SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."

greenecon

Андешаи ҳокимон барои мардуми ҳамаи давру замон аҳамияти бузурги таърихию стратегӣ дорад, зеро ҳаёт бидуни татбиқи ғояи онҳо мукаммал буда наметавонад. Дар масири таърих инсоният ҳеҷ гоҳ чун имрӯз барои рушд ва инкишоф додани сохтори тафаккуру андешаҳои худ имконият фароҳам наоварда буд.

 

 

Бо вуҷуди ҳама комёбиҳои бадастомада, як қатор муаммоҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва экологӣ насли сайёраро ба ташвиш андохта, уламову ҳукамои давр ҷиҳати бартараф намудани онҳо, идеяҳои комилан нави рушдро пешниҳод намуда истодаанд.

         Албатта, ҳаёти инсонӣ бе мушкилию муаммо буда наметавонад, вале вазифаи илму сиёсат ва рисолати ҳоким дар заминаи андешаҳои олим барои аҳли башар идеяи роҳи расидан ба «зиндагии хуб» - ро нишон дода тавонистан аст. Мусаллам аст, ки ҳар як давлату ҷомеа маҳз худ бояд нақши роҳи худро ҷиҳати ҳадди ақал мукаммалгардонии ҳаёти сиёсӣ - экологии худ ва муттаҳид намудани доираи иқтисодӣ дар фазои ягонаи ҷаҳонӣ муайян созад.

         Имрӯз дар сайёраи Замин муаммоҳои экологии ба ҳамагон маълум мавҷуд аст, чун болоравии таъсири газҳои гулхонаӣ, харобсозии радиатсия, заҳролуд шудани қабати ҳаво, ҳодисаҳои тағирёбии иқлим ва ивазшавии ирсият, бӯҳрони экологӣ, нестшавии захираҳои табиӣ, норасоии оби нӯшокӣ, афзоиши партовҳо, муаммоҳои демографӣ ва ғайраҳо. Барои рафъи ин муаммоҳо роҳҳои гуногун мебояд ҷуст, то дар роҳи гузаштан ба низоми иқтисоди сабз ғолиб шавем. Бинобар ин андешаҳои поён комилкунандаи афкори мо дар ин самт хоҳад буд.

         Дар раванди тавлиду истеҳсоли неъматҳои ҷамъмиятӣ давлат бояд на танҳо ба қобилияту омӯзиши манфиати аъзоёни ҷомеа такя кунаду бо дастгирии соҳибкорон саноатро чархонад, балки вай худ неъматҳоеро истеҳсол кунад, ки манфиатҳои миллату ҷомеа дар ҷавҳари он зоҳир гардад. Хосатан, дар давраи соҳибистиқлолӣ ҳаҷми бузурги тавлиду бунёди неъматҳои ҷамъиятӣ бар дӯши давлат аст. Албатта, ки кишвари мо аз уҳдаи ин ба пуррагӣ баромада истодааст, вале ин маънои онро надорад, ки дар ин самт дигар гиреҳҳои кушоданашуда нестанд. Масъалаи асосӣ ин вазъияти нобасомони экологӣ ва иқтисодист. Бояд донист, ки тақдири ҳар минтақаро вазъи экологию иқтисодӣ он муайян месозад.        

         Яке аз мубрамтарин масъалаҳо имрӯз вайроншавиии ҳавост, ки мутаассифона, мо онро дар раванди инкишофи илмҳои техникӣ зиёдтар мебинем. Дар воқеъ як автомобил бо ҳисоби миёна соате 120 грамм моддаи заҳролудро ба ҳаво пош медиҳад. Он масофаи 1000 километрро тай намуда, он қадар оксигени тозаро фурӯ мебарад, ки ин миқдорро одам дар муддати як сол нафас мегирад. Миқдори моддаи заҳролуде, ки як самолёти реактивӣ ба ҳаво пош медиҳад, аз партови як автомобил дида ҳафт ҳазор маротиба бештар аст. Акнун, хулосабарорӣ вазифаи шумост.

