SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."

Kallya 

Яке аз масъалаҳое, ки ҷамъияти имрӯзаи моро ба торикӣ бурда истодааст, ин ба марказҳои дилхушӣ рӯ овардани ҷавонон мебошад. Бояд гуфт, ки чунин маконҳо ба мо на фоида, балки зарари калон меораду халос!

 

 

Солҳои охир дар ин маконҳо аз ҳама бисёртар хонандагони мактабҳои миёна ва донишӯёнро мушоҳида метавон кард. Дар шароити муосир бисёранд ҷавононе, ки худро бо дасти худ ба воситаи чунин аъмоли номатлуб ба оғӯши марг мепартоянд. Даст задан ба чунин аъмоли зишт, ки имрӯз ҳатто миёни духтарон низ мӯд шудааст, аз сигоркашӣ сар мешавад. Сигор инсонро “ошиқ” - и худ карда, оҳиста - оҳиста “дилдода” - ашро ҷониби маводи заҳролуду хатарнок роҳнамоӣ мекунад. Асосан ба ин гуна амалҳо шахсони кӯтоҳандеш, ки оқибати кори мекардаашонро дарк намекунанд, даст мезананд. Ба андешаи чунин афрод гӯё, истифодаи маводи зараровар ва рафтан ба мавзеъҳои номатлуб ба қалби онҳо оромӣ мебахшад, яъне онҳо ҷавониро маҳз дар чунин ҷойҳои ифлос мебинанд.

         Тибқи хулосаи табибон одамоне, ки ба чунин амалҳо даст мезананд, оҳиста - оҳиста қобилияти фикрронии худро аз даст дода, ба бемориҳои гуногун ва ҳатто маргбор гирифтор мешаванд. Инчунин, аз онҳо насли солим ба дунё омадан дар гумон аст. Зарари чунин афрод солиёни зиёд ба ҷомеаи мо мерасад.

Нафароне, ки ба чунин амалҳои зишт даст мезананд, қадри падару модари хешро дар назди ҷомеа баробар ба як тин намуда, ба оила ва наслҳои ояндаашон ҳшҳам зиёну ҳам доғ меоранд. Маҳз ҳамин гуна ҷавонон сабаби ақибмонии ҷомеа мегарданд.

       Чилим (имрӯз бо номи калян байни ҷавонҳо машҳур аст) низ як навъи тамоку буда, бори нахуст он дар Ҳиндустон бо номи “галюн” (Ghalyun) пайдо шудааст. Сипас, миёни аҳолии Ҳиндухитой ва Марокаш паҳн шудааст. Он дар асри XIX ба Аврупо омада, зуд машҳур шуд. Арабҳо онро “шиша” ё “норгилла” меноманд. Ин мавод дар заминҳои Афғонистон баробари ҳашиш корида мешавад. Бояд зикр кард, ки норгила ном гирифтани чилим бесабаб нест, чунки норгила номи дарахти чормағз буд ва аввалин бор ҳам чилимро аз чӯби ҳамин дарахт сохтаанд. Байни чилим ё каляни даврони гузашта ва муосир тафовути калоне дида мешавад, чунки дар гузашта калян нисбатан безарартар буд.

proxy.duckduckgo.com

 

         Мутаассифона, баъзе одамон чилимро безарар мепиндоранд, аммо агар ба таркиби он хуб назар афканем, ба зудӣ зарарнок буданаш ба мо ошкор мегардад. Бояд гуфт, ки зимни омодакунӣ ба дохили калян якчанд номгӯи маводи хушбӯйкунанда ҳамроҳ карда мешавад, ки ба истифодабаранда эҳсоси гуворову форам мебахшад. Дар он дуди тамокуро полоиш дода, сипас, нарму хунук карда, барои маззагирӣ аз об ва спирт пур мекунанд. Дар зарфи обдор бошад найчае пайваст аст, ки тавассути он дуд ба зери об рафта ба воситаи қубури дигар ба димоғи истифодабаранда меравад. Кори тозакуниро асосан об иҷро мекунад. Ба мо маълум аст, ки тамоку дорои никотин буда, консентратсияи он дар як куттии 50 - грамма ба 0,05% баробар мебошад. Тасаввур кунед қуттие, ки 50 грамм тамоку дорад, дар таркибаш 25 мг никотин мавҷуд аст. Ҳангоми тайёр кардани калян як куттиро 4 маротиба истифода мекунанд. Барои як маротиба истифодаи калян 6,25 мг никотин рост меояд. Агар мо калянро бо сигор муқоиса кунем зарараш нисбати сигор даҳҳо маротиба зиёдтар аст. Сигор дар таркибаш 0,8 мг никотин ва чилим бошад 7,5 маротиба зиёдтар никотин дорад. Ҳангоми истифодаи калян инсон хуморӣ шуда, ҳарорати баданаш баланд мешавад. Дар натиҷа кори дили истифодабаранда суст шуда, дар узвҳо камҳаракатӣ дида мешавад. Тибқи нишондоди Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ солона тахминан 5 млн. одам дар натиҷаи истифодаи тамоку ва майзадагӣ ба ҳалокат мерасад.

         Хонандаи азиз, истифодаи чунин маводи ифлос тибқи ҳадису оятҳои ислом низ манъ шудааст. Калян ё чилим ва тамоку ҳам аз шумори чунин маводи манъшуда аст. Ҳатто дар бораи заранок будани тамоку истеҳсолкунандагони он дар пушти қуттӣ “Истифодаи тамоку ба саломатии шумо зарар дорад!” навиштаанд. Пас, биёед, мо ҳам худамонро дидаю дониста ба коми марг тела намедиҳем. Чӣ гуфтед?!

Муҳаммадисо РАҲМАТОВ

донишҷӯи соли дуюм

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.