SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."

salomaty

Ҳангоми назарпурсӣ ман ба саволи “Беҳтарин ганҷ барои шумо чист?” посухи гуногун гирифтам. Баъзеҳо молу сарватро интихоб намуда, қисми дигар вақтро ва баъзеи дигар илму донишро интихоб мекарданд.

 

 

Ман ба хулосае омадам, ки агар инсон тамоми ин чизҳоро дошта бошад, албатта хуб аст ва метавонад бо дониши худ бо гузашти солҳо соҳиби сарвати зиёд гардад ва зиндагии худро тавре хоҳад ороста гардонад, вале ба фикри ман беҳтарин ганҷи инсон ин саломатии ӯ мебошад.

Саломатӣ беҳтарин неъмати Худовандӣ барои ҳар як шахс аст. Тамоми ганҷи дунёро метавон харид, лек саломатӣ ганҷест, ки бо ягон чиз харида намешавад. Зиндагии ҳар инсон аз саломатии худи ӯ вобаста аст. Саломатӣ натанхо барои шахс, балки барои ҷомеа низ зарур аст. Танҳо саломатӣ метавонад моро водор созад, ки барои амалӣ гаштани орзуҳои худ, барои ҳал намудани мушкилиҳои зиндагии худ ва барои расидан ба мақсадҳои худ талош намоем. Саломатии ҷисмониву равонӣ ва иҷтимоӣ дар зиндагӣ нақши муҳим мебозанд. Албатта инсон баъзан ба ин сарвати бебаҳои худ бепарвоӣ зоҳир мекунад, ки ин баъдан боиси пушаймонӣ мегардад. Махсусан наврасону ҷавонон нисбат ба худ беаҳмиятӣ зоҳир менамоянд. Агар дар ин айём ягон узви бадани онҳо дард кунад, онҳо ба ин беаҳмиятӣ мекунанд, вале бо гузашти сол ин дард қавӣ мегардаду баъдан муолиҷаи он душвортар мешавад.

Саломатӣ аз бойигарӣ қимматар аст. Ба қадри ин ганҷи ноёб пеш аз он ки аз даст нарафтааст, бирасем. Барои саломатии худ ва наздиконамон дуо кунем, чунки умр зудгузар аст. Чанд тавсия барои саломатии худро беҳтар намудан:

  • ҳамеша ба варзиш машғул шудан;
  • тановули ғизои солим, аз қабили сабзавоту меваҷот;
  • на камтар аз 8 соат хоб рафтан ;
  • тарки хислатҳои бад ;
  • парҳез аз ғизои равғанин;
  • субҳи содиқ аз хоб хестан ва нӯшидани 1 истакон оби хунук.

 

Рухсора Бозмамадова

донишҷӯи соли сеюм

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.