SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."

ВАраҚи Тоза

.jpg

 

Зиндагӣ гар хӯрдану хобидан аст,

Ман талоқи беҳисоб кардам в-ро

Ӯ бисёр хоб кардан мехоҳад.

Ӯ бисёр бекор гаштан мехоҳад.

Ӯ бисёр дар ютуб нишастан мехоҳад.

Ӯ бисёр бо телефон суҳбат кардан мехоҳад.

Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр нависонавис кардан мехоҳад.

Ӯ дар фикре нест, ки имрӯз ба хотири фардояш коре кунад.

Ӯ хостгори илмомӯзӣ нест.

Ӯ дар талаби дигаргуншавӣ нест.

Ӯ кӯшиши ивазкунии зиндагияшро надорад.

Ӯ аз худ бехуд аст.

Ӯ чӣ кор карданашро намедонад.

 

Ӯ мунтазир аст, ки касе пайдо мешаваду ба зиндагияш дигаргуние ворид мекунад.

Ӯ дар дараҷаи олии тамбалӣ қарор дорад.

Ӯ ҳоло мехоҳад, ки ин навиштаро нахонад ва ҳатто сомонаи мазкурро пӯшад, зеро бо ном бурдани ҳама ҷузъҳои зиндагияш асабӣ шуд.

Ӯ дар зиндагӣ танҳо вуҷуд дорад, нафас мегирад, мехӯрад, мепӯшад, мегардад, мебинад, эҳсос мекунаду халос. Ва инро наметавон зиндагӣ номид, чунки дар дохили чунин умр ба ҷуз вуҷуд доштан дигар чизеро дидан мумкин нест. Вале бадбахтона ӯ инро зиндагӣ мешуморад.

Ҳар нафар метавонад “ӯ” бошад ва “ӯ” ягон одами конкрет нест. Аммо агар ҷумлаҳои дар боло омада ҷузъе аз зиндагии нафареро ташкил диҳанд, пас вай “ӯ” аст ё ба “ӯ” шудан наздик шуда истодааст. Ва камбахтона, имрӯз дар ҷомеаи мо зиёданд чунин нафароне, ки дар зиндагиашон зиндагӣ намекунанд, балки танҳо вуҷуд дошта, нафас мекашанд.

Ҳамчунин агар мо ҳолати мазкурро аз равзанаи дигар назар кунем, чанд “стик”-еро меёбем, ки онҳо дар худ навиштаҳои гуногун доранд.

Зиндагӣ ба мо имконияти бисёр чизро омӯхтан, истифода кардан, аз худ чизе мондан, ба мардум хидмат кардан... медиҳад. Мо имкон дорем, ки худро кашф кунем. Барои кашфи дигарон ба онҳо кӯмак кунем. Худро ёбем. Дигаронро кӯмак кунем, то ки онҳо ҳам худро ёбанд. Барои худ мақсад гузорем. Ба дигарон барои мақсадгузоштану ёфтанашон кӯмак кунем. Ҳамаи ин имконотро мо дорем. Вале агар онҳоро мо истифода накунем онҳо бекор ва бенатиҷа ҳастанд.

Барои ба инҳо расидан бояд фикр кард. Фикри дигаргунӣ илова кардан. Фикри ивазкунии ҷузъҳои зиндагӣ. Фикри ба худ омадану дар дохили худ зистан. Ва фикри бо имконоти мавҷуда мувофиқ кардани орзуву мақсадҳои доштаамон.

Дар ин баробар танҳо бояд аз баъзе корҳои нодаркор даст кашид. Аз корҳое даст кашид, ки ба мо ба ҷуз бадбахтӣ ва нокомӣ дигар чизе намеоранд. Аз корҳое даст кашид, ки ба ҷуз вақти моро гирифтан дигар нақше намебозанд. Аз корҳое даст кашид, ки ба ҷуз бадномӣ ва бадбахтӣ ба мо чизе намедиҳанд.

Бояд дар хотир дошт, ки дигаргуншавӣ ва дасткашӣ аз корҳои беҳуда зуд ба мо муясар намегардад. Зеро мо ба тарзи зиндагии қаблиамон дар чанд муддат одат карда будем ва табиист, ки барои дигаргун кардани он бояд чанд вақти дигар сарф кунем. Ва Худо кунад, ки мо ба ҳама хостаҳоямон бирасем.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

донишҷӯи соли чорум

P.S: Ҳамеша имкони аз варақи тоза оғоз кардани зиндагӣ ҳаст, ба шарте, ки худамон хостгорӣ ин бошем.

 

 

 

 

 

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.