SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

ТАҶАССУМИ БАДЕИИ ТАЪРИХ

ДАР НАСРИ СОТИМ УЛУҒЗОДА (солҳои 60-80-уми асри ХХ)

              SEmom               SU2

Рисола дар асоси осори насри таърихии солҳои 60-80-уми Сотим Улуғзода фароҳам омада, раванди таҷассуми бадеии таърихро дар насри давраи нави тоҷик муайян мекунад. Ба доираи таҳқиқот ҳамчунин баррасии хусусиятҳои ғоявию мундариҷавӣ ва жанриву услубии насри таърихии баъдиҷангии тоҷик шомил мегардад.

Дар алоқамандӣ ва муносибат ба илмҳои таърих, равоншиносӣ ва забоншиносӣ омӯхтани “Ривояти суғдӣ”, “Восеъ” ва “Фирдавсӣ” барин қисса ва романҳои Сотим Улуғзода ҷараёни эҷоди нависандаро бо тамоми паҳлуҳои мундариҷавию шаклӣ бозгӯ намуда, имконият медиҳад, ки хонанда қонунмандии мундариҷавӣ ва бадеии осори таърихии нависандаро пурра ва муфассал дарк намояд.

Яке аз рисолатҳои таърихии Сотим улуғзода ҳамчун нависанда ва мутафаккири хештаншиноси миллат он аст, ки дар душвортарин солҳои мавҷудияти Ҳокимияти Шӯравӣ ба идеологияи абарқудрати коммунистӣ муқовимат намуда, ба мавзӯъҳои таърихӣ рӯ овард, то ба алоқамандону муддаиёни кӯрдил фаҳмонида тавонад, ки халқи тоҷик фарҳанг ва таърихи бостониву заволнопазир дорад. Ҳокимияти Шӯравӣ худшиносиро бузургманишии миллӣ қазоват мекард ва маҳз аз ҳамин нуқтаи назар ба он муборизаи беамон дошт.

Рӯ овардан ба мавзӯъҳои таърихӣ, шахсиятҳо ва симоҳои таърихӣ на ба ҳар кас даст медиҳад. Ҳолати мазкур дар баробари истеъдод, маҳорат, қобилият, қареҳаи эҷодӣ, инчунин тавъам ба он дониш, тафаккури баланд, андешаи қавӣ, ҷустуҷӯву пажуҳиш, ковишу қиёсро мехоҳад. Ғайр аз ин, падидаи мазкур табиист, ки натиҷагириҳову хулосабарориҳои амиқу муътамадро тақозо менамояд.

 

Ҳукмиддин Сафаров  

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.