SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

Ord

 Аз ваҳмпароканӣ ва ваҳшатзадагии мардум, ки тӯли ду рӯзи охир дар авҷ аст ва ҳамагӣ барои хариди маводи ғизоӣ аз дукон ба дукон, аз ин бозор ба он бозор дар тохтутозанд, дар сарам ин савол чарх мезанад: Мо Худопарастем ва ё худпараст?

 

 

Вале на танҳо ин савол. Ҳамчунин:

-         Мардум ба тоҷирону соҳибкорон бовар надоранд;

-         Мафкураи эътиқодии омма нисбат ба арзишҳои динӣ фақат дар сухан ифода меёбад;

-         Намояндагони ҳукумат дар миёни мардум нестанд;

-         Журналистикаи “шаҳрвандӣ”  қудрати худро нишон медиҳад;

-         Ваҳшати ҷанг ҳанӯз дар дили мардум боқист;

-         Сатҳи некӯаҳволии мардум дар сатҳи зарурӣ нест ва монанди ин.

Тавзеҳ:

         Мутаассифона, соҳибкорони тоҷик бо имону виҷдоне, ки доранд, дар кучактарин пайк фурсат барои боло бурдани нарх ва ғорат кардани ҷайби мардуманд. Мисоли ҳаррӯза бо андак тағйироти боло рафтани қурби асъори хориҷӣ дар кишвар аз фурӯши мошин то гӯгирд тағйироти нарх дар айни замон ба вуқӯъ мепайвандад, ки тавзеҳи онро касе намедиҳад ва касе дар “қиссааш” ҳам нест.

         Дар мавриди бемории коронавирус низ ҳамин ҳолатро метавон қиёс кард, ки бо истифода аз зудбоварӣ ва дониши нокифояи иқтисодии ҳадди аксар бо ҳангомаву “воҳима” тоҷирон тавонистанд, фоидаи зиёд ба даст оранд, ки ҳатто маҳсулоти муҳлати истифодааш гузашта (ва гузаштаистода)-ро низ ба гардани мардум бор мекунанд.

         Акнун савол ба ононе, ки дар мавриди муҳиммияти сатру ҳиҷоб соатҳо ҳарф мезананду мусулмониро ба он рабт медиҳанд (дар зимн: ман озодии динӣ ва эътиқодии мардумро ҷонибдорам). Хонаи Шумо пур аз гандум асту кулвори ҳамсояатон холӣ, аз ин дорандагии худ роҳатед (ягон дин ҳамин андешаро тарғиб мекунад)? Оё нон пеши роҳи бемориеро, ки хосияти сироятёбӣ дорад ва ноаёну ноогоҳ гирифтор мегардонад, банд карда метавонад ва ваҳмпароканӣ, ки мардумро ба иғвою даргириҳо мекашонад, таълимоти кадоме аз динҳост?

         Вазифаи имонии ҳар яки мо аст, ки дар ҳар шароиту вазъият бо таҳаммул барои оромиш ва иттиҳоди ҳамдигар саъй намуда, то охирин фурсат кӯшиш намоем, ки муаммову мушкилоти ҷойдошта бо роҳи тафоҳум ҳал шавад. Ҳар таълимоти динию мазҳабие, ки дар дунё вуҷуд дорад, бандаи нафси хеш буданро маҳкум мекунад. Аз ҷумла сухани Худо дар китоби муқаддаси Қуръон бар ин мазмун аст. “Ҳар кӣ бандагони офаридаи маро дӯст дорад ва манфиати эшонро дар баробари хостаҳои хеш ҳифз намояд, аз ҷумлаи писандидагони ман аст” ва ё “ояндаро танҳо Худо медонад”. Ба қавли шоире:

Агар теғи олам биҷунбад зи ҷой,

Набуррад раге то нахоҳад Худой.

         Вобаста ба ин вақте дар дукону бозор барои соҳиби моли бештар шудан талош мекунем, ки ҳатто ба хархаша меанҷомад, вазифа ва қарзи мусулмонии мо куҷо меравад?

         Дар мавриди дигар: Аз пайгирии шабакаҳои иҷтимоӣ аён мегардад, ки аксари шаҳрвандоне, ки дар интихоботи имсола ширкат варзиданд, номзадонро намешиносанд ва надидаанд. Вакили мардумӣ вақте аз миёни омма барнамеояд, чӣ гуна метавонад, бо эшон кор барад? Мутаассифона, баъзе аз хизматчиёни давлатӣ ва вакилону сиёсатмадорони мо бо мардум дар иртибот нестанд. Ба қавли мардум “фақат расмашон”-ро дидаанду тамом. Ҳол он ки дар шароити феълӣ бо мардум танҳо дар рӯ ба рӯйӣ метавон кор бурд, бо дигар восита намешавад!

         Бо таваҷҷуҳи мардум ба шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ зина ба зина журналистикаи шаҳрвандӣ, ки асоси онро интишори дилхоҳ факт (ҳатто фейк) дар расонаҳои махсусан интернетӣ ташкил медиҳад ва айни замон дар ҷомеаи мо он ба як низоми муайян надаромадааст (иттилои саҳеҳро на ҳар шаҳрванд ташхис дода метавонад) вобаста ба воҳимаангезӣ миёни ҷомеа аллакай қудрати худро нишон дода истодааст. Як факт аз ҷониби нафари номуайян нашр меёбад, нафари дигар бо иловаи ҷумлаҳо (навор, сурат, матн ва ғ.) онро бознашр мекунад, ки хонандагони ноогоҳ ба он бовар мекунанд. Яъне, ҳангомаи коронавирус аз сирояти он бамаротиб зиёдтар аст.

         Вобаста ба таъсири расонаҳои гуногун, ки аз он соҳибкорон ба манфиати худ истифода менамоянд, мардуми даҳшати “ҷанг барои нон”-ро аз саргузаронида, бо ҳассосият барои худу наздикон наандешида аз ҳар паҳлӯи дигари масъала ҳарчи бештар кӯшиши харидани маҳсулоти ниёзи аввалия мекунанд.

         Ва ахиран аз он ки ҳадди аксари аҳолӣ барои хариди махсусан орд кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, метавон хулоса баровард, ки захираи молу маҳсулоти мардум нокифоя аст. Ин натиҷагириро дар асоси аз соҳаи кишоварзӣ дур гардидани шумораи назарраси сокинони кишвар низ метавон ҳосил намуд.

         Ҳамин тариқ:

-         Ҳамдиёрони азиз, ба ҳангомаву дурӯғ дода нашавед, давлат қудрати таъмини шуморо бо маводи ғизоӣ дорад (ба қавле гурусна нахоҳед монд);

-         Ба Худованд агар эътимод доред, тибқи фармудаҳояш амал кунед, аз ҳаққи ҳамдигар назанед, боварии дигаронро сӯйистифода накунед, хархашаву низоъ барнаангезонед;

-         Ҳокимони муҳтарам бо мардум бошед, ба сухану хостаҳояшон ҳадди ақал гӯш андозед;

-         Истифодабарандагони азизи интернет, он саҳифаҳои “шахси”-е, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ кушодаед, аз они шумо нест! Пеш аз он ки чизе мегӯед (нашр мекунед), натиҷаашро фикр кунед;

         МУҲИМТАР АЗ ҲАМА АРЗИШҲОЮ НИЁЗҲО СУЛҲУ СУБОТИ САРТОСАРӢ АСТ, КИ МО ОНРО ДОРЕМ. БАРОИ НИГОҲДОШТИ ВАҲДАТИ КОМИЛ БОЯД ТАЛОШ КАРД, НА БАРОИ ШИКАМ! 

Муслима Манонова

мудири студияи таълимии

 телевизион ва радиои ДМТ

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.