SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."
06/03   РИСОЛАТИ «ҶУМҲУРИЯТ» - " 15 марти соли 1925 шумораи нахустини рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо номи «Иди тоҷик» ..."
16/02   ОҲАНГҲОИ СУЛҲИ ЯК АСАР - " ё мавзўи сулњ дар китоби профессор И. Усмонов «Тањкими сулњ ва тањаввулоти ..."
21/12   Нигоҳе ба таърихи шаклгирии ... - " Низоми ВАО дар ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо-Тоҷикистон зери таъсир ва нуфузи низомҳои ..."

Без названия

Дидани деҳшаҳри Саразм ки 5500 сол қабл соҳиби тамаддун буд, тасаввуроти моро нисбат ба таърих ва фарҳанги гузаштагонамон ба куллӣ дигар намуд. Шаҳри бостоние, ки муқаддамтар аз Аҳромҳои Мисри Қадим арзи ҳастӣ намудааст.

 

То љое мо иттилоъ доштем, Саразм ягона ёдгории таърихии Тоҷикистон аст, ки шомили Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО мебошад. Маълумоти бештареро мо аз бостоншинос ва муаррихи Саразм Абдурауф Раззоқов пайдо кардем.

Дар Саразм ўро саргарми кор дарёфтем. Панҷаҳояш бо хоки Саразм олуда. Мисле ки чанги таърих ба сару муйи ӯ нишаста. Атрофи ҳафриёт давр мезад ва ҳамвора деворҳою оташкадаҳоро ламс мекард, мисле, ки дар тасаввураш таърихро варақ мезаду сањифањои нонавиштаи онро пур мекард.  Ҳар бинанда пай мебурд, ки меҳри ин хоку диёр дар шарёнаш ҷорист ва ҷонаш фидои хоки муқаддаси ин меҳан аст.  

Омӯзиши ҳамаҷонибаи Саразм ва шинохта шудани он дар миқёси ҷаҳонӣ бо кӯшишу талошҳо ва заҳматҳои бостоншинос Абдурауф Раззоқов ҳамбастагӣ дорад. Абдурауф Раззоқов аз камтарин бостоншиносони кишвар аст, ки дар ин самт 35 сол боз фаъолият дорад. Ӯ нафарест, ки умри бобаракати хешро сарфи пажўҳиши таърихи ин диёри бостон намудааст. Мардест фарҳехта, масъулиятшинос, пуркор ва хеле ғамхор. Ў ќомуси зиндаи таърих аст.

 

Ба Шумо чанд сол лозим омад, ки парвандаи илмии Саразмро ба ЮНЕСКО пешниҳод намоед?

-Саразм њамчун ёдгории таърихї аз љониби аввалмуҳаққиқи он Абдуллоҷон Исҳоқӣ то соли 1997 борҳо пажўҳиш гардида буд. Чун њафриётро гурўњи олимони бурунмарзї низ тањќиќ карда буданд, хулоса карда шуд, ки Саразм бояд мамнуъгоҳи таърихӣ эълон шавад. Аз дигар тараф ањолии дењаи Саразм донистанд, ки дар он заминњо минбаъд низ њафриёт гузаронида мешавад, этироз намуданд. Онњо мехостанд заминњое, ки зерашон ёдгорињои таърихї мањфуз аст, аз худ намуда сохтмон кунанд. 

Соли 1997, ваќте ки банда сарвари Пойгоҳи бостоншиносии Саразми Панҷакент интихоб гардидам, пеши худ мақсад гузоштам, ки аввал Саразмро ба мамнуъгоҳи таърихӣ  табдил диҳам, то заминҳои бостоншиносӣ аз тарафи мардум забт нашаванд. Барои ин зарур буд, ки ҳуҷҷатҳои ҳуқуқї барои амалӣ шудани ин мақсад омода гардад.

Ман бо директори онвақтаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи улуми Тоҷикистон академик Раҳим Масов суҳбат кардам ва бо дастури он кас ба ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои асосӣ пардохтам.

Хулоса, њуҷҷатҳоро барои баррасӣ ба Ҳукумати вилояти Суғд пешниҳод кардем. Ҷонишини Раиси онваќтаи вилоят Оқил Оқилов маслиҳат доданд, ки ҳуҷҷатҳоро ба Душанбе бурда, ба Кумитаи заминсозӣ ва геодезии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кунам. Илова намуданд, ки “Ман онҳоро пешакӣ огоҳ месозам, то ба шумо мусоидат намоянд. Мо бояд ин ёдгории таърихии нодирро дар ҳамдастӣ ҳифз кунем”.

