SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."

Ramon

Ҳар ки бо меҳру вафо бар халқ хидмат мекунад,

Номи худро сархати девони миллат мекунад.

          Халқи тоҷик аз замони зуҳур то ба имрӯз зинаҳои мухталифи ташаккулро аз сар гузаронид. Фарзандони бонангу номус ва содиқу ҷасури он дар ҳама айём марзу буми аҷдодии хешро ҳимоя карда, аз худ қаҳрамониву ҷонфидоиҳои бе мислу монанд нишон додаанд.

 

 

Корнамоиҳои Шераку Деваштич, Темурмалику Восеъ ва дигарон раҳнамои зиндагии мо маҳсуб меёбанд. Ҳар яке аз ин мардони майдон дар ҳифзи адолат ва хоки аҷдодӣ саҳми беназир доранд, ки мо то имрӯз аз қаҳрамониҳои онҳо ҳарф мезанему ифтихор менамоем.

         Хушбахтона, минбаъд низ чунин афроди меҳнатдӯст баҳри таъмини амният ва боло бардоштани дараҷаи худогоҳиву ҳуввияти миллӣ ва ифтихори ватандорӣ пайваста заҳмат кашида, сипар бар синаи ин миллат гашта истодаанд. Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ба 6 нафар фарзандони барӯманди ин миллат унвони ифтихории «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

         Садриддин Айнӣ (1997), Бобоҷон Ғафуров (1997), Эмомалӣ Раҳмон (1999), Мирзо Турсунзода (2001), Нусратулло Махсум (2006), Шириншоҳ Шоҳтемур (2006) аз зумраи абармардони бонангу номуси миллати тоҷиканд, ки сазовор ба унвони қаҳрамонӣ гаштаанд. Хидмати беғаразонаи ин ашхоси соҳибватан дар рушди фарҳангу адаб, сиёсату адолат ва ҳифзи низоми давлатдорӣ бебаҳост.

         Қобил ба зикр аст, ки қаҳрамонӣ аслан заҳмату ранҷи бешумор ва аз худ гузаштану ҷоннисориҳои нотакрорро тақозо мекунад. Ин унвони олӣ насиби ҳар нафар намегардад. Афроде сазовор ба он мегарданд, ки бо аъмоли ҷавонмардонаи хеш барои ҳамешагӣ дар қалби ин миллат маъво мегиранд ва асло аз саҳфаҳои таърих зудуда намегарданд. Новобаста аз дигаршавии сохти ҷомеа ҳар як давру замон қаҳрамон ва хирадманди вижаи худро меофарад. Боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар як соҳибватану соҳибмиллати тоҷик аст, ки замони истиқлолият қаҳрамони худро сохта дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон. Бешак, ӯ қаҳрамон аст, зеро корнамоиҳои беназираш барои боло бардоштани шӯҳрату нуфузи тоҷикон дар арсаи ҷаҳон нақши муасссир дорад. Аз замони нишастан ба курсии роҳбарӣ пайваста дар сар андешаи ободиву созандагӣ мепарварид ва ҳамин буд, ки имрӯз Тоҷикистон табдил ёфта ба як макони афсонавӣ. Ташаббусу иқдомҳои наҷибонааш дар сатҳи ҷаҳонӣ, ки марбут ба масоили об аст, номи кишвари моро дар сархати расонаҳои байналмиллалӣ қарор дод. Бузургтарин кишварҳои сайёра оид ба Тоҷикистон мегӯянду доротарину шӯҳратмандтарин сайёҳон ҳаваси дидани онро доранд. Ҳатто бо харҷи маблағҳои гаронарзиш меоянду аз як пораи биҳишт дар рӯи замин мебинанду аз зебогиҳояш ангушти ҳайрат зери сафедиҳои дандон мебаранд. Ин ҳама ободиву созандагӣ маншаъ мегирад аз сиёсати созандаи Президенти кишвар.

         Ӯ пешвост! Пешво бар кулли тоҷикони рӯи ҷаҳон. Сипос аз модаре, ки ӯро барои ин миллат ба дунё оварду ҷиҳати раҳоиши ин сарзамин аз вартаи ҷанг ба воя расонд. Сипос аз он падаре, ки варо дар роҳи меҳанпарастӣ тарбия карду барояш дӯст доштани ватанро талқин намуд.

         Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар як фарди бедордил қаҳрамон асту намунаи волои ибрат. Чунки мактаби ҷасорату ҷавонмардиаш ғолибан муваффақ шуд то ба камол расонад ҷавонони арзандаеро дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ. Дар ғами беҳбудии рӯзгори халқаш аст. Ҷаҳд ҷиҳати расидан ба кишвари пешрафтаро дорад ва мо низ эътимоди комил дорем, ки даст меёбад, чаро ки ӯ метавонад. Бо эътимод метавон гуфт, ки шумори шахсиятҳои нотакрор ва қаҳрамонони миллати тоҷик дар оянда зиёд хоҳанд гашт.    

 

Мирсаид Сатториён

донишҷӯи курси дуюм

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.