ClassicBook

Ганҷинаи ҳаёти мо китоб аст. Китоб дӯсти мо ва ҳамрози мост. Мо дар китоб худро ва фикри худро меёбем. Китоб аҳли башарро чун устоди беминнат ҳамеша роҳнамоӣ кардааст.

 

 

Биёед аз лаҳзаҳои кудакиву наврасии ҳаёти худ ёд орем, ки чун аввалин афсонаҳоро бо шавқи мехондем, аввалин маъниҳои зиндагиро аз ин афсонаҳо дармеёфтем. Ин ҳикмати нопайдоест ва ба мо аз он дарак медиҳад, ки зиндагӣ то ба охир саропо афсона аст.

Китоб оинаест, ки дар рӯ ба рӯяш худро мебинем ва дар ислоҳи худ талош мекунем. Китоб мехонем ва баъд мефаҳмем, ки мо дар зиндагӣ кистему чӣ дорем. Китоб он ҳамраҳест, ки ҷудоӣ аз он бароямон гарон хоҳад буд. Аҳли башар сарфи назар аз махмуриҳову зафарҳо ва ғолибияту бохтҳо ҳеҷ гоҳ аз китоб рӯ нагардонидааст. Зеро ҷудоӣ аз китоб ин ҷаҳолатест, ки ислоҳи он амри осон нест.

Китоб ба худ эҳсос, бӯ, садо дорад, ки сарчашмаи муҳаббати беҳудуд аст. Саҳифаҳо моро дар худ ғарқ месозанд, мафтун менамоянд ва дар ниҳоят мантиқи зиндагиро бароямон кашф месозанд. Китоб ғаму андуҳи моро барҳам мезанад ва лаҳзаҳои бо он будан беҳтарин фурсатест, ки қимат надорад. Барои корҳову ташвишҳои худ вақт сарф мекунем ва он ҳама вақти рафтаву бебозгашт аст. Аксар вақт ҳасрату надомат доранд. Аммо вақти дар мутолиаи китоб сарфшуда ҳеҷ гоҳ рафтаву аз дастдода нест. Ин вақт мамнунияту қаноатмоандии мост. Ҳаёти бидуни китоб ҳаёти бидуни офтоб аст, ки онро ҷаҳолат мегӯем. Китоб хазинаи сарватҳои зиндагист. Маъниву мазмуни китоб сармояи ҳаёти мост, ки бо он ҳар лаҳза муомилот менамоем.

Бисёр китоб хондани мо бисёр дидану бисёр донистани мост. Чун бо худ китобу китобхона дорем, ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ танҳову нодор нестем. Дастовардҳову кашшофиҳои инсоният нав ба нав ва зиёд аст. Аммо бовар кард, ки ҷои китобро ҳеҷ кадоме аз онҳо гирифта наметавонад. Пас китоб муъҷиза ганҷинаи мондагор аст.

Шукрия Ҳалимова

донишҷӯи соли сеюм