SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."
06/03   РИСОЛАТИ «ҶУМҲУРИЯТ» - " 15 марти соли 1925 шумораи нахустини рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо номи «Иди тоҷик» ..."
16/02   ОҲАНГҲОИ СУЛҲИ ЯК АСАР - " ё мавзўи сулњ дар китоби профессор И. Усмонов «Тањкими сулњ ва тањаввулоти ..."
21/12   Нигоҳе ба таърихи шаклгирии ... - " Низоми ВАО дар ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо-Тоҷикистон зери таъсир ва нуфузи низомҳои ..."

23443656987

(Андешае чанд перомуни мусаввараи “Аз давра ба давра, аз дида ба дида”-и Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Шарифов)

 

Ҳар миллати олам дорои таъриху гузаштагони пурифтихори худ аст. Барои ин бузургиро тасвир кардан истеъдод мебояд илоҳӣ, нигоҳе мебояд таърихбин, вуҷуде мебояд эъҷозофар ва эҳсосе мебояд пурифтихортар аз ҳар шоистагии дигаре. Бешак ин ҳамаро дар замири Расссоми халқии Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Сабзалӣ Шарифов дидан метавон, ки бо мӯқалами муъҷизаофараш таърихро тавониста тасвир кунад. Манзури ман мусаввараи Сабзалӣ Шарифов “Аз давра ба давра, аз дида ба дида” аст, ки дар вурудгоҳи Китобхонаи милии Тоҷикистон насб шуда, бо тарҳу услуби ҷолиби классикӣ офарида, намои дохили китобхонаро зеботар месозад. Бесабаб нест, ки ин мусаввара маҳз дар китобхона гузошта шудааст. Китобхона, ки худ макони фарҳангу илм аст, мусаввара низ бозгӯйи фарҳанги ҳазорсолаи миллати тоҷик аст.

IMG 20170303 065230

Барои аксарияти занҳо талоқ фишори рӯҳии зиёдро ба амал меорад, баъзан бо ин сабаб бемориҳои рӯҳиву  физиологӣ ба вуҷуд меоянд. Зан бояд аз ин гуна мушкилиҳо худро ҳимоя карданро омӯзад. Талоқ ҳам барои зан ва ҳам барои мард фишорҳои равонии бисёреро дар пай дорад. Аз рӯи тадқиқотҳои Холмс ва Раге дар шкалаи ченкунии стрессҳо стресси талоқ баъд аз стресси вафот кардани одами наздик дар ҷойи дуюм меистад. Ҳатто барои зани пуртоқаттарин талоқ метавонад сабаби пайдоиши касалиҳои рӯҳӣ ва ҷисмонӣ гардад. 

         Агар оиди ҳолати рӯҳии зани талоқшуда сухан кунем, аксар вақт худбаҳодиҳии ӯ ба 0 баробар мешавад. Далеле,ки 25%-и ҳамаи одамони рӯи замин талоқ шудаанд, занро оромиш намебахшад. Дар ин ҳолат вайроншавии хоб, апатияи ҳаётӣ ба амал меоянд ва суханони ноҷое аз тарафи наздикон, дӯстон ин ҳолатро душвортар менамоянд. Агар ба омор бовар кунем, фоизи зиёди занҳои талоқшударо занҳои синнашон 35 сола то 40 сола ташкил медиҳанд. Аммо ин замон дар синни баъд аз 50 ҳам талоқҳо кам нестанд. Фарзандон калон мешаванд ба воя мерасанд ва ҳамсаронро дигар намепайвандад, онҳо дар канори якдигар будан намехоҳанд, хушбахтии оилавӣ надоранд. Зан андеша менамояд, ки баъд аз талоқ то  охири умр танҳо мемонад. Мутаасифона, андешае ҳаст, ки дар 50-солагӣ мард пурқувват ҳасту зан дар ин синну сол дар дигар ҳолат қарор дорад. Аммо ин андеша на он қадар дуруст мебошад. Аксар вақт дар ин синну сол занҳо нисбат ба мардҳо пурқувваттару фаъолтар, ҳатто саломатиашон низ хубтар аст. Агар ба тадқиқотҳои Холмс-Раге такя кунем, бо сабаби талоқ шудан одамони зиёд ба психотравмаҳои зиёд, диспрессия ва  апатия дучор мегарданд аз дигар тараф муносибатҳои байни зану шавҳар душвор бошад, ҳамсарон фишори руҳии қатънашаванда дошта бошанд, нигоҳ доштани издивоҷ ин ҳалли проблема нест, баракс душворнамоии вазъият мебошад. Чунин олимон ба мисли А.А Вагнер, К. Витек, Н.Ф Диментина, А.К.Димитриенко, А.Н.Елизаров ва дигарон тули солҳои зиёд бо ин мушкилӣ кору фаъолият мебаранд.