Вақте ки ҳуҷҷатҳо бо дастгирии роҳбарону мутасаддиёни вақт Оқил Оқилов, Исомиддин Салоҳиддинов, Рашид Мирзоев ва дигарон омода гардиданд, бояд имзои аъзоёни Ҳукумати ҷумҳуриро ҷамъ мекардем. Умуман барои ҷамъ намудани ҳуҷҷатҳо 3 соли кӯшишу заҳмат масраф шудааст.

Дар асоси ҳуҷҷатҳои гирдоварда мо лоиҳаеро тањти унвони “Ёдгории 5500-солаи Саразм ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрдории тоҷикон” омода намудем. Пеш аз он ки ҳуҷҷатҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шаванд, моро зарур буд, то имзои Президенти онвақтаи Академияи илмҳои Тоҷикистон академик Ўлмас Мирсаидовро гирем. Ўлмас Мирсаидов вақте бо ҳуҷҷатҳо ошноӣ пайдо кард, гуфт: “Кто это придумал?...”. Хулоса пас аз чанд муддат мо тавонистем имзои ҷонишини он кас академик Мўсо Диноршоевро бигирем.

Соли 2000 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Мамнуъгоҳи таърихӣ-бостоншиносии Саразм баромад. Моро мебоист, ки масоҳати замини Саразмро муайян кунем. Соли 2001 бо дастгирии бевоситаи Раиси онваќтаи Кумитаи заминсозӣ ва геодезии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмањмадзода Давлатшо замини мамнуъгоҳ, ки фарогири 47 га буд, муайян шуд. Аз ин масоҳат 17 га барои ковишҳои бостоншиносӣ ҷудо шудааст.

Соли 2003 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст аз Саразм дидан карданд. Мо аз Пешвои миллат хоҳиш кардем, то барои болопӯш сохтани ҳафриёт мусоидат кунанд. Президенти кишвар ба ин ёдгорӣ бо нигоҳи тоза нигаристанд ва кӯмак намуданд.

Соли 2000 Саразм бо кӯшиши Ҳукумати кишвар ба рӯйхати пешакии мероси умумибашарии ЮНЕСКО шомил гардид. Аммо барои шомили он ба феҳристи асосӣ асноди илмӣ зарур буд. Банда аз пайи омода кардани ҳуҷҷатҳои илмӣ, ки далели бостонї будани Саразмро бозгӯ мекард 7 сол кӯшиш кардам. Соли 2008 мо ҳуҷҷатҳоро ба Маркази фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО пешниҳод намудем. Баъд аз он коршиносе аз Туркия омада, Саразмро ҳамаҷониба омӯхт. Вале номинатсияи мо дар ЮНЕСКО қабул нагардид.

Банда ҳамчун коршиноси Комиссияи миллии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО, дар яке аз конфронсҳои ЮНЕСКО, ки дар кишвари Мали баргузор гардид, ширкат варзида, бо забони фаронсавӣ маърӯза кардам ва таърихӣ будани Саразмро исбот намудам.

 Соли 2009 коршиносони ЮНЕСКО барои пажўҳиши Саразм ба Тоҷикистон омаданд. Ҳамин тариқ Саразм аввалин ёдгории таърихӣ аз Осиёи Марказӣ ҳамчун маркази ташакулёбии маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрдории тољикон 31 июли соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО дохил шуд

-Шумо беш аз 30 сол аст, ки дар омўзиши Саразм зањматњо кашидаед. Дар ин муддат кадом кашфиётатонро нодир арзёбї мекунед?

- Соли 1982 ман бо дастгирии устод Абдуллољон Исҳоқӣ ба омўзишу тањќиќи Саразм пардохтам. Соли 1984 нодиртарин бозёфти таърихӣ Маликаи Саразмро кашф кардам, ки дар илми бостоншиносии тољик бесобиќа буд. Пас аз тањќиќи хамаљонибаи Маликаи Саразм аз тарафи бостоншиносони ватаниву хориљї собит гашт, ки он 3500 сол пеш аз мелод дафн гаштааст.

Чаро ўро Маликаи Саразм мегўянд?

