SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."

garmoniya

Мо ҳамеша барои хушбахт будан, муваффақ шудан, шоиста зистан имкон дорем, танҳо бояд дар хотир дошт, ки ҳамеша ва дар ҳама ҳолат роҳе ҳаст.

 

 

Маъруф ва Мардон, ки имсол довталабони мактаби олӣ буданд бо вуҷуди аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон смс-паёмаки мусбат гирифтанашон ғамгину парешонхотир буданд. Ҳарду мехостанд тарҷумони забони немисӣ шаванд, вале аз рӯи холи бадастоварда ва тақсимоти ММТ ҳарду ҳам донишҷӯи факултаи филологияи тоҷик қабул шуданд. Ба қавле донишҷӯии тасодуфӣ дар насибашон будаасту онҳо ҳам ба ин тақдири азалӣ тан доданд.

Ҳарду дар хобгоҳи донишгоҳ ҷой гирифтанд. Ҳарду дар як ҳуҷра ҷойгир шуданд. Ҳарду болои рахти хоб нишастаанд. Хомӯшанд. Хомӯшӣ. Оромӣ. Сукути бадтар аз вою дод. Ногапии қаҳтӣ. Ба фикр фурӯ рафтанд. Чӣ кор карданашонро намедонанд. Ҳоло, ки дарсҳо оғоз нашудаанд, ҳоло, ки аз ҳисоби вақти донишҷӯӣ чизе беҳуда сарф накардаанд, ҳоло, ки ба ихтисосу факултаи мехостаашон дохил шуда натавонистанд, ҳоло, ки фурсат доранд бояд фикр кунанд.

Дар сари Мардон ин фикрҳо чарх зада истодаанд: “Аз кӯдакиям тарҷумон шудан мехостам, Худо нахост, ки ман ба факултаи тарҷумонӣ дохил шавам. Акнун ҳама умеду ҳавасҳоям ба таги хок рафтанд. Баробари ба факултети филологияи тоҷик дохил шудан, онҳоро дар мазористони хотираҳо гӯр кардам. Дигар барои ман хондану нахондан фарқ надорад. Зеро аз дусар ихтисоси ҳозираамро намефаҳмам ва шавқу ҳавас ҳам надорам. Ояндаи ман паҳну парешон шуд. Худамро гум кардам. Дигар зиндагӣ бароям он қадар муҳим нест. Ман ихтисоси ҳозираамро тамоман намефаҳмаму намедонам. Ман хуб медонам, ки маҳз бо айби ММТ даҳҳову садҳо нафари дигар монанди ман ба факултае шомил шудаанд, ки бар ивази нафаҳмидану нахостанашон, боз нисбати ҳамон ихтисос ғашу нафрат ҳам доранд. Эй вой, эй дод, эй фалак, эй...”

Бо ин баробар ҳамкурсу ҳамхонааш Маъруф ҳам фикр мекард. Дар сари ӯ чунин фикрҳо чарх мезаданд: “Ман ба факултаву ихтисоси интихобкарда ва мехостаам нагузаштам ва маро тақдири кашидаи Худо ба факултаи филологияи тоҷик овард. Шукри ин тақдир мекунам, зеро хуб медонам, ки ҳатман дар ин кор ҳикмате ниҳон аст. Дуввум, ман ба факултети тарҷумонӣ дохил шуда натавонистам ин маъноеро надорад, ки аз мақсаду нақшаҳоям даст кашида, вақтамро барои аз ёд кардани қоидаҳои исму сифату феъл сарф кунам. Дар ихтисоси мехостаам таҳсил накарданам маънои ба пуррагӣ даст кашидан аз тарҷумониро надорад. Саввум, ман кӯшиш мекунам, ки дар ин чор соли таҳсил пеши худ 4 ҳадафи бузург гузошта, ҳар сол ба якеаш бирасам. Ҳадаф яъне касбе, шуғле ва ё пешаеро аз худ кардан аст. Чаҳорум, агар ки ман соли аввали таҳсил пурра ба омӯзиши забони немисӣ машғул шавам маънои онро дорад, ки як забони хориҷиро, ҳамон забони хориҷиеро, ки тӯли чор соли донишгоҳ аз худ кардан мехостам ёд гирифтам. Агар ман соли дуввуми таҳсиламро ба ёд гирифтани муҳимтятҳои технологияи муосир сарф кунам, ин маънои чанд кадам сӯи пеш ҳаракат кардани маро дорад. Агар ман соли саввуми таҳсиламро ба омӯзиши муҳимиятҳои блоггерӣ ва аудиторияи фазои маҷозӣ сарф кунам, ин маънои рушд ва пешрафти маро дорад. Агар ман соли чаҳоруми донишҷӯиямро ба омӯхтани педогогига ё психология сарф кунам, ин маънои соҳиби касби иловагӣ доштани маро дорад. Дар маҷмӯъ метавонам бигӯям, ки дар чор соли таҳсил забондон, технологияи муосирро сарфаҳм мерафтагӣ, блоггер ва психолог ё педагог мешавам ва ин ҳазор маротиба хуб аст бароям аз он ки дар ихтисоси худам мегузаштам ва як чизро меомӯхтам. Ба фикрам ҳамин аст ҳикмати Худованд.

Дар зиндагӣ ҳар кадоме аз мо метавонем Мардон ё Маъруф бошем ва ин пеш аз ҳама вобаста аст ба интихоби кардаамон.

 

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

донишҷӯи соли чорум

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.