         Омор нишон медиҳад дар замони ҳозир талоқ шуданро занҳо пешниҳод менамоянд, аз тарафи дигар маҳз занҳо ба саломатии психикию ҷисмониашон зарбаи асосиро мегиранд, ки бо ба нақшагирии кӯдакон, ҳомиладорӣ, исқоти ҳамл, кӯдакони синну соли гуногун, ки аз падар таваллуд шудаанд, ки бо онҳо нақшаи зиндагии оянда тартиб дода мешавад, алоқаманд мешавад. Ба ҳар ҳол масъалаи талоқ дар равоншиносӣ хуб омӯхта нашудааст. Қисми зиёди тадқиқотҳо иҷтимоианд ва онҳо танҳо фоизи талоқшудагонро нишон медиҳанд, аммо оиди дар кадом ҳолати рӯҳии эмотсионалӣ қарор доштани ҳамсарони талоқшуда дар чи гуна ёрию  офиятбахшӣ ниёз доштани онҳо барои аз нав барқарор намудани зиндагии алоҳидаи онҳо маълумот вуҷуд надорад.

         Одатан баъд аз талоқ шудан зан соҳиби ҳуҷраи кӯҳнаи фарсуда, каме ҷиҳозҳои лозима ва фарзандон, ки тарбияшон ба души ӯ ҳаст, мегардад. Ҳамаи ҳаёташро зан ба тарбияи фарзандон мебахшад ва танҳо фикри хурондану пушондани онро мекунад. Дар ин ҳолат ӯ фикри кадом либосро ба бар карданашро ва ба куҷо истироҳат рафтанашро ба ақиб мегузорад, ин ҷо он ибораи даҳшатангези  “Акнун ман ба ҳеҷ кас даркор нестам” ба вуҷуд меояд. Ин аслан дуруст нест. Зан барои фарзандону фолидонаш дӯсту рафиқонаш лозим буд ва мемонад. Ва аз ҳама пеш ӯ ба худаш даркор аст. Бояд як чизро дарк кард, ки дар ҳама синну сол зан бояд зебо ва тозаю озода худро нигоҳу бин кунад, аксар вақт занҳои талоқшуда хоҳиши худро нигоҳу бин кардан вақташонро бо суҳбати бо занҳои мисли худашон талоқшуда мегузаронанд. Беҳтар мешуд, ки ҳади ақал ним соат дар як рӯз вақтро барои худ сарфа кунанд. Худро нигоҳу бин намоянд нақшаҳоро барои оянда тартиб диҳанд, орзу намоянд ва истироҳат кунанд. Албатта ҳар он чизеро, ки дар зиндагӣ бо ҳамсар буд хат задан намешавад. Ҳамсаро яку якбора наметавон аз ёд баровард аммо вақт гузарон аст ва барои зан мақсаду маромҳои дигар вайдо мешаванд, гузашта бошад дар ақиб боқӣ мемонад. Яке аз ҳолатҳои шавқовари руҳӣ дар он аст, ки занҳо дар фарқият аз мардҳо ба издивоҷи нав ба зудӣ мебароянд, онҳо аз он метарсанд, ки ин имконияти охирон аст ва дигар имконият нахоҳад шуд. Оилаи навро ба осони дар САҲШ метавон барпо кард, аммо ин оилаи бемеҳру муҳаббат ба ки лозим аст? Танҳо барои мақоми зани шавҳардоро соҳиб гаштан? Ин гуна рафтор ба ҳеҷ кас хушбахтӣ намеорад. Бояд ҳама вақт вазъиятро ба итоати худ гирифт, ба худ бовар кард ва ба қувваю тавоноии худ шубҳа накард. Оё ҳамсари нав даркор аст? Оиди ин масъала бояд хуб андешаву таҳлил кард, ғайр аз ин набояд саросема шуд ва набояд дар иллузияҳо зиндагӣ кард. Он далелро бояд ба назар гирифт, ки зани   бо ақлу хирад  ҳеҷ вақт дар роҳ намемонаду ҳамавақт ба мардҳо писанд аст ва ояндаи худро худаш метавонад интихоб кунад.

