SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
28/04   ЭЪТИМОД БА СУХАНИ СОЗАНДА - " ЭЪТИМОД БА СУХАНИ СОЗАНДА (ё чанд назари иҷмолӣ ба китоби академик М. С. Имомзода ..."
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."

mizmud

Бахшида ба Рӯзи матбуот мизи мудаввар дар мавзӯи "Матбуоти даврӣ: мушкилот ва дурнамо" санаи 10-03-2021  бо иштироки устодону донишҷӯёни факултети журналистика ҷамъомад баргузор гардид.

 

 

Дар ҷамъомад нахуст ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ. Х. оид ба нақши матбуот дар пойдории халқи тоҷик сухан гуфтанд.

       Сипас, сармуҳаррири рӯзномаи Минбари халқ – Бахтиёр Ҳамдампур оид ба баъзе проблемаҳои матбуот баромад карда, нақши донишҷӯёни факултети журналистикаро дар ташаккули минбаъдаи матбуоти тоҷик хело муассир арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки матбуот низ дар баробари дигар воситаҳои ахбори умум яке аз сипарҳои ҷомеа ба ҳисоб меравад.

     Инчунин директори Академияи ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон декани факултети журналистикаи ДМТ Исматзода Саъдӣ баромад намуданд. Эшон дар ташаккули истеъдоди қаламкашии донишҷӯёни факултети журналистика ва робитаҳои онҳо бо воситаҳои ахбори омма хеле саҳми босазое гузоштаанд. 

      «Оё матбуот мемирад ё не?»- суоле буд, ки профессори кафедраи матбуоти факултети журналистика Мурод Муродӣ пурсиданд.  Эшон низ қайд карданд, ки матбуоти имрӯзи тоҷикро бояд устувор нигоҳ дошт. Устод  Муродӣ бознашр гаштани  маводҳои баъзеи газетаву маҷаллаҳоро заифии матбуот иброз доштанд. 

     Дар фарҷом директори Маркази таҳқиқоти журналистӣ Хуршеди Атовулло дар бораи ҳамкориҳои донишҷӯёни факултети журналистика бо матбуоти даврӣ каме сухан гуфтанд. Хуршеди Атовулло пешниҳод карданд, ки барои ташаккул ва инкишофи бештари матбуоти муосир бояд шуъбаҳое ташкил карда шаванд, ки дар онҳо донишҷӯёни лаёқатманд бо воситаи матбуот ҳамкорӣ кунанд ва ҳам барои пешравии худ ва ҳам барои пешравии матбуот дар кишвар нақш гузоранд.

   Дар фарҷоми чорабинӣ меҳмонон ва донишҷӯён аз осорхонаи Пешвои миллат дидан намуданд. 

           Муҳаммад Маъруфзода

донишҷӯи соли аввал

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет ба почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93-500 - 35 - 37

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.