SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."

intt

Шабакаи байналмилалии интернет айни замон як махзани бузургест, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти инсонро дар бар гирифтааст. Интернет дар замони муосир хусусан, ба як қисми муҳими ҳаёти ҷавонони имрӯза табдил ёфтааст.

 

 

Аксари ҷавонон, хусусан донишҷӯён интернетро ҳамчун сарчашмаи асосии манбаъ, маълумот ва ахбор истифода мебаранд, ҳатто онро ба китобхонаи худ тағйир додаанд. Ҳақиқатан, дар ҷомеаи муосир шабакаи интернет ҳамчун як рукни зарурӣ барои инсонҳост. Мо донишҷӯён барои қонеъ гардонидани талаботи худ ҳамарӯза кӯшиш мекунем, ки аз рӯзномаву маҷалла ва китоб истифода барем. Боиси тааcсуф аст, ки на ҳар вақт китобу рӯзномаро дастрас карда, маълумоти лозимаро ёфта метавонем.

Хушбахтона, солҳои охир, пас аз тараққӣ кардани илму техника мардум барои сайқал додани дониши худ рӯ ба интернет оварданд, ки ин аз пешравии давлату миллат дарак хоҳад дод. Воқеан, интернет воситаест, хонандаро ба дунёи рангину афсонавии илму дониш ҳидоят мекунад. Хонанда метавонад бо воситаи интернет мавзӯи ба худ лозимаро ба зудӣ дастрас карда, ба мутолиа машғул шавад. Имрӯзҳо агар интернетро бо китобу рӯзномаҳо муқоиса кунем, бешубҳа гуфта метавонем, ки бо воситаи интернет маълумотро дастрас кардан осону қулайтар аст.

Солҳои охир, пас аз тараққӣ кардани илму техника мардум каме аз китобу китобхонӣ дур шуда, рӯ ба интернет оварданд. Дар ҳамин радиф саволе ба миён меояд, ки оё интернет ҷои китобро гирифта метавонад?

Ман ҳамчун як ҷавони давраи истиқлол гумон мекунам, ки интернет ҷои китобро гирифта наметавонад. Аз он сабаб, ки баъзе хонанда ба мазмуну мӯҳтавои маълумоти аз интернет пайдокардааш он қадар аҳамият намедиҳад. Дар китоб бошад, вай баръакс ҷустуҷӯ мекунад, мехонад, таҳлил карда, бахубӣ дарк хоҳад кард. Як ҷиҳати бартарии интернет дар он аст, ки он маълумоте дар китобнест, дар он ҳаст. Бинобар ин интернет ҳар лаҳзаю ҳар дақиқа барои аудитория раҳнамо шуда метавонад. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, китоб ҳеҷ вақт дар байни воситаҳои маълумотдиҳанда мавқеи худро бой намедиҳад.

Интернет барои сайқал додани дониш, маҳорату малакаи хонанда кӯмаки калон мерасонад. Вале дар баробари фоида доштанаш аз зарар низ орӣ нест. Саволе пайдо мешавад, ки интернет дар кадом ҳолат зарар дорад. Агар мо- ҷавонон пайваста бо интернет машғул бошему ба кори дигаре худро банд накунем ин метавонад ба саломатии мо зарар диҳад. Қайд кардан ба маврид аст, ки қисми одамон интернетро ба зарари худ истифода мебаранд аз ҷумла наврасоне, ки ба даст телефон мегиранд намедонанд, ки чӣ гӯна истифодаи интернет манфиятдор аст.

tablet

Интернет воситаест барои сайқал додани ҷаҳонбинии мардум. Имрӯз бо мурури замон техника ва технология тараққӣ карда, интернет дастраси мардум гардид. Қариб ҳамаи корхонаю муассисаҳои кишвар бо интернет таъмин шудаанд, ки фоли нек аст. Интернет мушкилоти хонандаро осон карда, ба забондонию ҷаҳонбинии ӯ мусоидат мекунад. Вале дар баробари ин тарафи манфӣ низ дорад. Агар хулоса кунем, интернет барои инсон фоидаи бештар дорад.

Воқеан, интернет тарғибу ташвиқкунандаи маърифату маданияти ҷомеа, раҳнамои хонанда ба сӯи илму дониш, тавлидкунандаи идеяҳои нав дар чорсӯи зиндагӣ мебошад. Ҳамачиз дар ҷомеа мавқеи худро дошта, аз ду тарафи муқобил манфӣ ва мусбат иборат аст. Инчунин интернет низ аз ин боис наврасону ҷавононро зарур меояд, ки интернетро бо меъёраш истифода баранд.

 

Зикрулло Раҷабов

донишҷӯи соли чорум

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.