         Худбаҳодиҳии паст дар занҳо барои пешрафти фаъолияташон монеъ мегардад. Ҳамаи пешравиҳоро ӯ ҳамчун мувафақияти яквақта қабул менамояд. Ҳам худ баҳодиҳии баланд ва ҳам худбаҳодии паст дар ҳаёт ба мушкилиҳо дучор мегардонад. Бо зане,ки худбаҳодиҳии паст дорад зиндагӣ кардан душвор аст,ба зане ки худбаҳодиҳии баланд дорад низ ҳамчунин.

         Бо ин сабаб дар ин ҷо баъзе маслиҳатҳоро барои баланд бардоштани худбаҳодиҳи дар занон оварда шудаанд. Илми равоншиносӣ чунин тавсияҳоро пешкаш менамояд. Барои инкишофи худбаҳодиҳии мусбӣ дар занон ишқу муҳаббат аз тарафи наздикон нақши муҳимӣ мебошад новобаста аз он ки ӯ худ айни ҳол чи гуна худбаҳодиҳӣ дорад меҳру муҳаббати доимӣ аз тарафи хешовандон муносибати хуби ҳамкорон дар зан ҳисси муҳим буданро пайдо менамояд. Худбаҳодиҳиро метавон баланд кард,аммо ин раванди хело тӯлонӣ мебошад. Тавсияҳо чунинанд:

         1.Худро бо дигарон муқоиса накуед. Дар атрофи шумо ҳар гуна шахсон ҳастан ва ҳар фард нақши худро дораду такрор нашаванда аст;

         2. Худро танқиду сарзаниш накунед чунки бо гуфтани суханони манфӣ ба худ баланд кардани худбаҳодиҳӣ мумкин нест;

         3. Оиди намуди зоҳирӣ муносибатҳо,вазъияти молиявӣ, гап задан ҳар гуна суханони қабеҳро нисбати худ истифода намбаред;

         4. Ислоҳоти худбаҳодиҳи пурра аз гуфтаҳои шумо нисбати худатон вобастагӣ дорад;

         5. Ҳама гуна таърифҳоро нисбати худ бо “ташаккур гуфтан” қабул намоед.

         6. Ибораҳои “Ман худамро дӯст медораму худамро қабул менамоям”, “Ман зани хуб ҳастаму аз ҳаёт фақат танҳо чизи беҳтаринро мегирам” нисбати худ зуд-зуд истифода баред. Ин ибораҳоро ҳатто пеш аз хоб ҳам метавонед ба худ такрор намоед;

         7, Китобҳои зиёд мутолиа намоед, дар семенарҳои бахшида ба баланд намудани худбаҳодиҳӣ иштирок намоед;

         8. Дар ёд доред, ки ҳар маълумоте ки шумо қабул мекунеду ба майнаи сари худ ҷой мекунед бо гузашти вақт ба рафтори шумо таъсир мерасонад. Аз ин сабаб ҳаракат кунед,ки танҳо маълумоти мусбиро қабул намоед;

         9. Ҳаракат кунед,ки танҳо бо одамони мусбӣ яъне хушдилу хушмуошират робита намоед чун,ки ин гуна одамон ҳамавақт шуморо дастгирӣ менамоянду фикру андешаҳоятонро низ  хуб қабул менамоянд. Агар дар атрофи шумо одамони манфӣ бошанд ҳама гуна андешаҳо идеяҳои шумо аз тарафи онҳо пахш мешаванд ва худбаҳодиҳии шумо низ ба поён меравад;

         10. Худбаҳодиҳӣ он ҷо баланд мешавад,ки ҳама гуна фаъолият шавқу ҳавас амалӣ гардонида мешавад...

