SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."

ТЕЛЕВЕЗИОН – ОИНАИ КИШВАР

 _1.png

          Асри ХХI - ро асри иттилоот, техникаву технология ва ҳатто нанотехнология низ мегӯянд, зеро дар ин аср инсоният ба як қатор дастовардҳои баланди илмиву технологӣ ноил гашт, ки як аср пеш дар бораашон ҳатто тасавурот ҳам надошт ё ақаллан андеша низ намекард. Технология ончунон пеш рафт, ки аз як навъи таҷҳизот ҳазорон намуди он ба миён омад. Соҳаи коммуникатсия ҳам рушд кард. Мо имрӯз метавонем, ки аз ин гӯшаи дунё нишаста бо он канораш ҳамсуҳбат шавем ё аз ойи нишастаамон бо зер кардани тугмачаи оинаи нилгун аз ҳоли дигар сокинони сайёра огоҳӣ пайдо кунем. Ҳамаи ин пешрафту дастовардҳо танҳо ба як мақсад, барои бештар ба даст овардани иттилоъ равона мегардад. Аз ин рӯ мавқеи иттилоъ дар ҷомеъа ин қадар муҳим гаштааст, ки ҳатто ҷомеаро ҷомеаи иттилоотӣ гуфтанд.

         Дар миёни ин қадар дастовардҳо ВАО низ шомил аст. Ҷиҳати фарқкунандаи дастовардҳои соҳаи ВАО аз дигар соҳаҳо дар он аст, ки он дар баробари тараққиву инкишоф ёфтанаш дар ҳамаи ин равандҳо саҳми калон дорад ва ба он суръат бахшида истодааст. Бинобар ин доимо ба он таваҷҷуҳи махсус медиҳанд. ВЭА (васоити электронии ахбор) ин як шохаи ВАО аст, ки дар оянда моро хеле дар ҳайрат хоҳад гузошт. Қисмати чопии ВАО (матбуот) бошад оҳиста - оҳиста мавқеашро ба ВЭА дода истодааст, вале аз байн рафтанӣ нест, фақат аз шакли чоппӣ ба шакли электронӣ гузариш дорад (таъсиси оҷонсии “ASIA – Plus” аз ҷониби медиахолдинги «Азия - Плюс», ё рўзномаву маҷаллаҳои дигар, ки дар шабакаи интернет саҳифаи электронии худашонро доранд, чун “Фараж”, “СССР”, “Пайк” ва ғайраҳо). Бинобар ин вақте ки ВЭА мегӯем, анқариб тамоми ВАО - ро дар назар дошта метавонем.

          Агар мантиқан андешем ҳама он чизе, ки дар ҷомеа мавқеи муҳимро касб мекунад, аслан таваҷҷӯҳи мардум ба сӯйи он бештар мешаваду эҳтиёҷашон зам меафзояд, ки дар натиҷа таъсираш зиёдтар шуда ба воситаи идоракунандаи ҷомеа табдил меёбад. ВЭА дар ҳоли ҳозир айнан дар ҳамин ҳолат қарор дорад. Аз ин рў ҳар нафаре, ки мехоҳад афкорашро ба доираи зиёди аҳолӣ бор кунад аз ВЭА истифода мекунад, зеро ҳар рӯз қариб ҳама бо он рӯ ба рӯ мешаванд. Ин роҳи осон, беҳтарин ва қулай аст, ки тавассути он натиҷаи дилхоҳро ба даст овардан мумкин аст.

          Васоити ахбори электронӣ, аз ҷумла телевизион дар шароити ҷаҳонишавии фазо ва вақт инкишоф ёфта аслан бо мақсадҳои илмию техникӣ ҷиҳати назорати соҳаҳои саноат, нақлиёт ва монанди ин истифода бурда мешавад. Имрӯз дар ҷаҳон кишваре нест, ки дар он шабакаҳои телевизионӣ фаъолият надошта бошанд. Бояд қайд кард, ки шабакаҳои телевизионии ИМА, Британияи Кабир, Италия, Япония, Германия, Россия ва дигар мамолики муттарақӣ яке аз бонуфузтарин ширкатҳои телевизионӣ дар кулли ҷаҳон маҳсуб меёбанд.

          Санаи 3 октябри соли 1959 аввалин маротиба дар Тоҷикистон студияи телевизиони “Тоҷикистон” ба фаъолият шурӯъ намуд. Баъдан бо тақозои замон ва талаби вақт дар кишвар дигар шабакаҳо низ ташкил ёфтанд, чун “Сафина”, “Баҳористон”, “Ҷахоннамо”, “Синамо”, “Варзиш”, “Футбол”, “Шаҳнавоз” ва ғайрахо. Аз байни ин номбаршудагон телевизионҳои “Синамо”, “Варзиш”, “Футбол” ва “Шаҳнавоз” ҷавонтаринҳо маҳсуб меёбанд.

          Тибқи омори расиии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар дар соли 2018 ҳудуди 367 рӯзнома (105 ҳукуматӣ ва 262 ғайриҳукуматӣ), 243 маҷалла (113 ҳукуматӣ ва 130 ғайриҳукуматӣ), 11 оҷонсии иттилоотӣ (1 ҳукуматӣ ва 10 ғайриҳукуматӣ), 34 телевезион (8ҷумҳуриявӣ; 2–марказӣ; 24 минтақавӣ ва вилоятӣ) ва 26 радиошабака (5 ҳукуматии умумиҷумҳуриявӣ, 6 хусусии умумиҷумҳуриявӣ, 15 маҳаллӣ) мавҷуд аст.

