SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

20201008 121534

Имрӯз фазои факултети журналистикаи ДМТ идона буд. Аз 8-уми октябри соли 2019 сар карда, садорати факултети журналистика ва аҳли кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ дар тараддуди таҷлили 85-умин солгарди профессор Баҳриддин Камоллидинов буданд. Ғайричашмдошт аз таппиш мондани дили беолоиши устод шогирдонашон ва ҷамъи донишҷӯёнро беболу пар сохт.

 

 

 

Дар имрӯза ёдбуд устодону донишҷӯён ёди рӯзҳои гузашта карда, поси хотири устод Баҳриддин Камолиддиновро ба ҷо оаврданд.

Декани факултети журналистика, дотсент Саъдӣ Маҳдӣ аз заҳматҳои профессор Баҳриддин Камолиддинов ёдоварӣ карда, гуфт, ки дар муҳокимаи рисолаи номзадиаш аз дастгирии доимии профессор Камолиддинов баҳравар гардидааст. – Ман ҳеҷ вақт аз донишҷӯён тамаъ накардам, - аз забони марҳум мисол овард ӯ ва арз дошт, ки ин даъвои бисёр баланд аст ва на ҳар устод аз ин нукта муддаӣ буда метавонад.

Дар идома Умед Холов, магистри соли аввал аз лаҳзаҳои фаромӯшнашавандаи дарси профессор Баҳриддин Камолиддинов мисолҳо овард. Дигар донишҷӯёни низ як-як ёдномаҳои худро нақл карданд. Донишҷӯёни соли сеюми ихтисоси журналистика лавҳае аз дарси охирони профессор Баҳриддин Камолиддинов намоиш доданд.

20201008 123224

 

         Мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ, профессор Мушараффа Ҷӯраева аз лутфҳои бебаркаши устод Камолиддинов ёдовар шуда гуфтанд, ки зиндагии профессор Баҳриддин Камолиддинов бепушаймонӣ буд. - Он кас асло ба дарс хиёнат намекарданд, - қатраҳои ашк муаллимаро аз гуфтан боз мононду сонӣ бо бори андӯҳ хотирҳаҳояшонро варақ заданд ва хотиррасон карданд, ки меҳрномаҳои устодону донишҷӯён дар як маҷмӯаи алоҳида ҷо дода мешавад.

Рӯҳи устодгиромӣ бод!  

Файзуллохон Обидов,

Аминҷон Раҳматзода

донишҷӯёни соли сеюм

 

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.