SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."
06/03   РИСОЛАТИ «ҶУМҲУРИЯТ» - " 15 марти соли 1925 шумораи нахустини рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо номи «Иди тоҷик» ..."
16/02   ОҲАНГҲОИ СУЛҲИ ЯК АСАР - " ё мавзўи сулњ дар китоби профессор И. Усмонов «Тањкими сулњ ва тањаввулоти ..."
21/12   Нигоҳе ба таърихи шаклгирии ... - " Низоми ВАО дар ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо-Тоҷикистон зери таъсир ва нуфузи низомҳои ..."

23443656987

(Андешае чанд перомуни мусаввараи “Аз давра ба давра, аз дида ба дида”-и Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Шарифов)

 

Ҳар миллати олам дорои таъриху гузаштагони пурифтихори худ аст. Барои ин бузургиро тасвир кардан истеъдод мебояд илоҳӣ, нигоҳе мебояд таърихбин, вуҷуде мебояд эъҷозофар ва эҳсосе мебояд пурифтихортар аз ҳар шоистагии дигаре. Бешак ин ҳамаро дар замири Расссоми халқии Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Сабзалӣ Шарифов дидан метавон, ки бо мӯқалами муъҷизаофараш таърихро тавониста тасвир кунад. Манзури ман мусаввараи Сабзалӣ Шарифов “Аз давра ба давра, аз дида ба дида” аст, ки дар вурудгоҳи Китобхонаи милии Тоҷикистон насб шуда, бо тарҳу услуби ҷолиби классикӣ офарида, намои дохили китобхонаро зеботар месозад. Бесабаб нест, ки ин мусаввара маҳз дар китобхона гузошта шудааст. Китобхона, ки худ макони фарҳангу илм аст, мусаввара низ бозгӯйи фарҳанги ҳазорсолаи миллати тоҷик аст.

 

Чаро рассом асари хешро чунин унвон додааст: “Аз давра ба давра, аз дида ба дида”? Фикр мекунам ҳар бинандае, ки бо нигоҳи пажуҳишӣ ба он менигарад, дар нахуст сонияҳо аз ин сирр огаҳ мешавад. Оре, рассом намояндагони барҷастаи фарҳангу адабро аз рӯйи мартабат даврабандӣ намуда, тасвир кардааст. Интихоби композитсия хеле олист. Зеро ин барои возеҳияти тасвир кӯмак мекунад.

 Дар меҳвари ин давраҳо офтоб, модар ва гаҳвора тасвир ёфтааст, ки ин бесабаб нест. Манзури рассом офариниш аст, ки аз модар сарчашма мегирад. Офтоб равшанкунандаи олам аст, ки бо нури худ ба дили башарият сафову фараҳ меорад. Модару сулҳ ду мафҳуми ба ҳам ҳамоҳанганд, ки дар дарки таъбири “Модарон сулҳ мехоҳанд” рассом атрофи модар кабӯтаронро тасвир намудааст.

Дар саргаҳи давараҳо нишони дини ниёконамон – Зардуштӣ тасвир ёфтааст, ки тамаддуни гузаштаи моро ба хотир меорад. Дар зери он чор тан аз фарзонагоне, ки кору пайкорашон ба давлатдории Сомониён рост меояд, акс ёфтаанд. Ин чаҳоргона: Исмоили Сомонӣ – поягузори аввалин давлати тоҷикон, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣқофиласолори адабиёти классики форсу тоҷик, Абӯалӣ ибни Сино – донишманди машҳуру қомусдон ва Фирдавсӣ – муаллифи “Шоҳномае”, ки ҳазор сол башариятро тарбият медиҳад. Инчунин дар ин давра барҷастатарин намояндагони фарҳангу адаби асрҳои миёна акс ёфтаанд. Дар давраҳои зер тасвирҳои намояндагони фарҳанги замони Шӯравӣ ва муосир дар табақабандии саҳеҳ ҷой дода шудаанд.

