Создать мем "people, зрители, много людей с телефонами" - Картинки -  Meme-arsenal.com

 Имрӯзҳо шумораи истифодабарандагони шабакаи иҷтимоии интернет ва телефонҳои мобилӣ чунон зиёд шудааст, ки дар ҳар як қадам шахсони дар дасттелефон доштаро во хӯрдан мумкин аст. Аз меъёр зиёд истифода бурдани телефонҳои мобилӣ ба саломатии инсон зарар дошта, инсонро ба бемориҳои гуногун оварда мерасонад. Олимон исбот кардаанд, ки баъди 10 то 60 дақиқа тариқи телефон сӯҳбат кардан организми инсон барои барқароршавӣ бояд 8-14 соат истироҳат кунад. Ҳол он ки истифодабарандагони телефон онро на10-60 дақиқа, балки 6-7 соат истифодамебаранд ва акнун барои барҷароршавии организми инсон чи қадар вақт лозим аст?

 

Организми инсон қобилияти якбора барқарор кардани ин ҳамаро надорад, бинобар ин боиси ба вуҷуд омадани бемориҳои гуногун дар организм мегардад. Мисоли ин ҳамон таъсири радиатсионии телефон мебошад, ки ҳатто аз масофаҳои дур низ ба инсон таъсир карда, организмро ба заҳролд мекунад ин ба дарди сар, хасташавӣ,чархзании сар, паст шудани фаъолиятнокии хотира ва зеҳн оварда мерасонад. Хирашавии чашм нишонаи пиронсолист, аммо имрӯзҳо шумораи зиёди ҷавонон аз сабаби наздик нигоҳкунӣ ба экрани телефонҳои мобилӣ тезиши биноии чашми худро аз даст додаанд.Ончунон ба телефонҳои мобилӣ банд ҳастанд,ки ба касе ва ё чизе аҳамият намедиҳанд ва соатҳои дароз ба тамошои он машғуланд.Имрӯзҳо телефонҳои мобилӣ тавонистанд,ки инсониятро новобаста аз синну сол ба худ ғулом кунанд.

Масалан,агар чанд соли қаблро пеши назар орем вақте ки кӯдакони хурдсол гиря мекарданд,барои ором шуданашон ба дасти онҳо бозича медоданд аммо имрӯз телефонҳои мобилӣ ҳатто бозичаҳои кӯдаконро низ ҷойгӯзин кардаанд.Имрӯзҳо волидайн барои хомӯш кардани кӯдакони худ ба дасти онҳо телефонҳои мобилиро медҳанд,то ба кор ва ётамошои филмҳои сериалиашон халал нарасонанд. Пас тасаввур кунед, ки вақте телефони мобилӣба органиҳми инкишофёфтаи одами калон ин қадар зарар мерасонад, пас ба организми номукаммали кӯдаки хурдсол чӣ қадар зарар мерасонад. Имрӯзҳо ҷавонон ҳангоми хобкардан телефонҳои худро барои барқпуркунӣ дар қувваи барқ пайваст мекунанд ва баъд хоб мераванд. Саҳар вақте ки аз хоб мехезанд, онҳоро сардарди шадид фаро мегирад ва тамоми рӯз табъашон хира мегардад.

Агар мо ба ҷиҳати мусбии телефонҳои мобилӣ назар намоем, мебинем , ки онҳо аз бисёр ҷиҳат кори моро осон кардаанд: аз як канори дунё бамдигар канорион алоқа мекунем, аз ҳолу аҳвол ва кору бори ашхоси наздикамон бохабар мешавем.Вале новобаста ба ин ҳангоми истифодабарии телефонҳои мобилӣ мо набояд беаҳамиятӣ зоҳир кунем, зеро саломатӣ асоси некӯаҳволии инсоният, шахс, оила ва ҷомеа ба шумор меравад.

Биёед, худ ва наздиконамонро солим нигоҳ дорем!

Анӯшервон Амонзода,

донишҷӯи соли аввал