         Бояд зикр намуд, ки муносибати имрӯзаи инсон бо табиат, муносибати фаъолонаест, ки саросар аз амалиётҳо дар самти дигаргунсозии олам иборат аст. Ҳамзамон, дар ин раванд ҳастанд омилҳое, ки гузариш ба иқтисодиёти сабзро таъмин намуда, табиатро ҳифз менамоянд, чун густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ё бо истилоҳ «гуфтугӯи тамаддунҳо». Вазъи ҳозираи экологӣ тақозо мекунад, ки қувваи хираду дониш на фақат бо идеалҳои зебоӣ, ободӣ ва монанди ин, балки бо он идеалҳои ахлоқӣ низ сахт пайваст шавад. Дар замоне, ки назарияҳои зиёд мавҷуд буда, ҳар яки он нуфузи худро дорад, халқҳо аз ҳарвақта дида ба «гуфтугӯи тамаддунҳо» бештар ниёз доранд. Танҳо ҳамгироиву шарикии иқтисодист, сатҳи мубодилаи иқтисодиёти сабзро баланд месозад. Маҳз дар натиҷаи “гуфтугӯи тамаддунҳо” ва шарикии иқтисодӣ воридоту содирот ба амал меояд ва он метавонад, ки сатҳи камбизоатиро паст намояд.

         Омилҳои дар ин самт мавҷуда вазъи муаммои муосири байналхалқиро муайян месозанд. Фақат ва фақат идеяи сиёсатмадорон ва иқтисодчиён барои бартарафнамоии онҳо кӯмак мерасонад.

         Яке аз муаммоҳои дигари гузариш ба низоми иқтисодиёти сабз ин бартарафсозии қашшоқии аҳолист, зеро миллати камбизоат наметавонад таҷҳизотҳои гаронарзиш харида аз ҷиҳози кӯҳнаи худ, ки ба ин низом мувофиқат намекунанд, даст кашад. Дар робита ба пешгирии қашшоқшавии аҳолӣ ва роҳҳои бартарафсозии он гуфтан мумкин аст, ки давлат тавонмандии бунёди имкониятҳоеро дорад, ки метавонад он ба пастшавии қашшоқӣ орад. Қайд бояд кард, ки одамон маҳсули ғояяҳояшон буда, дар кадом сатҳ қарор доштани сарвати онҳоро муайян мекунад. Аз ин рӯ дарки қобилият ва истеъдод сарчашмаи ҳар гуна хушбахтӣ ва комёбиҳои иқтисодист. Бояд одамон ба ғояи худсозӣ ва шинохти воқеии ҳаёт гузаранд. Камбизоатиро бо гузоштани пасандоз ва сармоягузорӣ метавон аз байн бурд. Маҳз рафтори хирадмандонаи шахс метавонад зиндагии ӯро тағйир диҳад. Шахс дар ҳаёт пеш аз ҳама бояд мақсадҳояшро муайян намояд, сипас, фаъолияташро аз рӯи онҳо ба роҳ монад. Барои раҳидан аз бебизоатӣ шахс бояд рӯҳияву андешаҳояшро дигаргун сохта, ба ақл, ирода ва мақсадҳояш такя намоянд.

         Яке аз омилҳои дигари пасткунандаи сатҳи қашшоқӣ ҳамроҳшавӣ ба раванди ҷаҳонишавист. Ҷаҳонишавӣ бидуни ягон шакку шубҳа сатҳи қашшоқиро паст менамояд, зеро ташкил шудани иқтисодиёти якҷояи кишварҳо боиси тезтар инкишоф ёфтани кишварҳои ақибмонда ё рӯ ба инкишоф мегардад ва ин раванд одатан паҳлӯҳои васеъ дорад. Бар замми ин, таҳримҳое, ки роҳандозӣ мегарданд, маҳсулнокии ҳар як намуди фаъолиятро метавонад баланд мебардорад ё баръакс паст фарорад, зеро давлатҳои абарқудрат монеаҳои ҷиддие барои маҳсулоти кишварҳои нисбатан қашшоқ эҷод мекунанд, ки ин боиси аз даст додани бозори савдо мегардад.

