SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."

love

 

Муҳаббат ҳам забон дорад, ки он панҷ аст: сухани шавқмандкунанда, туҳфа, вақт, ламс ва кӯмак

Гери Чепмен

Баҳром ва Фотима ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ мисли дигар наврасон ба гӯши ҳамдигар ояти ишқ хонда, бо ҳадисҳои зебои ошиқӣ муаллифи табассумҳои якдигар мешуданд.

 

Ин ду дилдода бо боварӣ ва ваъдаҳои зиёд ба ҳам нигариста, ҳар лаҳзаву замон барои якдигар офарида шуданашонро таъкид менамуданд. Ба ҷуз ин, атрофиён ҳам аз он чизе, ки миёни онҳо буд, ҷонибдорӣ карда, умед доштанд, ки ояндаашон дурахшон мешавад. Қисса кӯтоҳ, ин ду ҷавон пас аз чор соли якҷо будан аз ҳам ҷудо шуданд. Чаро? Барои ин ба ҷузъе аз рӯзгори онҳо назар меафканем: пас аз он, ки онҳо бо ҳам унс гирифтанду аҳду паймон бастанд, дигар рӯйи аслиашон намоён шуд. Хоҳишот ва талаботи ҳарду дигар беибо аз якдигар ба сару рӯи ҳам мерехтанд.

Баҳром, ки худ туҳфагириро дӯст медошт, дар муддатҳои муайян ба Фотима гулдастаҳои тару тоза равон мекард ва аз ин худро бисёр хушҳол ҳис менамуд. Дар ин баробар Фотима аз рафтори Баҳром тамоман хушҳол набуд. Ӯ бисёр мехост, ки бо Баҳром вохӯрӣ гузаронад ва бо вай бошад. Бисёр мехост, ки якҷоя вақт гузаронанд, вале Баҳром вақтгузарониро чандон муҳим намешуморид ва илова бар ин, вақт надошт. Мехост, ки гуноҳи бевақтиашро бо туҳфа ҷуброн кунад. Фикр мекард, ки бо туҳфа ниҳоли муҳаббаташро об дода истодааст, бехабар аз он, ки бо ин амалаш барои хушкидани ниҳоли муҳаббат пул сарф дорад. Ин аст сабаби пош хӯрдани муносибати Баҳрому Фотима.

Бо забони муҳаббати якдигар гап зада натавонистан маънои онро дорад, ки бо як тоҷик бо забони фаронсавӣ ё итолёвӣ сухан мекунӣ ва ӯ дар пешорӯят механдад, аммо аз суханҳои ту чизе фаҳмида наметавонад.

Маълум аст, ки пас аз аксар пошхӯрии муносибат миёни ду нафар ҳар кадоми онҳо дар назди атрофиёни худ ба худсафедкунӣ ва сиёҳкунии якдигарашон шуруъ мекунанд. Дар ҳоли ҳозир гунаҳкор кардани якдигар дарди ба хайр аст, зеро ин аллакай одати дерина аст. Балки ҳоло дард он аст, ки мо якдигарро надониста, наомӯхта, таҷриба накарда, даррав аҳд мебандем. Пас аз дарҳам барҳам шудани муносибатҳо пасон гапу калочаи зиёд мекунем. Дар ин бобат мо фикр мекунем, ки ба масъалаи асосӣ кам диққат дода мешавад, ки онро ном забони муҳаббат аст. Пӯшида нест, ки мардуми мо ишқеро ба мисли ишқи ду ҷавони боло бовар карда, ба он бо умеди нек назар меандозанд.

Агар бо диққат назар кунем, маълумамон мешавад, ки дар ин дунё ҳама махлуқоти офаридаи Худованд забон доранд, вале на ҳамаи мо бо онҳо бо забони худашон ҳарф мезанем. Муҳаббат, ки Офаридгор онро на ба ҳар кас лоиқ медонад, забони гуфтугӯйи худро дорад.

Бисёр хуб мешавад, пеш аз бо нафаре аҳд бастан, фарқ надорад он чӣ гуна аҳд аст, аҳди муҳаббат, бародарӣ, дугонагӣ, дӯстӣ, аввал забони муҳаббати ҳамон нафарро омӯзем. Бисёр кам мешавад, ки ду нафар зуд ва бе мушкилӣ забони муҳаббати ҳамдигарро омӯзанд. Боварӣ дорем, ки забони муҳаббати атрофиёнатонро меомӯзед ва риштае, ки Шуморо бо онҳо мепайвандад, ҳеҷ гоҳ кандашавӣ намемонед.

Бовар дорем, ки аз имрӯз ба омӯхтани забони муҳаббати атрофиёнатон мепардозед. Ва боз боварӣ дорем, ки аз уҳдаи омӯзиши забони муҳаббати ҳама атрофиёнатон баромада, намегузоред, ки миёни шумо ва онҳо нофаҳмие ҷой дошта бошад.

Ҳаёти хуб ва хотирмон насибатон!

 

Дилмурод Юсуфов

донишҷӯи соли чорум

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.