SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

На изображении может находиться: один или несколько человек, люди сидят и в помещении

“Меҳри сухан”–маҳфили кӯҳантарини факултети журналистикаи ДМТ бори нахуст бе иштироки асосгузори он профессор Баҳриддин Камолиддинов шуда гузашт. Маҳфилро яке аз шогирдони марҳум профессор Моҳира Мирзоева бо ёди неки устод Камолиддинов сар карданд.

 

 

Ду сурати хотираве, ки расо ду сол пеш дар ҳамон шабу рӯз бардошта шуда буд, муаллима ба ҳозирин нишон доданд. Дар лавҳи хотираҳои устодону донишҷӯён симои нуронии устод ҷилвагар шуду сукути аламоваре фазои маҷлисгоҳро фаро гирифт. Ашки ғайримунтазираи шогирдони бовафои устод Камолиддинов – муаллимаҳо Моҳира Мирзоева ва Мушаррафа Ҷӯраева ба оромӣ нуқта гузошт.

Мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ, профессор Мушаррафа Ҷӯраева аз таърихи ташкили маҳфил ёд карда, гуфтанд, ки чароғафрӯзи маҳфил маҳз устод Камолиддинов буданд. - Ҳадафи маҳфили илмӣ-адабии “Меҳри сухан” тайёр кардани кадрҳои нави илмӣ буд. Устод бо ин роҳ мехостанд, ки мактаби илмии факултет қавӣ гардад. Ин маърӯзаҳои Шумо донишҷӯён, ки дар ҳар маҳфил хонда, атрофаш баҳс меороед, пажӯҳишҳои аввалини Шумо аст. Ба ин коратон давом диҳед. Аслан, баҳсҳо дар байни худи ҷавонҳо пайдо мешавад. Устод Камолиддинов шоҳиди баҳсҳои фоиданоки Шумо шуда, дарун-дарун хурсанд мешуданд. Озод ва пуртаъсир сухан гуфтани шумоён эшонро ба завқ меовард.

На изображении может находиться: 3 человека, в помещении, текст «REDMI NOTE BT AI QUAD CAMERA 2020/9/25 12:13»

Шогирдони азиз, нагузоред, ки чароғи афрӯхтаи устод Камолиддинов хомӯш шавад,- хотирнишон карданд муаллима Мушаррафа Ҷӯраева.

Муаллима Мирзоева Моҳира дар идома таваҷҷӯҳи аҳли ҳозиринро ба мавзӯи рӯз ҷалб кунонда, хосатан, бо Рӯзи Рӯдакӣ муборакбод гуфтанд. Аз мо – ҷавонжурналистон талаб карданд, ки забони нарми тоҷикӣ, ки забони назму шеър аст, махлут накунем. Он кас аз маърӯзаашон як қатор ғалатҳо, аз ҷумла, нодуруст истифода кардани калимаҳои “тадбир”, “тим”, сонӣ ибораҳои ночаспони “дидан кардан” ва “чашидан кардан” – ро мисол оварданд. – Ин гуна ғалат дар ВАО бисёр аст. Вақте дар газетаву радио ва телевизион хато кор фармудан, аллакай, он характери оммавӣ касб мекунад. Ана, баъд ислоҳи он номумкин хоҳад шуд. Ман ба чанд журналистоне, ки факултети худамонро хондаанду ба ғалатҳои болозикр роҳ додаанд, ба гӯшашон расонидам. Аммо натиҷа на он қадар хуб аст. Аққалан, Шумо дар маводатон ба ин ғалатҳои дағал роҳ надиҳед, - хитобан ба донишҷӯён муроҷиаткарданд муаллима Мирзоева Моҳира. Дар ҷамъбаст донишҷӯйи соли аввал Муҳаммад Маъруфзода дар бобати “Мавзӯъҳои панду ахлоқӣ дар ашъори Рӯдакӣ” маърӯза хонд. Дигар донишҷӯён ҳам намунаҳо аз ашъори қофиласолори назм – Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ қироат карданд. Аввалин бор маҳфил бе сухани ҷозибанок ва таъсиргузори устоди аҳли факултет – Баҳриддин Камолиддинов ба охир расид. Ёди устоди накӯном гиромӣ бод!

Файзуллохон Обидов, Самандар Ҷӯраев

донишҷӯёни соли сеюм

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.