SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
28/04   ЭЪТИМОД БА СУХАНИ СОЗАНДА - " ЭЪТИМОД БА СУХАНИ СОЗАНДА (ё чанд назари иҷмолӣ ба китоби академик М. С. Имомзода ..."
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."

Matlmirz

Аз шиносоӣ бо устодон Муҳаммад Осимиву Шакурии Бухороӣ то пайванд бо «Хубони порсигӯ», оид ба вазъи имрӯзи адабиёт ва таърихи таъсиси кафедраи рӯзноманигорӣ дар ДДХ—и ба номи Бобоҷон Ғафуров дар сӯҳбат бо устоди донишгоҳ, адабиётшинос, узви пайвастаи Академияи илмҳои иҷтимоӣ ва педагогии Русия, профессор Матлубаи Мирзоюнус.

 

Шакурӣ ва мактаби ӯ

– То ҷое мо огоҳем, устоди Шумо дар риштаи илму адаб устод Шакурӣ ҳастанд. Шиносоии Шумо бо Муҳаммадҷон Шакурӣ аз куҷо оғоз шуд ва нақши эшон дар таърихи зиндагии Шумо чӣ андоза аст?

— Бо таълифоти устод Муҳаммадҷон Шакурӣ аз замони донишҷӯӣ ошноӣ доштам. Ёд дорам, боре ҳини ширкат дар кадом як озмуни илмӣ ба Институти забон ва адабиёти тоҷик рафта, дар роҳрав устодро дида, бо ҳаяҷони бузург танҳо салом гуфта тавонистам.

Дар давраи таҳсил дар аспирантура низ устод чанд бор ба Маскав ба Институти адабиёти ҷаҳон ташриф оварданд, зеро китоби «Таърихи адабиёти тоҷик»-ро қисм-қисм ҳамон ҷо аз муҳокима мегузарониданд. Сӯҳбатҳои мухтасаре бо мо низ доштанд. Баъди ҳимояи рисолаи номзадӣ, баъди бозгашт ба Хуҷанд хостам корҳои илмии худро идома бахшам. Масъалаи сабки насри муосир дар назарам ҷолиб намуд. Бо устод А.Насриддин маслиҳат кардам ва эшон ба телефони устод Шакурӣ занг зада, хоҳиш намуданд, ки ба ман раҳнамоӣ кунанд. Ба бахти ман, устод Шакурӣ розӣ шуданд ва аз ҳамон вақт инҷониб то охирин рӯзҳои умрашон устод маслиҳатгару раҳнамои ман буданд. Ифтихор дорам, ки аз мактаби ин бузургвор гузаштам ва аз файзи сӯҳбатҳояшон баҳравар шудам. Соли 1995 бо раҳнамоии устод дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ рисолаи докториро дар мавзӯи «Хусусиятҳои сабки фардӣ ва тамоюлҳои услубӣ дар насри муосири тоҷикӣ» ҳимоя кардам. Имрӯз ҳам осори устод барои шинохти адабиёт ба ман ёрӣ мекунад.

– Бидуни шак, хидмати Муҳаммадҷон Шакурӣ дар таърихи театр ва адабиёти тоҷик беназир аст ва адабиёти Шӯравӣ ва муосири мо бидуни исми эшон нокомил мемонад. Аммо фикр мекунед, мо ба қадри он кас расидем?

—Ба қадри касе расидан, ба назарам, пеш аз ҳама ёди ӯро гиромӣ доштан, осори ӯро хондан ва дар ҳаққи ӯ коре кардан барои зинда нигоҳ доштани номаш аст. Осори устод Муҳаммадҷон Шакурӣ мактаби бузурги омӯзиши адабиёт, фарҳанг, театр, забон, худшиносии миллӣ ва одамгарист. Шогирдони устод, ки камтаринаш манам, академикҳо Абдуҷаббор Раҳмонзода, Муҳаммадюсуф Имомзода, Носирҷон Салимӣ, узви вобастаи АИ Маъруф Раҷабӣ, профессор Шамсиддин Солеҳов, устод Абдухолиқи Набавӣ ва даҳҳо нафари дигар ҳастанд, ки аз мактаби илмии ин бузургвор гузашта, аксарашон соҳиби мактаби хос шудаанд. Ин ҳам идомаи умри устод аст.

Ҳамин чанд рӯз пеш шогирди академик М. Имомзода — Набиева Меҳрангез дар мавзӯи «Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ — муҳаққиқи таърихи адабиёти тоҷик» рисолаи номзадӣ ҳимоя кард. Ин ҳам бузургдошти устоди зиндаёди мост.

