SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

ДОНИШГОҲ АЗ АККРЕДИТАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУЗАШТ


Зимни баргузории нишасти матбуотӣ (02.02.2021) таваҷҷуҳи рӯзноманигорон ба аккредитатсияи байналмилалӣ, ки донишгоҳ аз он бо муваффақият гузашт, бештар гардид. Иттилоъ медиҳем, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта истодаанд. Тавре Пешвои миллат зимни суханронӣ бахшида ба Рӯзи дониш дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми сентябри соли 2019 иброз доштанд: «Вазорати маориф ва илм ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд дар хусуси ба фазои ҷаҳонии таҳсилот мутобиқ намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва устувор гардонидани мақоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар арсаи байналмилалӣ барои аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани барномаҳои таълимӣ чораҳои зарурӣ андешанд».

Бо ин мақсад аз 9-ум то 13-уми ноябри соли 2020 Донишгоҳи миллӣ ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти таълимию байналмилалии донишгоҳ аз Агентии Аккредитатсияи байналмилалии «ECCO» гузашт. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва ҳисоботҳои сохторҳои дахлдори донишгоҳ аз ҷониби коршиносони соҳа аз давлатҳои Англия, Олмон, Чехия, Фаронса ва Истония мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифта, зимни суҳбатҳои онлайнӣ аз ҷониби коршиносон фаъолияти ДМТ баҳои баланд гирифт.

Дар ҷараёни суҳбатҳои онлайнӣ коршиносон дар самти таълим, илм, муносибатҳои байналхалқӣ ва дигар паҳлуҳои муҳимми донишгоҳ тавсияҳои судманд дода, натиҷаи фаъолияти донишгоҳро дар Аккредитатсияи байналмилалӣ назаррас арзёбӣ намуданд. Таъкид шуд, ки дар сурати ҷоннок намудани низоми таълиму тарбия ва густариш донани равобити байналмилалии донишгоҳ, инчунин, ташкили барномаҳои омӯзишии сатҳи байналмилалӣ донишгоҳ бозҳам ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳад шуд. Ҳамин тавр, коршиносони соҳа фаъолияти ДМТ-ро баҳои баланд дода, баргузории чунин Аккредитатсияи байналмилалиро дар рушди Донишгоҳи миллӣ ва ҳамкориҳои судманди он бо муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои ҷаҳон муҳим арзёбӣ намуданд.

Бознашр аз tnu.tj

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.