Нигоҳи зебобин ва таҳлилгарову коргардонӣ мебояд, то дар як асар образи ҳар қаҳрамонро бо махсусияти шахсияташ алоҳида, аммо бо ҳам тавъам мунъакис намуд. Аз ин бармеояд, ки рассом дар шинохти чеҳраҳо муваффақ аст ва дунёи ботинии эшонро бо тамоми ҷузъиёташ омӯхта, дар вуҷуди худ озмудаву онҳоро тасвир намудааст. Бо дидани ин шоҳкорӣ кас пай мебарад, ки қаҳрамонони онро мусаввир дар “ваҳдати равонӣ” тасвир намудааст.

Баъзе қаҳрамонҳоро рассом барҷастатар тасвир намудааст, ки ин ба хислати эшон низ ҳамбастагии зич дорад. Масалан Нависандаи халқии Тоҷикистон Сайфи Раҳимзодро, ки дар насри муосири тоҷик таҳаввулоте намуд. Ё Ҳунармандии халқии Тоҷикистон Ҳошим Гадоевро, ки нақши Эдипро мебозад. Ё беназиртарин ситораи балети тоҷик Малика Собирова. Рассом азамати эшонро дар нубуғи фарзонае, ки рӯҳашон дорост, дарк карда, сипас тасвир намудааст.

Мусаввир дар давраҳо кабӯтарони дар парвозбударо тасвир намудааст, ки он рамзи сулҳу осоиштагӣ буда, хислати сулҳхоҳии миллати тоҷикро ифода менамояд. Бо ранги муҷаллои тиллоранг офаридани мусаввара беҳуда нест. Ранги тиллоӣ чашмрас аст ва миёни ҳар ранги дигар бештар ҷило медиҳад. Ва низ мебояд ин фарҳангро, ки бо оби тиллояш навиштаанд, бо тилло тасвир кунем.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки амали рассом Сабзалӣ Шарифов шоҳкории бузурги санъати тасвирии муосири тоҷик аст. Он тамоми паҳлуҳои ҳаёти тоҷиконро, сар карда аз решаҳои таърихӣ, тамаддун, давлатдорӣ, дин, мусиқӣ, адабиёт, сиёсат ва иҷтимоиёт то махсусияти этнографӣ фаро гирифтааст. Онро бо маънии дигар метавон “Мусаввараи қомусӣ” гуфт. Дидани он худ барои мо дарси таърих аст. Зеро он ҳақиқати таърихиро бозгӯ мекунад.

 Мондагории асари “Аз давра ба давра, аз дида ба дида”-и рассоми соҳибзавқ Сабзалӣ Шарифов дар он зоҳир мегардад, ки ӯ бо сеҳри хомаи худ мондагортарин чеҳраҳои арсаи сиёсату адаб ва илму фарҳангро тасвир кардааст. Интихоби ин гуна мавзуъи ҷиддӣ ва офаридани чунин тарҳи зебо аз дарки фаррохи рассом сарчашма гирифта, бо ҳисси ватандӯстии ӯ пайванд мегардад. Бо боварӣ гуфта метавонем, ки бо ин амали бесобиқаи худ Сабзалӣ Шарифов номи худро қатори ин бузургони миллат ҷовидона сабт намуд. 

Перомуни ин шоҳасари санъати тасвирии муосири тоҷик метавон ҷилд-ҷилд китоб иншо карду соатҳо сухан гуфт. Навиштаи мо қатраест, аз ин баҳри нопайдоканор, баҳри ошноии шумо.

 

Ҳусайн МАҲМУДОВ

донишҷӯйи соли чоруми факултети журналистика

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд. Мавод бе акс қабул карда намешавад.

Сомонаи факултети журналистикаи ДМТ: www.journalism.tnu.tj

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: (+992) 92.765:43:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Шервони Умриддин

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм