SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."

.jpg

         Хурд будам. Модарам ҳар шаб барои ману бародаронам дар равшании чароғи пилтасӯз ё шамъ китоби “Афсонаҳои халқи тоҷик” мехонд.

 

 

Худро ба ҷои қаҳрамонони ин афсонаҳо тасаввуркунон алорағми ноадолативу носипосиҳо муборизаи кӯдакона мебурдем. Девони бадкешро мағлуб карда, тилисму ҷодуро мешикастем ва донаи меҳру самимиятро дар мазрааи поки кӯдакӣ мекоштем то роҳи ояндаро бароямон равшан созад. Ҳатто келини хонадон низ мунтазири афсонаҳои шабонгоҳии модарам мегашт. Он шабе, ки модарам аз мактаб хаста меомаду зуд хоб карданӣ мешуд, келин мепурсид:

-        Апа, ин бегоҳ афсона намехонед?

              Имрӯз меандешам, ки маҳз ҳамон афсонаҳо дунёи кӯдакии моро рангину ҷолиб намуда, боис гаштанд то мо ба дунё бо чашми дигар нигарем. Ҳамон сафҳаҳои варақгардоншуда, ки бо онҳо лаҳзаҳои тиллоии умрро гардондем, маро водор мекард дар симои лӯхтакчаҳоям қаҳрамонону шахсиятҳоро бубинам. Дар сар ҳавои бозию ғарқи андешаҳои кӯдакона медавидам сӯйи кӯча. Лаби ҷӯйчаи пеши хона менишастаму бо кӯдакони ҳамсоя хокро бо об омехта, одамчасозӣ мекардам.

              Рӯзе ҳамин гуна одамча сохтему баъди анҷоми бозӣ онҳоро ба хонаҳоямон бурдем. Рӯз аз нисф гузашта буду офтоб кайҳо қиём карда. Маҷбуран бародарам дасту рӯямро шӯста маро ба хона даровард то бихобам. Хоб ба зудӣ маро ба оғӯши худ гирифт. Наздикиҳои бегоҳ аз хоб хеста назди одамчаҳо рафтам. Омадамау ҷуз хоки нимхушку пораҳои шикастаи лойи сахт дигар чизеро надидам . Кори кист?”-гӯён аз аҳли хонавода пурсон шудам, аммо ҳама Намедонам мегуфт. Ғам қалбамро мефишурд. Аламам карду гиристам ва фикр кардам, ки шикастани зочаҳои ман ба кӣ ҳаловат мебахшида бошад?

              Чун ба камол расидам фаҳмидам, ки зиндагӣ шикаст хӯрдану барои ба по хестан талош варзидан будааст ва барои ҷаҳду талоши дубора дар пастиву баландиҳои рӯзгор китоб пойдевори асосӣ мегаштааст. Баъдтар одамчаҳои гилини хешро даруни китобҳои бузургон дарёфтам, ки онҳо зинда буданду ҳар яке бо ман ҳарф мегуфт. Дигар фикри дар кӯча бозӣ карданро намекардам, зеро дар пеши ман дӯсти беҳтаринам буду ҳеҷ гоҳе танҳоям намегузошт.

              Ин ҳамаро бо чанд соли охир қиёскунон пойдеворро дар наслҳои имрӯз меҷӯям. Имрӯзҳо ҷомеаи мо аз дӯсти беминнат китоб   дур гашта истодаанду масъалаи ба китобхонӣ рӯй наовардани насли ҷавону навраси кишвар мушкилии давр шудааст.

              Одамон сабаби ба китобхонӣ камтар рӯй овардани насли ҷавонро гуногун шарҳ медиҳанд. Аксарият сабаби асосӣ ин истифодаи барзиёди телефони мобилӣ ва интернетро мешуморанд.

              Аммо ба андешаи ман сабаби асосӣ дар он аст, ки чун солҳои қабл дар хонадони мо афсонаи модару бибӣ дигар кам аст. Имрӯзҳо ҷойи он нақлу ривоятҳои зебо гӯши кӯдаки мо дигар мусиқиҳои аанглисиву эрониро мешунаваду аз овози дилчаспу самимии аллаву афсонаи бехабар аст. Ва ё шояд дастгоҳҳое, ки маҳсули дасти инсонанд дигар худи ӯро идора мекунанд. Шояду гумонҳо зиёданд, вале моро устувор истодан дар доираи раванди ҷаҳонишавӣ мебояд то ки ба фарҳангу арзишҳои миллӣ арҷ гузорему номи бузургмардони миллатамонро пос дорем

                                                    Парвина САМАНДАРЗОДА

                                                                          донишҷӯи соли дуюм

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.