SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."

111111.jpg

Истиқлолият арзишмандтарин комёбии давлату миллати тоҷик аст, ки бисту ҳашт сол муқаддам ба вуҷуд омад. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сентябри соли 1991 расман қабул гардид. Ин санаи муқаддас барои миллати тоҷик иди бузургтарини миллӣ маҳсуб меёбад.

Истиқлолият неъмати бебаҳост. Тоҷикистони азизи мо 29 сол мешавад, ки зери парчами сулҳу дӯстӣ рушд карда истодааст. Тинчиву амният барои ҳар як сокини кишвар имконият медиҳад, ки пайи кору пайкор ва бурду муваффакиятҳои хеш талош намоянд, зиндагӣ кунанд ва ояндаи худро беҳтар созад. Истиқлолият ба ҳама қишри ҷомеа имкониятҳои хуб фароҳам овард.

Истиқлолият имконият фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафту ояндаи кишварро сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ равона намоем. Он рамзи олии ватандорӣ ва давлатдорию созандагист. Истиқлолият барои мо тоҷикон бақои миллат, нишони аз манишу асолат, ҳувият,  орзуву ормонҳои таърихӣ, шиносномаи муаррификунанда нуфузу эътибор аст.

Бо зуҳури истиқлол чун неъмати бебаҳо ва гаронмоя миллати тамоми самтҳои афзалиятноки ҷомеа рӯ ба рушд ниҳод. Бо шарофати Истиқлолият нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло рафта, имрӯз кишвари моро мешиносанду ҳамкорӣ менамоянд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо тавонистем худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ чун кишвари амн муаррифӣ намоем ва набзи давлату давлатдории худро бо набзи сайёра ҳамсадо кунем. Инчунин, Тоҷикистон дар натиҷаи ба даст овардани Истиқлолият тавонист, ки бо кишварҳои хориҷа ҳамкориҳоро ба роҳ монад.
Мо аҳли ҷомеа дар якҷоягӣ бояд пеш аз ҳама ба дарки амиқи самараҳои Истиқлолият сарфаҳм равему баҳри ҳифзу пойдорӣ, якпорчагӣ, сулҳу ваҳдат ва суботи кишвар фаъолияти худро ба роҳ монем.

Пас аз ба даст овардани ваҳдати миллӣ аллакай кишвари мо роҳи бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёдро пеш гирифт. Айни замон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуда, парчами кишвар чун парчами давлати мустақил дар тамоми созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ болафшон аст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мо дар зарфи 28 сол ба дастовардҳои беназир соҳиб гардидем. Аз ҷумла, қабул гардидани Конститутсия ба даврони Истиқлолият рост меояд.

Самараи неки истиқлол аст, ки имрўз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омўзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст. Мо бояд аз ин миллати барӯманд шод шуда, барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат намоем. Бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту  саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад!

Поянда бод Истиқлолият ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!

Оламбегим НЕКҚАДАМОВА,

донишҷӯи соли сеюм

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.