         Муаммои дигар баробарӣ ва адолати иҷтимоист. Одамон бояд акнун дарк кунанд, ки баробар офарида шудаанд ва дар раванди зиндагӣ низ баробаранд. Ҳеҷ қуввае наметавонад ба гардани онҳо муҳри ғуломӣ занад ва ҳеҷ як нафар ё дастгоҳи муайян ҳуқуқ надорад шахсро тобеи худ созад. Ҳар як нафар ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ ва моликиятро дорад. Дар ҷомеаи муосир ҳамаи одамон бояд имкониятҳои баробар дошта бошанд. Агар дар ҷомеаи муосир ҳама аз рӯи принсипи баробарӣ амал намоянд, он гоҳ адолат ҳосил хоҳад шуд. Бояд қабул кард, ки агар одамон эҳсоси баробарии ахлоқ, озодӣ, виҷдон ва ғайраро надошта бошанд, ҳеҷ гоҳ адолати иҷтимоӣ миёни онҳо зуҳур нахоҳад кард. Аз ин рӯ «хиради ноосферӣ» хеле муҳим мебошад. Бахт он гунае, ки барои мо муқаддас аст, барои дигарон низ ҳамин тавр бояд бошад. Аз рӯи мақоли “Он чӣ ки ба худ намеписандӣ ба дигарон низ маписандл” бояд рафтор намуд. Бунёди ҷомеаи баробар, ки дар он ҳар як фард мавқеи иҷтимоии воқеӣ дошта бошаду бо дигарон баробар гашта, чун шахсият эътироф шавад, нахуст талаботи замони муосир мебошад, ки бояд риоя гардад.

 

greenec

         Дар шароити муосир ҳар як нафар бояд дарк намояд, ки ҳама халқиятҳои дар рӯи замин сукунатдошта ба ҳам тавъаманду сахт аз якдигар бастагӣ доранд ва бидуни муносибати байни ҳам ақаллан як сония ҳам зиста наметавонанд. Ҳамзамон, бояд фаҳмид, ки муаммоҳои муосири экологӣ на фақат ба як халқу давлат, баки ба ҳама банни башар таъсир дорад ва маҳз ба ҳамин хотир мо худро ҳар лаҳза дар ҳолати омодашавӣ қарор диҳем, то хатарҳои таъкиднамудаамон ба сарнавишти халқамон таъсири манфӣ нарасонад. Дар масири ҳаёт ба ҳар як фарди аҳли илм лозим аст, ки ба ғояи худсозӣ ва иқтидори экологиву захиравии кишвари худ ҷиддӣ такя намояд. Бояд гуфт, ки қисми зиёди муаммоҳо ба тамоми сокинони сайёра маълуманд ва ҳамаи давлатҳо барои бартарафнамоии онҳо мубориза мебаранд, вале дар ин раванд ҳастанд муаммоҳои ифшоношуда

         Инсоният тавон ва ҳуқуқи эҷод намудани ҳама гуна арзишҳоро дорад, аммо бояд ба ихтирооте, ки башарро «як қадам ба пеш, вале сад қадам ба қафо мебарад» ҳаргиз набояд даст занад. Агар инсоният миёни худ бо сулҳ зистанро наомӯзад, ҳатман ҷои онро ба ҷанг медиҳад ва пайваста дохили низоъ умр ба сар мебарад. Халқе, ки ба сарнавишти наслҳои оянда беэътибор аст, асло бахшида намешавад. Инсоният бояд дарк намояд, ки ҳар амали нисбати табиат анҷомдодааш рӯзе ҳатман ба худаш бармегардад. Ин ҳақиқатест бебаҳс.    

Мирсаид Сатториён

донишҷӯи соли дуюм

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.