 Идрис Азизов

 

 

Без названия

Дидани деҳшаҳри Саразм ки 5500 сол қабл соҳиби тамаддун буд, тасаввуроти моро нисбат ба таърих ва фарҳанги гузаштагонамон ба куллӣ дигар намуд. Шаҳри бостоние, ки муқаддамтар аз Аҳромҳои Мисри Қадим арзи ҳастӣ намудааст.

Аловуддин

Аловуддин Абдуллоев аз камтарин ҳаҷвнигорони кишвар аст, ки истеъдоди нотакрораш дар қалби ҳазорҳо сокинони кишвар маскан гирифтааст. Нақшҳои офаридаи ин ҳунарманди соҳибзавқ миёни аҳли диёр маъруфанд. Ҳаҷви Аловуддин Абдуллоев тоза буда, бо салиқаи хос таҳия мешавад. Бешак ҳар бинандаро якбора дар чанд нақш бозидани Аловуддин Абдуллоев дар ҳайрат мегузорад. Ин ҳама хоси худи ӯст. Воқеан ӯ маҳз барои саҳна офарида шудааст.

Забонхо

Knowledge of languages plays significant role in profession of journalism. What is journalism? It is a communication, transmission of information and powerful forсe for society. On top of all, journalism is spiritual communication and realizing the spiritual state of society. To comprehend spiritual and physical state of society, a journalist should enter deeply into culture of that nation.

 

Театри чавонон

Чашмони кабуди оби, мӯи зарди тиллоранг болопӯши кушоди кӯҳна поҷомаи кабуди кушод ва чеҳраи ниҳоят маҳзуни духтарак торҳои қалби касро неш мезаданд.

Китоб М Х

Китоб махзани умеду орзу, ганҷинаи ақлу дониш ва раҳнамо ба олами  донишҳост. Китоб оинаест, ки мо дар он ҳусну баёни зиндагӣ, роҳи хато ва дурусти худро мебинем. Китоб беҳтарин ва нодиртарин муъҷизаест, ки мо метавонем олами маънавии хешро бою ғанӣ гардонем. Китоб калиди илму дониш аст ва моро ба баландтарин зинаҳои мақсуд, инсофу одамият мебарад ва ба роҳи рост ҳидоят мекунад.

Китоб Духтарон

Китоб дӯст,  ҳамдам,  ҳамнафас, ҳамроз, ҳамдил ва ҳамболи инсон аст. Китоб  ҳам дору ва ҳам  дармони   ҳама дардҳои маънавии инсон аст. Ганҷест, ки дар он ҳама маъниҳои дарки зиндагӣ нуҳуфтааст. Ҳикматест, ки аз он ҳамагон баҳра мегиранду роҳи зиндагии худро муайян мекунанд. Ойинаест, ки инсон тамоми камбудиҳои худро ислоҳ карда метавонад.  Хазинаест, ки тамаддуну маърифати  миллати  мо ва ҳама  миллати сайёра дар оғушаш аст.

ТТТ

Человек рождён, чтобы трудиться. Жизнь человека тесно связано с работой. Со дня рождения у человека появляется генетическая предрасположенность к труду. Например, ребёнок с 5-6 месяцев начинает хватать, держать, толкать и др.

 

Модар.1

Модар, модар каси баҳимат бошад,

Дидори шарифи ӯ  ғанимат бошад.

Аз махзани панди ӯ бигир арзонӣ,

Фардо чӣ кунӣ, ки ганҷи қимат бошад.

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд. Мавод бе акс қабул карда намешавад.

Сомонаи факултети журналистикаи ДМТ: www.journalism.tnu.tj

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: (+992) 92.765:43:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Шервони Умриддин

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм

 

Copyright © 2017 journalism. All Rights Reserved. Designed by WEBSERVICE