Унвон гирифтани матлаби мазкур ба он хотир аст, ки 7-уми феврали соли 2021 яке аз шоҳсутунҳои журналистикаи тоҷик ва журналистикаи байналхалқӣ, устоди ниҳоят хоксор ва масъулиятшинос, профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доктори илмҳои филология, устоди арҷманд Ҷовид Муқим ба синни мубораки 60 қадам мениҳанд. Агарчӣ ба ҳайси устод профессор Ҷовид Муқим камтар аз 60-соли умри худро дар Донишгоҳ сипарӣ карда бошанд ҳам, аммо дар муддати фаъолият дар Донишгоҳ устод барои рушди соҳаи журналистикаи байналхалқӣ дар Тоҷикистон, омода намудани мутахассисони риштаи журналистикаи байналхалқӣ ва пешрафти илми тоҷик талошҳои зиёд намудаанд, ки имрӯз метавонанд бо он хидматҳояшон ифтихор кунанд. Мо шогирдон низ бо доштани устоди роҳнамое чун Ҷовид Муқим ифтихор менамоем ва бар он умед дорем, ки устод ҳамеша сиҳатманду сарбаланд ва дар ҳама ҷодаҳо комгору муваффақ бошанд.
Баҳромзода Манижа