SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."

_мақола.jpg

(Дар ҳошияи озмуни умумиҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ ..., ба ифтихори 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи умумиҷаҳонии китоб)

 

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гаронбаҳотарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст, ки 28 сол муқаддам дар пайи ҷонбозиҳои созандаву талошҳои хирадмандонаи фарзонафарзандони миллат ба даст омад.

Ин туҳфаи самоӣ баробари ба даст омадан нуру зиё, меҳру вафо, сидқу сафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми тоҷик овард. Дар масири таърих миллати мо аз шебу фарози сангину тӯлонӣ ва озмоишҳои сахту душвор гузашта, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ дошт. Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ равона созем. Истиқлолият барои мо тоҷикон рамзи олии ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатдории мустақил, кору пайкори  пайгиронаи  созандагӣ,  азму талошҳои фидокорона ҷиҳати расидан ба аҳдофи стратегӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, арзишҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фардро таъмин намуд. Ин дастоварди муҳим барои мо рамзи барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, нишон аз асолату ҳувият, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ҷаҳонист. Истиқлолият буд, ки имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон сарчашмаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт.

         Тоҷикон аз азал миллати озодпарасту озодихоҳ буданд. Солҳои сол дар қалби худ орзуи озодиро мепарвариданд. Бар асари таҳаввулоти фарогири сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90- уми асри гузашта халқи тоҷик аз нав эҳё шуд ва ба эъмори давлати миллии худ ноил гардид. Тоҷикистон аз нахустин рӯзхои соњибистиқлолии худ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид. Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 28 сол барқарор намудани сулҳу суботи комил ва пойдории ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандорӣ миёни аҳолии Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии Пешвои соҳибмаърифату фарҳангдӯсти миллати тоҷик муяссар гардид.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои эҳё намудан ва инкишоф додани фарҳангу тамаддуни миллӣ ҷойгоҳи арзанда ва мақоми шоиста муҳайё намудем. Ба забонҳои хориҷӣ, махсусан русӣ ва англисӣ ҳамчун омили муҳими ворид шудани ҳар як фард ба фазои тамаддуни муосир, муносибат карда истодаем. Дар ин баробар ба соҳаи китобдорӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Бояд гуфт, ки китоб манбаи хиради азалӣ, саргаҳи дарёи маърифат, мабдаи фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни башарӣ, оинаи хаёт ва калиди дари ганчи сухан аст. Халқи тоҷик аз шумори он халқҳоест, ки ба китобу китобдорӣ эҳтирому эътиуоди хоса дорад. Аҷдодони мо шуруъ аз замони пайдоиш анъанаи хуби китобнависӣ доранд. Аз он давра ёдгориҳои хатие, чун “Авесто”, “Дарахти ассурик”, “Ёдгории Озарбади Маҳраспандон” боқӣ мондааст, ки имрӯз китоби рӯимизии аксар аз аҳли уламост.

Замони салтанатии Сомониён барои рушду камоли сухан ва анъанаии китобдорӣ заминаҳои мусоид фароҳам буд. Дар Бухорои давраи Сомониён китобхонаи калонтарини давлатӣ бо номи “Ганҷинаи ҳикмат” (“Савонеъ-ул-ҳикмат”) амал мекард. Хушбахтона, имрӯз дари Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар китобхонаҳои ҳудуди ҷумҳурӣ ба рӯи ниёзмандон боз acт.

Дар ягон давру замон бе китоб зиндагии paнгинpo наметавон тасаввур намуд, зеро “хонаи бе китоб чун рӯзи бе офтоб аст” мегӯянд. Бо бахти баланди мо ин анъанаи неки гузаштагон имрӯз низ дар Тоҷикистони сохибистиқлоли мо мавқеи шоиста дорад. Китоб пурқимматтарин ҷузъи фарҳангист. Кулли одамони бомаъри­фати олам китобро чун гавҳари қимматбаҳо, сарчашмаи дониш, воситаи таълиму тарбия, фароғат, васият ва мероси як насл ба насли дигар пазируфтаанду нисбати китоб ва китобдорон бо­эҳти­ром сухан меронанд. Ҳалқи тоҷикро ҷаҳониён, аз замони қадим, таввасути илм, адабиёт ва санъаташ мешиносанд, ки онҳоро маҳз китобҳо ҳифз ва баррасӣ намуда, то замони мо овардаанд.

Имрўз ҳам китоб шиносномаи шоистаи миллати мост. Вобаста ба талаботи маънавию иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеаи муосири насли башар инкишоф меёбад, ба тарзу усулҳои фаъолияташ мазмунҳои тоза бахшида, ҷиҳати батадриҷ ғанигардонии боигарии моддию маънавии ҳамазамонон ва наслҳои оянда хизматҳои арзандаро сомон мебахшад. Китоб асари мустақили илмию бадеӣ ва фарҳангист, ки моро бо асрори олами воқеӣ, дунёи хаёли рангини муаллиф, пардаҳои сеҳрангези оламу одам ошно месозад.

Китоб ганҷинаи тафаккурҳост. Махзани умеду орзу ва роҳнамо ба олами донишҳост. Он дурри гаронбаҳоест, ки маъниҳои баланди ҳаётию иҷтимоиро ангезиш медиҳад. Ҳамаи хубиҳои инсон аз китоб аст. Маҳз ҳамин паҳлӯҳои муҳими китобхониро ба инобат гирифта бо фармони Пешвои миллат озмуни умумиҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ” баргузор гашта истодааст. Озмуни мазкур аз моҳи январ то декабр дар ҷумҳурӣ озмуни мазкур дар чор давра баргузор мешавад. Дар он хонандагону донишҷӯён иштирок мекунанд. Ба ғолибони давраи чорум аз ҷониби президент тӯҳфа ва мукофотпулӣ дода мешавад. Озмун бахшида ба таҷлили 30 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти кишвар баргузор мегардад. Мақсад аз баргузории озмун баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ мебошад.

Шукргузори онам, ки миллати бузурги точик имрӯз давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва соҳибистиқлол дорад. Акнун барои халқи тоҷик чун обу ҳаво ваҳдати миллӣ зарур аст. Фазои сулҳу осоишта ва ваҳдату ягонагист, ки имрӯз мо озодона дар ҳама ҷанбаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа озодона фаъолият намуда истодаем.

Имрӯз мардуми сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк намудаанд, ки Истиқлолият азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва нерӯи такконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад. Бигзор ваҳдати миллӣ, сулҳу субот поянда, ормонҳои волои Истиқлолият ва ҳадафхои наҷиби созандагӣ роҳнамои ояндаи неки пиру ҷавони мамлакат гардад! Бигзор Истиқлолияти тоҷикон то абад устувору поянда бошад! Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ муборак!

 

Мирсаид САТТОРИЁН,

донишҷӯи соли сеюм

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.