-Љасад дар ќабр дар њолати батнимодарї гўронида шуда, устухонњои дасту гардан ва бозувони ў пур аз зебу ороишоти ќиматбањо буд. Инчунин дар назди љасад ќадањи мармарин, оина ва дигар ашёи зиннатдињанда ёфт гардид. Ин аз он дарак медињад, ин зан дар давраи модаршоњї зиндагї намуда, Малика мебошад ва ба хонаводаи ашрофзодагон тааллуќ дорад.

Дигар бозёфти нодир кашфи ќабристони Зардчахалифа буд, ки аз оғози тамаддуни Ориёиҳо дар водии Зарафшон дарак медод. Сипас сангнигораҳои Мастчоҳи Кӯҳиро, ки онро Сойи Сабақ мегӯянд, пайдо кардам. Ин ёдгорї мансуб ба асри биринҷӣ аст. Соли 2016 Муҷассамаи Шоҳи Суғдиро пайдо кардем, ки ҳоло дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шудааст.

-Шумо пайваста дар анљуманњои байналмилалї дар соњаи бостоншиносї ширкат меварзед. Он љо кадом масъалањо баррасї мегарданд?  

- Иштироки ман дар анҷуманҳои байналмиллалӣ аксаран барои муаррифии Саразм ва Панљакенти Ќадим буд. Вобаста ба ин мавзўъ ман борњо ба Олмон, Фаронса, Чин, Италия, Испания, Федератсияи Русия, Эрон, Ўзбекистон ва Малии Африќо сафар кардаам.

35 сол аст, ки Шумо бо ҳамкасбони хеш-бостоншиносони Фаронса ҳамкорӣ доред. Шуморо тайи ин солњо њамеша ба Маркази тадқиқоти илмии Фаронса даъват менамуданд. Он љо бо кадом забон муошират мекардед?

          - Албатта бо забони фаронсавї. Аз соли 1984 инҷониб дар Саразм бо коршиносону бостоншиносони фаронсавӣ ҳамкорӣ дорем. Эшонро дида, забони фаронсавӣ бароям писанд омад ва дар муддати 2 сол ман худомӯзии забони фаронсавӣ кардам. Яке аз устодони ман, бостоншиноси маъруфи фаронсавӣ Ролан Безенвал маро чандин маротиба ба Осорхонаи Лувр ва Гвиней даъват кард ва таъкид намуд, то забони фаронсавиро омӯзам. Бо кӯшиши он кас ман солҳои 1993-1994 ва 1996-1997 дар курси забономӯзии Донишгоҳи Сорбон забон омӯхтам. Њамзамон бо ёдгориҳои ҳамасри Саразм, ки фаронсавиҳо аз Эрону Балуљистон (Покистони имрўза) оварда буданд, шиносоӣ пайдо кардам.

Аз устоди шодравони хеш Ролан Безенвал, ки дар Саразм рӯйи дастони ман аз дунё гузашт, хеле миннатдорам, ки бо шарофати ў ман имрӯз забони фаронсавиро медонам.

-Оре, мутахассис бояд донандаи чанд забон бошад, то тавонад миллати худро шоиста муаррифї намояд.

Устод, Шумо хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳастед ва маълумотатон таърихшинос аст. Касби бостоншиносиро дар куҷо омӯхтед?

-То ҷое огаҳӣ дорем, дар факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуъбаи махсуси бостоншиносӣ мавҷуд нест.

Хушбахтона, бо дастгирии устоди зиндаёд Абдуллоҷон Исҳоқї ман коромӯзи Институти таърихи материалҳои моддии Санкт-Петербург шудам  ва маҳз зери сарварии академики рус Вадим Михайлович Массон касбияти бостоншиносиро ҳамаҷониба омўхтам. Дар муддати 6 сол бо роҳбарии Вадим Массон дар ёдгориҳои Олтинтеппа, Намозгоҳ, Анав, Илгинлитеппа ва Ҷайтуни Туркманистони љанубї коромӯзӣ кардам. Тамоми нозукиҳои илми бостоншиносиро аз устоди хеш Вадим Массон омӯхтам.

Соли 2016 аз ҷониби Шумо муҷассамаи Шоҳи Суғд кашф гардид ва он “Бозёфти аср” унвон гирифт. Бозёфти мазкур чї гуна пайдо карда шуд?

