SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."

Hun       

Ҳунар иброзкунандаи истеъдоди башарият ва чашмаи шодобкуннадаи хушкиҳост, ки метавонад дар ҳар вазъ шахсро аз вартаи фаношавӣ ва ҷодаи мушкилот раҳоӣ бахшад. Шахси ҳунарманд дарахтеро мемонад, ки ҳамеша сарсабз аст ва аз маҳсули шохаҳояш (дастонаш) ҳамеша коми дигаронро ширин месозад.

 

 

 

         Ҳунар тимсоли пулест, ки шахсро ба масири комёбиву муваффақият мебарад. Он монанд ба киштиест, ки намегузорад дарёи ғафлат ғарқ гардад.шахси ҳунармандро ба дигаре муҳтоҷӣ нашояд, зеро маҳсули дастони ӯ ин сармояи ӯянд. Асло наметавон гуфт, ки омӯзиши ҳунар зоеи беҳудаи вақт аст, зеро ки дунёро низ дастони ҳунарманд офаридааст. Ҳунарманди оддӣ не, балки соҳибмаҳорате, ки ҳар як нозукии онро бо маҳорати хос тасвир намудааст, яъне гулро бо хору сангро бо хок омезиш бахшидааст. Дар оғӯши куҳҳои сарсахт сарвату маъданҳои гаронмоя кашф карда дар қалби дарёҳои пуртуғён сангро офарид. Ҳунармандони дигар ба ин муъҷизаи дастон аҳсант хонда аз пайи пайравӣ шуданд. Ҳамин аст, ки имрӯз ин қадар зебоиҳоро офарида ҳунармандони даври мо, ки ҷилояшон дидаро маҳбуту синаҳоро тасхир месозад.

huna

         Аз хурдӣ орзуи онро доштам, ки бузург шуда ҳунари зебоеро аз худ намоям. Он нақшҳое, ки аз дастони ҳунарманд мерезад, рағбати маро ба ин самт пурзӯртар месохтанд, зеро тазодҳои зиндагӣ маҳз дар нӯгӣ қалами ӯ моил ба афтидан рӯи сфедӣ мегардад. Ин хоҳиши зиёд маро водор ба он намуд, ки аз ҳаёти кулолгарон воқиф гардиад, то ҷое аз нозукии эъҷози дастонашон огоҳӣ ёбам. Назорҳои пайвастаи амалҳояш қалби ба ваҷд омадаи маро мафтунтар менамуд. Кулолгар нафарест, ки бо дастони эъҷозкори худ аз гили оддӣ маҳсулотҳои ноткрори мунаққаше меофарад. Воқеан ҳам, ҳунар чашмаи зоянда будааст.

         Пешвои миллат офаридаҳои ҳунармандони кишварро ба инобат гирифта, солҳои 2019 – 2021 – ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” хонданд. Эълони мазкур заминаи мусоидест, ки шумораи ҳунармандонро аз ҳисоби ҷавонон афзуда фардои ин миллати куҳанбунёду ҳунарманд ва соҳибтамаддунро дурахшонтар мегардонад.

Нозанин ДОСТЗОДА

донишҷӯи соли аввал

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.