SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

SA

 

Таҳти ҳамин унвон бо ташаббуси кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон санаи 10-уми апрели соли равон мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Нахуст декани факултети журналистика Саъдӣ Исматов суханронӣ намуда, доир ба саҳми устод дар пешрафти илми тоҷик андешаҳои ҷолиб баён кард. Баъдан, сухан ба муовини ректор оид ба илм профессор Сафармамдов М.С. дода шуд. Мавсуф доир ба инкишофи илми Айнишиносӣ суханронӣ намуда, зикр кард, ки бо ташаббуси маҳфили “Айнишиносӣ” дар ДМТ бисёр ҷанбаҳои ҳаёту фаъолияти устод омӯхтаву дар шакли маърӯзаву монографияҳои илмӣ пешниҳоди хонандагон гардиданд.

Сипас, профессор Абдулҳай Маҳмадаминов ба минбар баромада, доир ба маънои калимаи “тоҷик” ва услуби нигориши он дар осори устод Айнӣ маърӯза карданд. Профессор Маҳмадаминов дар маърӯзаи худ зикр намуд, ки “асарҳои Айнӣ дорои сарнавишти фоҷиавианд. Маҳз дар давраи роҳбарии пантуркисти ашадӣ Файзулло Хоҷаев, ки забони расмӣ – коргузорӣ туркии усмонӣ эълон шуда буд, нусхаҳои тоҷикии асарҳои устод чоп намешуданд. Тавре ки “Ҷалодони Бухоро” – ро бо забони тоҷикӣ чоп накарданд. Бояд гуфт, ки аввалин китоби Айнӣ ҳам бо забони узбекӣ ба табъ расидааст. Танҳо баъди чанд сол “Саргузашти як тоҷики камбағал” ё “Одина” бо забони тоҷикӣ ба чоп расид.

Калимаи “тоҷик” дар ин давра, ки авҷи равияи пантуркистӣ буд, бо ташаббуси устод Айнӣ ва Лоҳутӣ китоби мукаммал “Намунаи адабиёти тоҷик” бо пешгуфтори доҳии вақт И. В. Сталин чоп шуд, ки маҳз баъди нашри ин китоб калимаи “тоҷик” истиқлолият пайдо кард. Дар ин асари худ устод Айнӣ бо далелҳои илмию таърихӣ исбот кард, ки сокинонои асосии Осиёи Миёна маҳз тоҷиконанд”.

Ҳамзамон, профессор Баҳриддин Камолиддинов доир ба ғалатҳои китобии “Очерки таърихӣ”, ки аз ҷониби нашриёти “Адабиёти бачагона” зери таҳрири Р. Раҳмон ба табъ расидааст, суханронӣ намуд. Профессор Камолиддинов зикр кард, ки китобчаи мазкур барои кӯдакони синни хурдсоли томактабӣ пешбинӣ шудааст, вале он пур аз ғалатҳо буда, хонандаро ба кӯчаи гумроҳӣ мебарад. Барои тақвияти андешаҳои худ устод Камолиддинов чанд мисолро аз китобчаи мазкур қироат кард, ки пур аз ғалат буд.

Маҳфил бо муҳокимаронии маърӯзаҳо ва саволу ҷавоби аҳли нишаст ба анҷом расид.

Мирсаид Сатториён

донишҷӯи соли сеюм

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.