dsst

10 июни соли равон мо имтиҳон доштем. Назар ба дигар ҳамкурсонам ман зудтар ба донишгоҳ омадам, хостам пеш аз имтиҳон боз як бори дигар саволҳои тестиро хонаму ками дигар тайёр шавам. Тақрибан соат 11 буд, ки ҳамкурсам ба донишгоҳ ҳозир шуду, дари синфхонаро кушод. Ғамгин буд, ҳавсалаи омадан ба имтиҳонро надошт. Ман дарҳол инро пай бурдам ва гуфтам: Зиқ нашав дӯстам, ман ҳаминҷоям! Аз ин имтиҳон соҳиби 100 хол мешавӣ.

 

 

Не, имтиҳон муҳим не, падарам бемор аст – гуфт Шаҳзод.

Ҳа, зиқ нашав, ту 100 хол гирифта рав, падарат сиҳат мешавад – ҷавоб дод Фарзонаи ҳамкурсамон.

Ӯ сарашро хам карду, “шояд, дуо кунед дӯстон!” гуфта дар курсии дуюми назди дар нишаст.

“Мо ҳама дуогӯем” гуфтаму назди Шаҳзод нишастам.

         Имрӯз аз фанни география имтиҳон дорем ва ҳама машғули саволномахонӣ буданд, Шаҳзод дар вақти дарсҳои география тайёрияш хеле хуб буд. Мегуфт, ки ин фаннро дӯст медорад. Ҳатто аз китобчаам чанд саволро аз ӯ пурсидам. Ӯ вариантҳои саволро гӯш карда, ҷавоби дуруст медод. Ҳамин хел кушиш кардани будам, ки ғамгиниашро фаромӯш кунаду каме болида шавад.

Дилшод, сардори гурӯҳамон хабар дод, ки имтиҳон шурӯъ шудаасту бояд ҳама дар назди синфхонаи компютерӣ ҳозир шавем. Дар гурӯҳ 22 нафар донишҷӯ будему ҳама дар супоридани имтиҳон иштирок карданд. Баъди тамом шудани имтиҳонамон Шаҳзод баҳояшро фаҳмиду зуд ба хона рафтани шуд. Дар ин имтиҳон Шаҳзод 97 хол (яъне баҳои 5) ва ман 91 (баҳои 5-) гирифта будем. Шаҳзод аз баҳои гирифтааш хеле хурсанд буд ва аз ман пурсид, ки ба хона меравам ё не. Ман ҳам бо ӯ якҷо шуда роҳи хонаро пеш гирифтем. Ману Шаҳзод аз як ноҳия, вале каме хонаамон дуртар. Дирӯз тасмим гирифта будем, ки баъди имтиҳони география якҷоя ба хонаамон меравем. Дар роҳ бо Шаҳзод оиди хонавода, мактаб, дӯстон ва дигар мавзӯҳои ҷолиб сӯҳбат намудем. Ман тасмим гирифтам, ки аввал ба хонаи Шаҳзод рафта аз аҳволи падараш хабар мегирам ва баъд ба хонаи мо меравем. Ӯ розӣ шуд. Ҳамин тавр, аз мошин пиёда шуда тарафи хонаи Шаҳзодино қадам мондем. Наздики хонаашон шудем ва дидем, ки дар назди дари калонашон харакҳо буду, одамони зиёд ҷамъ омада буданд. Вақте ки Шаҳзод инро дид аз дурии 80-100 метр тарафи хона давид ва ман низ аз пасаш давидам. Шаҳзод худро гум карда, даруни хона даромад.  Ман дигар чӣ кор кардану, чӣ гуфтанамро надонистаму ба назди мардони дар харакнишаста буда, рафта нишастам. Баногоҳ худамро ба ҷойи Шаҳзод мондам, ашк аз чашмҳоям мечакид. Аз даруни хона доду фиғони Шаҳзод меомад. Падарашро меҷӯст, мехост бори дигар рӯйи падарро бинад. Аммо аллакай падарашро ба хок супурда буданд. Шаҳзод аз бародараш хоҳиш кард, ки то ба мазори падараш бурда расонад. Шаҳзод, бародараш Шаҳром ва ман дар мошин нишастему тарафи қабристон рафтан гирифтем. Дар даруни мошин Шаҳзод сахт мегирист, падарашро фарёд мекард, мехост падарашро оғӯш кунад, мехост гӯяд, ки “Падарҷон ман аз имтиҳони имрӯза баҳои 5 гирифтам”. Аммо на, падараш ба олами абадӣ рафта буд. Назди гӯри падар шудем, Шаҳзод беист мегиристу падарашро фарёд мезад. Хокҳои рӯйи қабри падарашро даст мезад, алафҳои рӯйи заминро карда мепартофт. Ману акаи Шаҳром кӯшиш намудем, ки Шаҳзодро ором кунем, ӯ ҳеҷ ором намешуд. Ман низ то ҳол гиря мекардам, аз як тараф дилам ба ҳоли Шаҳзод ва аз як тарафи дигар дилам ба падари худ месӯхт, ки дар шаҳри ғариб барои мо заҳмат кашида истодааст. Ман доим падарамро ғам медодам, падарам ҳамеша дар фикри мо аст ва мемонад. То ҳол моро мехӯронаду мепӯшонад. Аллакай 21 сола шудам ва мехоҳам баъди хатми донишгоҳ ҷойи кори хуб ёбаму, худам падару модарамро нигоҳубин намоям. Ман ҳамеша бо назди Шумо ҳастам, волидони азизи ман!

Ҳар хел фикрҳо дар сарам меомад. Қобилияти дуруст фикр карданро надоштам. Шаҳзодро ором намудему ба хона бурда мондем. Ман худам фикр кунон ба хона омадам. Модарам маро бо бусса пешвоз гирифт ва ман ҳамаи воқеаро ба ӯ нақл кардам. Сипас, дарҳол ба падарам занг задаму аҳволпурсӣ намудам. “Шукр, хуб” гуфтанд. Ман медонам, ки рӯзе падару модарам инро мехонанд ва медонам, ки ҳоло аз дастам ҳеҷ чиз намеояд, вале ман қавл медиҳам, ки дар оянда Шуморо то абад нигоҳбонӣ мекунам ва қавл медиҳам, ки ҳамааш хуб мешавад. Дӯстатон медорам, волидони ман!

Сунатулло Ҳомидзод

  донишҷӯи соли чорум