SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."
06/03   РИСОЛАТИ «ҶУМҲУРИЯТ» - " 15 марти соли 1925 шумораи нахустини рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо номи «Иди тоҷик» ..."
16/02   ОҲАНГҲОИ СУЛҲИ ЯК АСАР - " ё мавзўи сулњ дар китоби профессор И. Усмонов «Тањкими сулњ ва тањаввулоти ..."
21/12   Нигоҳе ба таърихи шаклгирии ... - " Низоми ВАО дар ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо-Тоҷикистон зери таъсир ва нуфузи низомҳои ..."

Аловуддин

Аловуддин Абдуллоев аз камтарин ҳаҷвнигорони кишвар аст, ки истеъдоди нотакрораш дар қалби ҳазорҳо сокинони кишвар маскан гирифтааст. Нақшҳои офаридаи ин ҳунарманди соҳибзавқ миёни аҳли диёр маъруфанд. Ҳаҷви Аловуддин Абдуллоев тоза буда, бо салиқаи хос таҳия мешавад. Бешак ҳар бинандаро якбора дар чанд нақш бозидани Аловуддин Абдуллоев дар ҳайрат мегузорад. Ин ҳама хоси худи ӯст. Воқеан ӯ маҳз барои саҳна офарида шудааст.

 

 Ин маротиба мо бо Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, ҳаҷвнигори бемисл Аловуддин Абдуллоев суҳбате оростем, ки фишурдаи онро манзури шумо менамоем.

- Устод, имрӯз жанри ҳаҷв дар Тоҷикистон ба ҳарду по мелангад. Ҳунармандони воқеӣ дар ин жанр ангуштшуморанд. Ба истиснои Убайдулло Раҷабов, Аловуддин Абдуллоев ва ду - се ҳунарпешагони дигар, ки каммаҳсул ба назар мерасанд. Баъзан саҳнаҳои ҳаҷвие, ки ба мардум пешкаш менамоянд, бенизом ва ҳунармандон бо забони кӯчагию маҳаллашон, ки берун аз доираи забони ноби тоҷикист баромад мекунанд. Дар ҳалли ин мушкил чӣ фикр доред?

- Ҳаҷву мазҳакае, ки солҳои Шӯравӣ руйи саҳна гузошта мешуданд, як низоми муайяне дошт. Пеш аз оне, ки намоишномаро пешкаши тамошобин мекарданд, онро аз назари шӯрои бадеӣ мегузарониданд.

Ҳунармандоне чун Аслӣ Бурҳонов, Убайдулло Раҷабов, Раҷабгул Қосимова ва дигарон дар ин ҷодаи санъат гомҳои устувор гузоштанд ва сафи пайравони худро дучанд сохтанд. Саҳми ҳунарманди бузурги тоҷик Убайдулло Раҷабовро дар густариши ҳаҷви ватанӣ нодида натавон гирифт. Убайдулло Раҷабов тавонист паҳлӯҳои дигари ҳаҷвро ба мисли монолог ва ҳаҷви эстрадӣ рӯйи саҳна оранд.

Дар радифи оне, ки имрӯз жанри ҳаҷв ноустувор аст, гурӯҳҳои ҳаҷвӣ ба монанди «Хандинкамон», «Лаҳзаҳои гуворо» ва «Ғарибшоҳ» дар ин самт фаъолияти  пурсамар доранд ва мухлисони худро пайдо намудаанд.

- Чӣ гуна ҳаҷв бештар ба тамошобин писанд аст? Яъне бояд ҳаҷви имрӯза кадом мавзуъро фарогир бошад?

- Ҳаҷв воситаи бузургест, ки бинандаро тарбия мекунад. Дур намеравам. Аз таҷрибаи худ мисол меорам. Ҳамон саҳнае, ки муносибати келин бо хушдоман инъикос ёфтааст. Ҳар дам келин ба хушдоман барои анҷоми корҳои худ “Ба ҳаму чхтит” гуфта, фармон медиҳад. Ин ҷо одоби муносибат ва рафтор бозгӯ мешавад.

Ё дар саҳнае, ки ман раиси завод ҳастаму аз рафтори кормандони худ гиламандам. Ҷавҳари ин саҳна одоби касбист. Ин гуна рафтори кормандон дар коргоҳҳо зиёд мушоҳида мешавад.

Агар ҳаҷв аз рӯзгори мардум гирифта шуда бошад, мувофиқи завқи тамошобин мешавад. Ҳамин гуна мо тавассути ҳаҷв иллатҳои ҷомеаро табобат мекунем.

- Оё мешавад, ки бо ташаббуси Шумо дар Тоҷикистон театри ҳаҷвии кӯдаконае таъсис дод, то фардо ин фазои холӣ пурра гардад ва бо ин васила хунармандони соҳибзавқу боистеъдод тарбият ёбанд?

- Ҳозирҷавобии кӯдакон маро ҳамчун ҳаҷвнигор ба шавқ меорад. Аз рӯзгори кӯдакон таҳия кардани саҳнаҳои ҳаҷвӣ дар андешаи ман буд. Як вақтҳо диққати маро бештар киномаҷаллаи «Ералаш»-и телевизиони Русия ҷалб намуда буд. Ҳатто аз ҳаёти бачаҳо лаҳзаҳои ҷолибу ҳазломезро гирд намуда, тасмими ба саҳна гузоштани онҳоро доштам. Албатта дар нақшаву дурнамои мо бунёди театри мазҳакавии бачагона ҳаст ва мо дар ин ҷода талош хоҳем кард.

- Шумо чаро кам баромад мекунед? Охир тамошобинон пазмони дидани саҳнаҳои нави Шумоянд.  

- Ин ҳам хуб аст, ки мардум носер мемонанд ва ташнаи ҳаҷви Аловуддин Абдуллоев мешаванд (механдад).

Мушкили асосиро мо бештар дар норасоии маводи саҳнавию эҷодӣ мебинем, ки ин ба драматургон вогузор аст. Аммо ба ин ҳама нигоҳ накарда, ҳамеша дар пайи ҷустуҷӯҳо ва эҷоди тоза ба тоза ҳастем.

- Дар хурдсолӣ ҳам шӯхтабиат будед?

- Албатта, оташи ҳаҷву шӯхӣ аз хурдсолӣ дар дили ман шӯъла мезад. Маҳз ҳамин дилбастагии беандоза ба саҳна буд, ки ин роҳи пурпечу тоби санъатро интихоб намудам.

- Устод, дар муносибатҳои оилавиатон ҳазлу шӯхӣ ҷой дорад?

- Муҳити оилавӣ каме ҷиддиятро талаб мекунад, аммо чун ман ҳунармандам, баъзан мешавад, ки бо аҳли оила зарофатгӯйӣ, тақлидкорӣ ва латифагӯйиҳо кунам.

- Айни ҳол ба кадом кори эҷодӣ банд ҳастед?

- Имрӯзҳо дар пайи таҳияи саҳнаҳои ҳаҷвиам, ки ба наздикӣ пешкаши тамошобинон ва дӯстдорони ҳаҷву ханда мегарданд.

- Сипоси беандоза аз оне, ки вақти худро ҷудо кардаву бо мо суҳбат намудед.

- Саломат бошед! Бо «Шӯхиҳои Аловуддин» бимонед!

 

Ҳусайн МАҲМУДОВ

донишӯи соли 3-юми ихтисоси

журналистикаи байналхалқӣ

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд. Мавод бе акс қабул карда намешавад.

Сомонаи факултети журналистикаи ДМТ: www.journalism.tnu.tj

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: (+992) 92.765:43:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Шервони Умриддин

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм