SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

KUSHSINF         

        Имрӯз дар факултети журналистикаи ДМТ бахшида ба 85-умин солгарди устоди устодон профессор Баҳриддин Камолиддинов конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Медиалингвистика ва услубшиносӣ: проблема ва дурнамо» доир гардид.  

 

     Қабл аз ифтитоҳи конференсия синфхонаи таълимии "Камоли сухан" ба номи профессор Баҳриддин Камолиддинов кушода шуд. Дар ин маросим ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон ширкат намуда, таъсиси синфхонаи "Камоли сухан" -ро иқдоми муҳим номид ва ба фарзандони устод Б. Камолиддинов, ки дар ташкили синфхонаи мазкур ҳисса гузоштаанд изҳори сипос кард. Дар синфхонаи Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, шодравон Б. Камолиддинов китобҳои бадеиву дарсӣ, асарҳои илмиву публитсистии устод аз тарафи фарзандони эшон туҳфа карда шудааст.

           Дар ҷараёни  кушода шудани синфхона фарзанди устод Манучеҳр Камолиддинов изҳор дошт, ки сабти силсилабарномаҳои таълимии телевизионии "Ҳусни баён"-и шодравон Баҳриддин Камолиддинов, ки аз тариқи телевизиони "Баҳористон" пахш мешуд, рӯзҳои наздик ба синфхонаи "Камоли сухан" дастрас карда мешавад.

konfb

           Баъдан конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Медиалингвистика ва услубшиносӣ: проблема ва дурнамо» ба кори худ шурӯъ намуд. Конференсия дар се бахш доир гардида, дар он 60 маърӯзаи илмӣ пешниҳод гардид. Маърӯзаҳо ба муҳимтарин проблемаҳои медиалингвистика, забон ва услуби ВАО ва дигар проблемаҳои жанриву мавзӯӣ дар расонаҳои хабарии муосир бахшида шуда буданд. Маводи конференсияи байналмилалии илмию амалии «Медиалингвистика ва услубшиносӣ: проблема ва дурнамо» пешакӣ чоп ва дастраси муҳаққиқони соҳа гардонда шуд.

Зафари Аскар

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.