SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."

vera-v-cheloveka

Дурӯғ ба мисли барги хушкидаи дарахтест, ки бо вазидани каме шамоли ҳақиқат ба замин меафтад (ошкор мешавад).

Бори охир Шумо кай дурӯғ гуфта будед? Бори охир ба Шумо кай дурӯғ гуфта буданд? Бори охир кай шоҳиди дурӯғгӯии нафаре ба нафари дигар шудед?

 

 

Агар ки аз ин се савол ҳадди ақал ба якеаш ҷавоби дуруст дода тавонед, пас табрик, зеро Шумо яке аз узвҳои фаъоли ҷомеаи мо маҳсуб мешавед. Ҷавоб дода тавонистан ба ин саволҳо шаҳодати он аст, ки мо ё Шумо ба ҳодисоти табиат ва муносибату муоширати одамон бетараф нестем.

Мо ҳамаамон медонем, ки дурӯғ аз дурӯғ фарқ дорад, ҳатто фарқи калон. Тафоввут дар он аст, ки дурӯғи бархе аз рӯйи тангдастӣ, нодорӣ, бечорагӣ, қарздорӣ, мушкилӣ, гурез аз қудратдоре, бепулӣ... ва дурӯғи қисми дигар бошад, , найранг кардан ба дигарон, дар ташвиш мондани мухотаб ва аз ҳама муҳим одати бад онҳоро водор мекунад, ки бо росту ростӣ ҷангию ногап шуда, борони дурӯғро ба сару рӯйи ҳар нафари пеш омада резанд.

Имрӯз чоршанбе аст. Медонам, бо хондани ин ҷумла шумо ҳам хонандагони гиромӣ “бале” гуфта тасдиқ кардед. Рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда ба якуми апрел рост меояд, ки дар мо рӯзи ханда ё худ рӯзи дурӯғгӯён унвон додаандаш. Порсол дар ана ҳамин рӯзи дурӯғгӯён Шодмон пиру барноро хушҳол карда, ҳама мардуми маҳалларо ба зиёфат даъват карда буд. Аз сабабе, ки мардуми мо зуд бовар ва нисбат ба якдигар самимиянд ҳама ба хонаи падари Шодмон омаданд, аммо на аз зиёфат дарак буду на аз Шодмон.

Аҳлу оила дар як ҳалати бад ва ногувор қарор гирифта, ба худ ва шароиту зиндагии худ садҳо маротиба лаънат мефиристоданд, бо пойҳояшон заминро сӯрох кардан мехостанд, то ки мардуми омадаро дада натавонанд. Дар ин ҳол зиёфатхабаркун пайдо шуда, ҳамаро мазоху масхара карда, “Первый апрель - никому не верь” гӯяён мардумро гусел кард. Аз ин ҳодиса ду рӯз гузашт. Дар оилаи Шодмон мотам шуд. Вале касе ба ҷаноза наомад, зеро ҷанозахабаркун Шодмон буд.

Ин дунёро, хусусан ҷомеаи моро бо дурӯғ, фиреб, найранг, хандаи қалбакӣ ва боз ҳазору як нағмаи дигар хӯрдану аз худ кардан имкон дорад. Ва иловатан, барои ба мақому мартабае расидан яке аз омилҳои асосӣ дурӯғ гуфта тавонистану дурӯғгӯиро фаҳмидан аст.

Ба ҳисоби миёна одамоне, ки ба ҷуз зиндагӣ кардан, боз аз пайи чизе ҳастанд ва мехоҳанд, ки дар ин дори фонӣ “шоиста” ба сар баранд дар як соат аз 3 дурӯғ зиёд гуфта, ин рақам дар 24 соат наздики 200 мешавад.

Дурӯғ гуфтан ба вақту замон алоқаи зич дорад. Масалан, дар моҳи Рамазон бисёриҳо аз дурӯғ гуфтан парҳез мекунанд, аммо ин танҳо барои 30 рӯзаст! Дар ин росто метавон гуфт, ки боз ҳастанд нафароне, ки дар ин моҳ дурӯғро зиёд мегӯянд. Зеро ба қавле агар нагӯянд фоида ба даст намеоранд. Мисоли дигари мавсими дурӯғгӯйӣ ин иду ҷашнҳо мебошад. Тадқиқотҳо муайян кардаанд, ки зиёда аз 80% фоизи туҳфаҳои карда шуда ба туҳфагирандагон писанд намеоянд, аммо барои он ки шахси ҳадядиҳанда хафа нашавад “маҳқул шуд”, “чӣ хел туҳфаи хушрӯ”, “раҳмат, фикри хуб кардӣ” мегӯянд.

Ҳар нафаре, ки бисёр гап мезанад, дурӯғ мегӯяд. Ҳар нафаре, ки аз мавзӯи аввалиндараҷа ба дуввумдараҷа мегузарад, дурӯғ мегӯяд. Ҳар нафаре, ки аз савол мегурезад, дурӯғ мегӯяд. Ҳар нафаре, ки дар вақти суханронӣ кардан бо забони узвҳояш кӯшиши фаҳмондани мухотабашро мекунад, дурӯғ мегӯяд. Ҳар нафаре, ки дар вақти гап заданаш услуби суханронияшро иваз мекунад, дурӯғ мегӯяд. Ҳар нафаре, ки қасам мехӯрад, дурӯғ мегӯяд. Ҳар нафаре, ки мехоҳад дигарон ба суханҳои вай бовар кунанд, дурӯғ мегӯяд...

Биёед, аз ин ба баъд дигар дурӯғ намегӯем.

 

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

донишҷӯи соли чорум

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.