Аммо чӣ хуш мебуд, агар куллиёти устод чоп мешуд, осорхонаашон таъсис меёфт, кӯчае, ки зиндагӣ мекарданд, ба номашон мегузоштанд ва корҳои дигаре мисли ин анҷом меёфтанд. Шояд то солгарди садуми умрашон, ки баъди се сол фаро мерасад (бино ба зиндагиномаи худнавишташон), корҳои бештаре ба ин муносибат сурат бигиранд…

Дарвозаи вуруд ба олами илм

–Дар ин зимн, Шумо ҳамчун олима ва адабиётшиноси номвар бар вазъи илм ва адабиёти имрӯзи кишвар чӣ назар доред?

— Агар илми адабиётшиносиро дар назар дошта бошем, воқеан ҳам як зумра мутахассисони хуби таърихи адабиёт, назарияи адабиёт, матншиносӣ, робитаҳои адабӣ, тарҷумашиносӣ, нақди адабӣ ва фолклор ба камол расидаанд. Аммо вақте ҷиддитар ба ҳар соҳаи алоҳида мутаваҷҷеҳ мешавем, маълум мешавад, ки боз ҳам бояд донишамонро такмил диҳем, хусусан дар шинохти матн ва нақди адабӣ бо мушкилоти зиёд рӯбарӯ ҳастем. Масалан, нақди мо ғолибан хусусияти тавсифӣ дорад. Мероси ниёгонро дар шакли дастхат шояд аз сад як-ду нафар хонанд. Яъне, ман гуфтанӣ ҳастам, ки илми адабиётшиносӣ ҳам аз мушкиливу навоқис орӣ нест ва таҳқиқу омӯзиши амиқтар ва таваҷҷӯҳи беш аз пешро металабад.

MMSH

–Аз мероси ниёгон ёдоварӣ намудед, то куҷо метавонем гӯем, ки адабиёти мо дар тӯли таърих ҳифз шудааст ва мо имрӯз аз он ба таври самаранок истифода мебарем (манзурам, ҷабри таърих дар нобудии баъзе осори классикон аст)?

— Ҷабри таърих ба миллати мо, воқеан, ҷонсӯзу ҷонкоҳ будааст. То имрӯз мо дар ҳасрати Девони Рӯдакиву Робиаи Балхӣ, Маҳастиву Зебуннисо ва шоирони дигар ҳастем. Аммо масъалаи дигар ва хеле муҳим, чунонки Шумо ёд кардед, истифодаи босамари мероси маҳфуз аст. Мо то ҳол феҳрасти ягонаи дастхатҳои маҳфуз дар Тоҷикистонро (маҷмӯан аз ҳамаи китобхонаву осорхонаҳо ва китобхонаҳои шахсӣ) надорем. Имкони дастрасии озод ва ройгон ба дастхатҳои маҳфуз дар кишварҳои дигар, хосса ҳамсоякишварамон Ӯзбекистон низ мавҷуд нест. Дар Ҳиндустон низ ҳазорҳо сарчашмаҳои адабиёти мо ниёз ба таҳқиқ доранд. Бо ин ҳама бояд хушбин бошем, зеро замоне барои дарёфти як сарчашма аз Хуҷанд то Берлину Маскав, Деҳливу Теҳрон мерафтем. Имрӯз имкон дорад, ки он китобҳоро дар шакли электронӣ аз шабакаҳои интернетӣ пайдо кунем.Он рӯз дур нест, ки тамоми ганҷинаҳои хаттии ҷаҳон дар сайтҳо ҷо бигиранд ва муҳаққиқону мухлисон бидуни ҳеч душвориву монеа ба кулли мероси хаттӣ дастрасӣ пайдо кунанд.

Шурӯъ аз сифр

–Таърихи таъсиси кафедраи рӯзноманигорӣ ва назарияи тарҷума дар ДДХ—ро ҳам ба Шумо иртибот медиҳанд. Омили такондиҳанда барои пешниҳоди таъсиси он чӣ буд?

— Омили асосӣ пеш аз ҳама он буд, ки дар охири садаи ХХ дар вилоят рӯзноманигорони ҷавон хеле кам буданд ва кам касон, хусусан аз миёни духтарон дар солҳои 90-ум барои таҳсил ба Душанбе меомаданд. Бинобар ин, таъсиси чунин ихтисос талаби замон буд ва «қуръаи фол ба номи мани девона зада» шуд.

–Ҳамчун аввалин мудири кафедраи рӯзноманигорӣ оғози фаъолияти онро дар муқоиса бо имрӯз чӣ баҳо медиҳед?