  Соњиби ин бозёфт Ќӯшабой Ѓолибов сокини деҳаи Кантеи љамоати дењоти Фондарё аст, ки бозёфтро ба мо нишон дод. Қ. Ғолибов наќл кард, ки ҳанӯз 30–35 сол қабл бобову бибиаш ҳангоми чаронидани чорво аз мавзеи Чӯбистони атрофи кӯли Аловиддин ҳайкали биринљии љавонмарди аспсаворро пайдо намудаанд, ки то имрӯз дар хонаводаи онҳо нигоҳдорї карда мешудааст ва бибикалонаш онро њамчун тўмор барои нигањдошт ба модараш супоридааст. 

               Шиносоии нахустин бо ин бозёфт қабл аз ҳама мазмуну мўҳтавои деворнигораҳои Панљакенти Қадимро пеши назари ман овард.

То бозёфти Шоњи Суѓд танњо дар деворнигорањои  Панљакенти Ќадим,  Афросиёбу Варахша  ва Пойкенти Бухоро, ки бо номи Суѓдиён  њамчун давлат-шањрњои мустаќили Суѓдиён дар сарчашмањои суѓдиву чинї ёдрас мешавад, аксњо пайдо гардида буданд. Суратнигорањои  пайдогардида  сањнањои базму тараби шоњону ашрофони суѓдиро  ифода мекарданд. Хушбахтона, бори аввал дар таърихи суѓдшиносї чунин муљљасама, ки аз маъдани биринљї таркиб ёфта, дар ќолаби махсус бо мањорати волои њунармандї сохта шудааст, кашф гардид, ки имрўз бењамто арзёбї мегардад. Бозёфти мазкур тасдиќ менамояд, ки  ниёгони мо тољикон - суѓдиён њанўз 1400  сол ќабл соњиби давлати соњибихтиёри хеш буда, сарварони худро ба тарзи интихобот мепазируфтаанд ва њазорсолањои оянда ин падида пандомўзи ањли башар мегардад. Бозёфти нодири мо, ки далели гуфтањои мазкур аст, фавран ба Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ЉТ супорида шуда, мавриди омӯзиш қарор гирифт.

Бе шаку шубња бо далелњои мўътамади бостоншиносиву таърихї исбот ва айён мегардад, ки   бозёфти  муљассамаи  биринљї  ИШХИД  Ё ШОЊИ СУЃД мебошад    

Бостоншиносї соњаи камдаромад ва машаќќатнок аст, ба ин нигоњ накарда фарзандатон пешаи падарро аз худ кардааст?

- Оре, боиси таассуф аст, ки солҳои охир ҷавонон ба соҳаи бостоншиносӣ камтар майл доранд. Сабаби асосиро мо дар камдаромад будани соҳа мебинем. То ба ин касб дилбастагї пайдо нагардад, касе ба он моил нахоњад шуд. 

Имрӯз писари ман Фарҳод Раззоқов идомадиҳандаи касби ман аст. Ӯ бахши аспирантураро дар Институти таърихи Санкт-Петербург ба итмом расонида, номзади илмҳои таърих шуд. Ҳоло дар Институти бостоншиносии Олмон барои ҳимояи рисолаи докторӣ фаъолияти илмӣ дорад.

Айни замон ба чӣ кор машғулед?

         Мо парвандаи “Шохароҳи Зарафшон” - Панҷакент-Самарқанд-Бухороро ба ЮНЕСКО пешниҳод кардем. Ин парванда дар якљоягї бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон омода гардид, ки дар он аз Тоҷикистон ёдгории Панҷакенти Қадим шомил аст. Талоши мо баҳри он аст, ки ёдгории нодири Панҷакенти Қадимро, ки яке аз марказҳои асосии Роҳи Абрешим аст, шомили Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО гардонем. 

Ба мо љавонон чї насињат медињед?

-Аз њасуд, кина, адоват, нотавонбинӣ дар канор бошед ва ин хислатњоро њаргиз дар дил љой надињед. Танњо илм омўзед ва инсонгаро бошед.

Шиори Шумо дар зиндагӣ?

Пароканда лашкар наояд ба кор,

Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.

 

Њусайн МАЊМУДОВ

Ҳангома КАРИМӢ

донишҷӯёни факултети журналистика

19.07.16

 

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд. Мавод бе акс қабул карда намешавад.

Сомонаи факултети журналистикаи ДМТ: www.journalism.tnu.tj

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: (+992) 92.765:43:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Шервони Умриддин

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм