SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

Mo

11-уми марти соли 2020 бо ташаббуси кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултаи журналистика маҳфили навбатии "Меҳри сухан" таҳти унвони “Ҷавонмардӣ фақат оини мардон нест!” доир шуд. Сараввал роҳбари маҳфил профессор Мирзоева М.М. ба сухан баромада, иштирокдоронро ба аҳли нишаст муаррифӣ кард. Гули сари сабади маҳфил дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти рус Ҳабибова Моҳру Орифовна ва мудири ҳамин кафедра Ҳоҷиматова Гулчеҳра Масаидовна буданд. Баъдан донишҷӯйи курси сеюм Мирсаид Сатториён доир ба ҳаёт ва фаъолияти муаллима Моҳрӯ Орифовна маърӯза хонд ва аксҳоро тавассути тахтаи электронӣ ба донишҷӯён рӯнамоӣ кард. Сипас, худи муаллима Ҳабибова М. О. дар бобати воқеаҳои Афғонистон, аз ҷумла ихтиёран ба Афғонистон рафтан, дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок кардан, дар байни занони афғон корҳои тарғиботӣ бурдан ва амсоли ин ба аҳли нишаст қиссаҳо гуфтанд.

Инчунин донишҷӯён-насли ҷавони имрӯзаро ба дӯст доштани Ватан, ба қадри ободиву озодии Тоҷикистон расидан ва хизмат дар сафи Артиши миллӣ ба хотири ҳифзи марзу буми он ва ҳаёти осоиштаи мардум ҳидоят намуд.

Баъди суханварии муаллима донишҷӯён аз ҳар бобат саволҳо доданд ва посух гирифтанд. Дар охир мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ, профессор Ҷӯраева М. Р. таассуроти худро аз вохӯрӣ изҳор намуда, ба меҳмонон ҷиҳати иштирок дар маҳфил сипосгузорӣ карданд. Маҳфил хубу хотирмон гузашт.

 

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.