-Он рӯзгор бо азияти бузург ҳама корро аз сифр шурӯъ кардем: набудани барномаву стандартҳои таълимӣ, эҳтиёҷ ба кадрҳои омӯзгорӣ, таҷҳизоти техникӣ ва ғайраву ҳоказо ҳазорҳо монеа эҷод мекарданд. Аммо ректори вақт шодравон С. Абдуллоев барои иҷрои ҳамаи дархостҳои мо омода буданд.

Дар вилоят ягон мутахассиси соҳибунвони соҳаи рӯзноманигорӣ надоштем. Ба он маблағи ночизе, ки омӯзгор он замон мегирифт, қариб касе розӣ намешуд, ки биёяд. Бо вуҷуди он, дар аввали кор рӯзноманигорони хушном — Раъно Бобоҷониён, Саодат Каримова, Мухтори Абдуллоҳ, Парвонаи Фирӯз, Дилбар Самадова, Каримбой Комилов ва чанд тани дигар бо камоли меҳр ба шогирдон дарс мегуфтанд. Фурсат лозим буд, ки ин устодон бо кори илмӣ низ машғул шаванд ва рисолаҳои илмии худро ҳимоя кунанд, то нерӯи илмии кафедра иқтидор пайдо кунад.

Ҳоло аз он рӯзгор қариб чаҳоряк аср сипарӣ шуда, аксари устодони кафедра соҳибунвонанд ва ҳама ҷавону пурғайратанд. Ҷолиб он аст, ки аксари соҳибунвонҳо хатмкардагони ҳамин шӯъба ҳастанд ва кафедра имрӯз пурра бо мутахассисони соҳибунвон таъмин аст. Ихтисосҳои зиёди журналистӣ таъсис ёфтаанд. Ҳам устодон ва ҳам донишҷӯён дар семинорҳои беҳтарини мутахассисони маъруфи ҷаҳон ширкат кардаву бо навтарин падидаҳои журналистикаи муосир ошноӣ доранд ва ҳамарӯза дониши худро такмил медиҳанд.

–Аксари собиқадорон ва устодони журналистикаи тоҷик имрӯз бар ин назаранд, ки ҳама кафедраҳои журналистии донишгоҳҳои минтақа барҳам дода, дар як факултет ва минбаъд як Донишгоҳи журналистика муттаҳид гарданд. Назари Шумо дар ин хусус чист?

–Ман ҷонибдори ин назар нестам. Бигузор мактабҳои журналистӣ дар минтақаҳо ҳам вуҷуд дошта бошанд. Мақсад тайёр кардани мутахассиси хуб бояд бошад. Аммо ин масъала ба ҷуз вобастагӣ ба мактабҳои хуб, маъмулан инфиродист, яъне марбут ба фард аст. Барои мутахассиси хуб шудан пеш аз ҳама хоҳиш доштан, аз омӯзиш хаста нашудан, бо замон ҳамқадам будан, ҷуръат доштан, дардҳои замонро дида тавонистан ва ба онҳо даво ҷустан лозим аст. Ҳазорҳо китобу шабакаҳои интернетӣ, мактабҳои бузурги ҷаҳонӣ барои такмили ихтисос метавонанд мусоидат кунанд. Аммо ба кафлес танҳо чизе меояд, ки дар дег бошад. Манзури ман ҷавҳари зотӣ ва ангезаҳои ботинии инфиродист.

– Пас, ба назари Шумо, имрӯз журналистикаи тоҷик дар чӣ вазъ қарор дорад?

— Ба ин савол беҳтар аст, ки мутахассисон ҷавоб гӯянд. Бо он ки ман дар таъсиси ин ихтисос дар вилоят саъй намудам, мутахассиси ин соҳа, яъне рӯзноманигор нестам. Афзун бар ин, бар он назарам, ки «рӯзноманигорӣ» имрӯз аз решаи худ, яъне истилоҳи ифодагари он фаротар рафта, соҳаҳои дур аз рӯзномаро шомил шудааст, ки аз баъзе анвои он мисли веб-журналистика, журналистикаи чандрасонаӣ, журналистикаи рақамӣ ва ғайра огоҳии камтар дорам. Бо он ки бо фаъолияти рӯзноманигорони беҳтарин каму беш ошноӣ дорам, нашояд ба ин камдонӣ дар бораи вазъи умумии журналистика сухан ронем. Медонам, ки ин соҳа низ мушкилоти зиёд дорад, вале бигзор мутахассисони соҳа аз он сухан ронанд.

 

Меҳрофарин Наҷевуллоев,

донишҷӯи соли дуюм

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет ба почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93-500 - 35 - 37

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.