          Имрӯзҳо таъсири чаҳонишавӣ ба иттилоот ва истеъмолкунандаи он ниҳоят муассир аст. Истеъмолкунандаи иттилоот зери таъсири анбӯҳи маълумотҳои гуногун, хосатан оҷонсиҳои мустаъқилу хусусӣ мемонад. Иттилои назарраси ин манбаъҳо ҳатто дар саҳифаҳои матбуоти ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, минтақавӣ, маҳаллӣ ва барномаҳои радиоиву телевезионҳои Тоҷикистон низ ба назар мерасад. Taҳлилҳо нишондиҳандаи он аст, ки истифодабарандагони иттилоот имрӯзҳо нисбат ба маводи BAO талаботҳои қатъӣ пеш мегузоранд. Дар натиҷаи як тадқиқоти расмии оҷонсии “Зеркало” дар моҳи феврали соли 2017 дар Тоҷикистон муайян гардид, ки бинандагони телевезион (маҳаллӣ, минтақавӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ) ҳудудан - 80% (7 920 000), шунавандагони радио - 44% (3 960 000), оҷонсиҳои иттилоотӣ 36% (3 240 000)), ҳастанд, ки 5 500 000 кӯдакону наврасонанд. Аммо қисми зиёди аҳолӣ хабарҳои рӯзро тариқи саҳифаҳои шабакаҳо дар интернет ё шабакаҳои иҷтимоӣ, чун фейсбук, твитер, одноклассники ва ғайраҳо мехонанд.

Бояд ба назар гирем, ки нафари якум иттилоъро аз матбуот, радио ва телевизион мегирад, вале ҳар як нафари дуюм маълумотро аз интернет мегираду ҳар нафари сеюм умуман рӯзнома мутолиа намекунанд ва ё радио гӯш накарда телевизион тамошо намекунад (ин одамон бештар иттилоотро аз шахсони якуму дуюм мегиранд), пас маълум мешавад, ки аз 3/5 нафар умуман ба матбуот пайвастагӣ надоранд. Аз ин маълумот бармеояд, ки як қисми фаъоли корбарони иттилоот аз нобоварӣ ба ВАО - и муқаррарӣ рӯ ба маводи интернетӣ овардаанд. Агар айнан чунин назарсанҷӣ байни хонандагони нашрияхои ҳукуматӣ гузаронида шавад, манзара ниҳоят ранги дигар мегирад. Танҳо пурсиши холис манзараи воқеиро нисбатан саҳеҳ мегӯяд. Лекин як делел бебаҳс аст, ки аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа бештар истифода шудани технологияи электронии иртиботӣ–интернет сафи истифодабарандагони иттилооти фаврӣ бемайлон меафзояд. Дар чунин ҳолат мушкилоти дигар пеш меояд, Истифодабарандагони иттилоот на ҳама вақт метавонанд мустақилона аз анбӯҳи фаровони иттилооти гуногунмазмуну гуногунсоҳаи интернет боманфиат будани онро интихоб кунанд.

Воқеан, телевизион оинаи кишвар аст. Маҳз кормандони телевизион метавонанд оламиёнро бо зебоиҳои кишвари худ ошно созанду ватани маҳбуби худро ба дигарон муаррифӣ кунанд. Хушбахтона дар телевизионҳои мо имрӯзҳо як қатор барномаҳои муаррификунанда рӯи кор омадаанд, ки метавонанд барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ дар кишвари мо мусоидати бештар кунанд. Ба ин қабил барномаҳо метавон дохил кард “Нигористон” – и Ҷамшед Каримиён ё “Қадам ба қадам” - и Шарафи Кароматуллоро дар телевизиони “Ҷаҳоннамо”.

Боиси хушбахтист, ки имрӯз дар шуъбаву факултаҳои рӯзноманигорӣ мутахассисони соҳа ба муҳассислин дарс мегӯянд ва ҳамин аст, ки фаъолияти ВАО – и мо назар ба даҳ соли қабл ниҳоят пешрафта шудааст. Гузариш ба пахши рақамӣ ва формати HD, пайвастшавӣ ба моҳвора (ҳатто телевизионҳои вилоятӣ ва маҳаллӣ низ имрӯз дар ҳолӣ пайвастшавӣ ба моҳвораанд, ки ин яке аз иқдомҳои хирадмандонаи Кумитаи телевизион ва радиост), фарогирии доираи бештари бинандагон, таҳияи барномаҳои ҷолибу диданӣ, фаъолнокии рӯзноманигорон дар таҳияи барномаҳо, интихоб ва баррасии мавзӯъҳои ҳалталаб ва мушкилоти мардум, ҷалби мутахассисон ва олимону донишмандон ба барномаҳо ва ғайраҳо аз шумори комёбиҳои назаррас дар ин самт ба ҳисоб мераванд. Умед аст, ки дар солҳои наздик телевизионҳои кишвари мо ба оинаҳои ҳақиқии ин миллат табдил хоҳанд ёфт.

 

                              Мирсаид САТТОРИЁН

донишҷӯи соли дуюм

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.