SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

Shahlo A

Аз 2-юм то 6-уми марти соли 2020 дар студияи таълимии телевизион ва радиои ДМТ бо ташаббуси ташкилоти ҷамъияти “Хома” машғулияти омӯзишӣ гузаронида шуд, ки онро коршиноси ВАО, журналисти телевизион Шаҳло Акобирова, муҳандиси техникӣ Худоёр Бархонов ва наворбардори телевизиони «Варзиш» Маҳрам Холов гузаронида, ба журналистони ҷавон оид ба асосҳои журналистикаи телевизионӣ - манбаъҳои хабарӣ, навиштани матн, сабти овоз, корбурди самараноки шабакаҳои иҷтимоӣ ва кор бо дастгоҳи наворбардорӣ маълумоти мушаххас пешниҳод намуданд.

Ҳамчунин дониши андӯхтаи ширкаткунандагонро бо истифода аз имкониятҳои техникии студияи таълимӣ дар амал санҷиданд.

Журналистикаи муосир тақозо менамояд, ки рӯзноманигорон имрӯз бо усулҳои гуногуни эҷодӣ ва техникӣ мақсади худро ифода карда тавонанд ва афкорашон корсоз бошад, ба қавле “универсал” будани журналист талаботи замон аст, зеро рушди технологияҳои иттилоотӣ чунин имкониятро ба онҳо муҳайё кардааст.

Вобаста ба нуктаи мазкур дар машғулияти омӯзишии мазкур наздики 30 нафар донишҷӯён ширкатварзида, фаъолмандӣ нишон доданд. Дар рӯзҳои якум ва дуюм журналистони ҷавон аз собиқадори соҳа Шаҳло Акобирова маълумоти назарӣ гирифта, дар рӯзҳои минбаъда бо мутахассисон Худоёр Бархонов, Маҳрам Холов, Сергей Тютин, Нурулло Мирзоев ва Муслима Манонова ҳамкорӣ намуда, дар мавзӯъҳои мушаххас гузоришҳои телевизионӣ таҳия намуданд.

Бояд гуфт, ки ташкилоти ҷамъиятии “Хома” аз ҷумла бо факултети журналистикаи ДМТ ҳамкории зич дошта, қаблан ҳамин гуна курсҳои омӯзишӣ бо ҷалби мутахассисони хориҷию дохилӣ миёни устодон роҳандозӣ намуда, барои баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон шароит фароҳам оварда буданд.

Sha A

 

Ҳамин тариқ, тренерон ба фаъолияти омӯзишии донишҷӯёни факултети журналистикаи ДМТ баҳои баланд дода, пешниҳод намуданд, ки агар барномаи муштараке миёни шуъбаву факултетҳои рӯзноманигории мамлакат ташкил карда шавад, маркази он факултети журналистикаи ДМТ хоҳад буд.

Муслима Манонова

мудири студияи таълимии

телевизион ва радиои ДМТ

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.