majkaf

Маҷлиси муштараки кафедраҳои услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ ва забонҳои хориҷии факултети журналистика дар синфхонаи “Камоли сухан” устод Баҳриддин Камолиддинов баргузор гардид. Дар маҷлис рисолаи номзадии шогирди устоди зиндаёд Баҳриддин Камолиддинов Гулнора Қулматова дар мавзӯи “Шаклҳои замонии сиғаи хабарии феълҳои забони тоҷикӣ ва ифодаи онҳо дар забони англисӣ” муҳокима гардид. Дар муњокима таъкид карда шуд, ки рисолаи номзадии Гулнора Қулматова дар сатҳи хуби илмӣ омода гардида, кори баанҷомрасида мебошад ва бо ислоҳи баъзе нуқсонҳо ба зинаи навбатӣ пешниҳод карда шавад.

Ногуфта намонад, ки рисолаи номзадии Гулнора Қулматова дар замони дар қайди ҳаёт будани профессор Б. Камолиддинов ба анҷом расида буд ва устод низ борҳо корро хонда буданд. Афсӯс, устод агар имрӯз бо мо мебуданд қабат-қабат гӯшт мегирифтанд.

majkaf1

Дар охир декани факултет Саъдӣ Маҳдӣ аз устоди зиндаёд Баҳриддин Камолиддинов ёдовар шуда, ба ҳама меҳрубониву ҳалимиву ширинбаёнии устодро таманно кард.

Ҳукмиддин Сафаров