёз пайдо менамояд. Ин ҷараён баланд бардоштани сатҳи дониш ва тахассуснокиро тақозо дорад. Ҳар андозае ки ҷавонон ба донишҳои нав, касбу ҳунарҳои замонавӣ ва манфиатбахш фаро гирифта шаванд, ки ба майл ва таваҷҷуҳи онҳо вобастагӣ дорад, ҳамон андоза ояндаи дурахшон ва созандаеро дар пай хоҳанд дошт.

hob7

         Бо ҳамин мақсад Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории ДМТ чунин иқдомро роҳандозӣ намуда, донишҷӯёнро ба таҳсили ройгон даъват менамояд. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани курс ва тренингҳо мутахассисони соҳибкасб Сурайё Умарова, Саёҳатбону Сангзода, Ванг Линг, Сайфиддин Расулов, Дилбар Нурматова, Шарофат Ахмедова, Дилфӯза Муллобоева, Шаҳрбону Давлатова, Давлатшо Ғаниев ва Гулноза Шоеваро интихоб намудааст, ки дар тамоми ҷараёни таълим бо муҳассилин кор карда, фаъолони гурӯҳҳоро барои идомаи таҳсил дар хориҷ аз кишвар роҳбаладӣ менамоянд.

         Хулоса барномаи омӯзишии “Шароити мусоиди таълим – калиди бомуваффақияти таҳсилот” донишҷӯёнро аз тамоми самтҳои ҳаёт, ки дар замони муосир зарур ва ногузиранд, огоҳ намуда, барои омода шудан ба ҳаёти мустақилона ва расидан ба муваффақият кӯмак мерасонад.

Дарсҳо аллакай оғоз гардидаанд. Иштироки донишҷӯёни ДМТ дар он озод аст.

Озода Атабекова

донишҷӯи соли аввал 

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.