SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."

 

 

ssd

То аз имтиҳон гузаштан ва ба донишгоҳ дохил шудан умуман дар сарам шубҳаву гумоне набуд, ки ба куҷо меравам, бо киҳо ҳамнишин мешавам ва чиҳоеро ба даст меораму чи чизҳоеро аз даст медиҳам.

 

 

Дохил шудан ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ аз рӯйи ихтисоси "Кори адабӣ дар рӯзномаву маҷалла", ростӣ, маро он қадар ҳайрон накард, чунки вақти ҷобаҷогузории ихтисосҳо онро ҳам интихоб карда будам. Чун чор-панҷ моҳ гузашт, мехостам, ба ихтисоси "журналист-тарҷумон"-и ҳамин факулта гузарам, аммо декани факултет Исматов С.М, ки ҳамон вақт аз фанни "Забони адабии ҳозираи тоҷикӣ" ба мо дарс медоданд, исрор мекарданд, ки аққалан то анҷоми соли хониш сабр кунам. Соли хониши нахустин ҳам ба итмом мерасид, акнун ба ихтисоси дигар гузаштан намехостам. Баъдан дарк кардам, ки ин исрори устод беҳуда набудааст. Шояд ҳамон вақт устод дар ман чи чизро дида буданд, аммо пасонтар чунон меҳре дар дилам пайдо шуд, ки ногуфтанист. Ҳар сол ба мо устодони зиёд дарс медоданд ва то андозае аз онҳо чизеро мегирифтему оҳиста-оҳиста ба олами рангини эҷод дохил мешудем, аммо сараввал аз навиштан хеле метарсидам, ки мабодо хатое накунаму боиси сарзаниши устодон гардад.

 

Агар рафти дарсу тарзи имтиҳонсупорӣ анъанавӣ мешуд, мо саводноктар ва соҳибихтисос мегаштем. Лек ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, аз устодон миннатдорем, ки моро раҳнамоӣ карда, чизеро ба мо омӯзонданд.

 

     Ҳангоме ки дар курси дуюм мехондем мавсими супоридани кори курсӣ сар шуд ва роҳбарам профессор Камолиддинов Баҳриддин буданд. Борҳо кори курсӣ ё мисолҳои он дар даст ноумед аз ҳуҷраи кории устод ё хонаашон мебаромадам, аммо ҳисси шикаст ва ноумедиро дар худ роҳ намедодам ва албатта бо дастгирии устоди азизам корамро бо баҳои аъло супоридам. Ин ғалабаи бузурге дар ҳаёти ман буд, ки пас аз шабҳои бехобӣ ба даст оварда будам ва дар роҳи эҷод гарчанде навқаламам, аммо ҳамон эҳсос ҳамеша руҳбаландам мекунад. Дар курси сеюм бошад, мавзӯи кори курсиам "Баҳсҳои забонӣ дар шабакаи иҷтимоии фейсбук" буд ва роҳбарам устод Исматов С.М.  Хушбахтона ин маротиба танҳо ду бор бо ёрии устодам ба корам тағиру иловаҳо ворид кардам. Умуман соли сеюми таҳсил бароям хеле азиз аст, чунки баъзе мақолаҳо ва шеърам дар рӯзномаҳо чоп шуданд ва бо рӯзноманигорони варзида шинос шудам.
     Имсол ба курси чор гузаштам ва умедам аз ин сол хеле калон аст.
     

 

Ифтихор Юсуфӣ

 

донишҷӯи соли чорум

 

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.