SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."

       kita

         Тавре маълум аст, алъон масъалаи китобхонии насли ҷавони кишвар, мушкилии асосӣ ба шумор рафта, моро водор месозад то барои пешгирии ин мушкилот ҳарчӣ бештар талош намоем, зеро китоб поягузори хирадмандии башарият, бахшандаи илму маърифат ва равшанкунандаи роҳи фардои инсоният мебошад.

 

 

       Чун асри 21 – асри техникаву технологияи замони муосир аст, моро низ лозим меояд, то барои ҳамқадами замон гардидан, аз ихтирооти замони нав огаҳӣ пайдо намоем ва бешубҳа дар ин маврид ҳам, китоб ёри беминнати мо мегардад. Вале ҳоло ҷавонони мо ба шабакаҳои интернетӣ бештар диққати хешро равона намуда, танҳо замони супоридани имтиҳоноту корҳои курсӣ рӯ ҷониби китобхона меоранд.

       Доир ба ин мавзӯъ дар саҳифаи фейсбукии худ , аввалҳои моҳи декабр, бо чанд ҷумлае изҳори хушнудӣ намудам, ки хуб аст, ки ҷавонони мо имрӯз рӯ ба китобхонӣ овардаанд ва барои исбот аз нарасидани ҷойи нишаст барои хонадагони боқӣ далел навиштам . Вале чун дар поини мавод шарҳҳо гузошта шуд (аз ҷониби донишҷӯён), пас он дарк кардам, ки донишҷӯёни мо на бо хоҳиши дил, балки аз маҷбурӣ, айни супоридани имтиҳонот ва навиштани корҳои курсӣ , ба китобхона рӯй овардаанд. Боиси таассуф аст, ки чунин муомилаи ҷавонони мо нисбати китобхонӣ, эшонро то андозае аз китобхонӣ дур   сохтааст.

       Агар   асоси аз китобхонӣ дур мондани   ҷавононро дар воситаҳои электронӣ, бахусус интернет донем, пас хилофи ақидаи   мо, дар кишварҳои пешрафтаи дунё, ба мисоли Амрикову Хитой , бо вуҷуди рушди бемайлони техникаву технологияи замони муосир талаботи онҳо ба хондани китобҳои чопӣ бештар аст .

       Муҳаққиқ Иброҳим Усмонов бар он ақида аст, ки дар ҷомеаи навини мо ҳар чизи наве, ки рӯйи кор меояд   ҷой ва мақоми махсуси худро дорад, бахусус интернет ҳам, ки ҳеҷ гоҳ ҷойгузини китоб буда наметавонад : “Ин ки интернет роҳи хонандаро гирифтааст, ғалати маҳз мебошад. Интернет дигар чиз аст, радио дигар , матбуот дигар ва китоб дигар. Инҳо ҳеҷ гоҳ ҷои якдигарро гирифта наметавонанд” - мегӯяд, муҳаққиқ Иброҳим Усмонов .

       Бояд гуфт, ки китоб оинаест, ки на фақат гуноҳҳоро мегӯяд, балки   илму донишро ҳадя мекунад. Маҳз барои ҳамин , аз рӯзҳои аввали соли 2019 сар карда, дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук тарғибу ташвиқи китобхонӣ ва бедор намудани ҳисси китобдӯстӣ, аз ҷониби аъзоёни фейсбук ба роҳ монда шудааст, ки ин метавонад ба нафароне, ки бо шабакаҳои интернетӣ сару кор доранд, ҳушдор бошад   ва дар онҳо майли китобхониро бедор созад . Бар замми ин дар фейсбук аз ҷониби як гурӯҳ ҷавонон тасмим гирифта шудааст , ки   барои маърифатнок гардонидани мардуми кишвар , бо роҳҳои махсус онҳоро ба китобхонӣ ҷалб намоянд, яъне дар амал татбиқ намоянд. Ба мардум нишон диҳанд, ки хондани китоб чӣ қадар кайфият дорад, чӣ қадар дунёи нотакрор дорад, агар дилбастааш гардӣ , пас ҳеҷ гоҳе дилатро пас гирифта наметавонӣ.

   Ҳамчунин дар фейсбук   саҳифа ва гурӯҳҳои ташвиқу тарғибгари   китоб , ба монанди “Дӯстони китоб” , “Китобхона” , “Бунёди китоб” , “Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандӣ , “Китобхонаи Академияи Илмҳо” , “Донишхона” , “Kitobz” , “Книги Худжанд” ташкил шудааст, ки дар васфи китоб аз суханпораҳои пурарзиши бузургони дунёи   адаб оварда шудаанду китобро имрӯзу фардои инсоният ном бурдаанд ва ҳамин тавр ҳам ҳаст, зеро агар мардум аз китобхонӣ   даст кашанд , аз фикр кардан низ боз мемонанд.

     Агар дар ҷаҳон миллионҳо китоб нашр гардида бошанд ҳам, вале ҳамоно барои башарият кифоят намекунанд, чунки он китобҳо аз давру замони хеш ҳикоят мекунанд ва барои офаридани китобҳои нав замина мегузоранд. Саҳифаҳои дигари дар боло зикр гардида бошад , аз навгониҳои олами китоб, чӣ дохиливу чӣ хориҷӣ дарак медиҳанд. Чун инсоният ҳамоно ба илму дониш, фарҳангу   маданият   ниёз дорад ва   ҳазорон розҳо зери   пардаи дониш нуҳуфтааст , ки кошшофони худро интизор аст .

      Ногуфта намонад, маҳз китоб   аст, ки дар рушду нумӯи ҷамъият саҳм мегузорад ва барои инсон роҳнамову мушкилкушо мегардад . Ба қавли Виктор Гюго :

“ Бомаърифат кардани мардум ба маънои афзудани ахлоқи   ҳамидаи онҳост. Босавод намудани мардум - бомаданият кардани онҳост. Ҳар гуна дағалӣ зери таъсири хониши ҳамарӯзаи китоб ба нармӣ табдил меёбад, ҳамонгуна , ки ях зери гармии оташ об мешавад ”.

     Китоб беҳтарин насиҳатгари инсон буда, дар тамоми лаҳозоти рӯзгор роҳбараш мегардад. Гулистонеро мемонад, ки ҳеҷ гоҳе гулҳояш пажмурда нахоҳад гашт.

     Пас, биёед , то аз ин чаманистони маърифат баҳра бурда бошему гулбоғи маонӣ бунёд намоем ва хиёбонҳои роҳи фардоро сабзпӯш гардонем.

                  

                                                       Парвина САМАНДАРЗОДА

                                                        донишҷӯи соли аввал

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.