ПРОФЕССОР Б. КАМОЛИДДИНОВ: МО БОЯД ДАР ҲАМИН ХАТ ИСТЕМ!

Мусоҳиба бо забоншиноси варзида, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Баҳриддин Камолиддинов дар ҳошияи Рӯзи забони давлатӣ

Kamoliddinov B 

- Иди забони давлатӣ муборак бошад, устод!

- Ташаккури зиёд, ба Шумо ҳам муборак бод!

- Мо медонем, ки дар як муддати кутоҳ, яъне дар миёни 2-3 даҳсола аҳолии Тоҷикистон соҳиби хату савод шуд, лутфан мегуфтед, ки сабаби асосии ин чӣ буд?

 

- Сабаб ин аст, ки дар ҳамаи гӯшаҳои Тоҷикистон омӯзишгоҳҳои педагогӣ аз солҳои 29-уми асри гузашта сар карда ба кор шурӯъ карданд. Ин гуна омӯзишгоҳ дар шаҳри Самарқанд буд, аммо вақте ки ӯзбекон онро пойтахти худ эълон карданд, омӯзишгоҳро ба шаҳри Панҷакент доданд, ки дар натиҷа мардуми водии Зарафшон дар ин ҷо маълумоти педагогӣ гирифтанд.

Бо муаллим таъмин кардани кишвар тариқи ҳамин гуна омӯзишгоҳҳо анҷом меёфт. Дар шимоли Тоҷикистон дар Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд ва Конибодом омӯзишгоҳҳо фаъолият мекарданд. Ин омӯзишгоҳҳо минтақаи шимолро бо муаллим таъмин менамуданд. Дар ҷануб дар Қўрғонтеппа (Бохтар), Кӯлоб, Ғарм (Рашт), Бадахшон ва Душанбе чунин омӯзишгоҳҳо фаъолият доштанд. Ин усулро давлати Шӯравӣ ҷорӣ кард ва дар давоми ду-се даҳсола 90%-и мардуми мо соҳиби хату савод шуданд. Имрӯз ҳатто дар минтақаҳои Эрон, Покистон, Ҳиндустон ин миқдор одами хатту саводдор нест.

- То ҷое маълум аст хати мо чандин маротиба иваз шудааст...

- Бале, мутаассифона, хатамон чанд маротиба тағйир ёфтааст, ки барои пешрафту тараққиёти мо монеаҳои зиёд ба бор овардааст. Якум, соли 1929-30 аз хати арабӣ ба лотинӣ гузаштем. Онҳое, ки хати моро аз арабӣ ба лотинӣ гардониданд, онњоро «лотинчӣ» мегуфтанд. Хати лотинӣ барои мо 10 сол хизмат кард, то соли 1940. Азбаски фишори забони русӣ рӯз то рӯз зиёд шудан гирифт, барои ба забони русӣ наздик шудан ба хати кириллӣ гузаштан лозим омад. Баъдан забоншиносон боз ба тағйири хат оғоз карданд. Аввалин бор алифбои устод Ҳилол Каримов бо кириллӣ ба мардуми мо пешниҳод шуд.

- Чӣ сабаб шуд, ки забони адабии марказ (Душанбе) якбора мавқеашро аз даст дод?

- То солҳои 80-ум, аллакай, забони мо ба як меъёри муайян даромада буд. Дар пойтахт тамоми халқу миллатҳо кӯшиш мекарданд, ки бо забони адабӣ суҳбат кунанд. Душанбе маркази забони адабӣ буд. Аммо чанд сабаб шуд, ки забони адабии марказӣ олудаи лаҳҷаҳо гардид. Аввал, бесарусомониҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ аз аввали солҳои 90-ум. Як ҳаракати аҳли зиё барои тағйир додани вазъият дар сохтори ҷумҳурӣ ба вуҷуд омад. Яъне, ҳамон ҳаракати демократие, ки дар Аврупо буд, насимаки он дар ин ҷо ҳам вазид. Яке аз сабабҳои қабули Қонуни забон низ ҳамин буд, бедории аҳли зиё.

- Дар мавриди мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ чӣ гуфта метавонед?

- Соли 1989 дар Президиуми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҳусни баён» ҷамъомади олимон доир гашт. Маҷлис ду соат давом кард. Дар охир ҳуқуқшиносон ва файласуфон масъала гузоштанд, ки забони русӣ забони идораи давлатии ҷумҳуриро пурра ба дасташ гирифтаву хавфи он аст, ки забони тоҷикӣ ба забони оила, кӯчаву бозор табдил ёбад. Бинобар ин, пешниҳод шуд, ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад. Маҷлис ба ҷуз 2 соат пешбинӣ шуда, боз 3 соати дигар давом кард. Бинобар шаб шудан, маҷлис ба пагоҳ гузошта шуд. Рӯзи дигар боз се соати дигар давом кард ва дар интиҳо ба Ҳукумат пешниҳод карданд, ки Қонуни забони давлатӣ тасдиқ карда шавад.

- Ҳамин тавр, 22-юми июли соли 1989 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни забонро қабул кард. Бо ҳамин тамом ё боз нофаҳмиҳову ноҷуриҳо буданд?

- Не, тамом не. Агарчи соли 1989 қонун қабул шудаву забони давлатии мо тоҷикӣ маҳсуб меёфт, бояд бигӯем, ки то соли 1991 бисёриҳо дудила буданд. Масалан, баъди қабул гардидани Қонуни забон Президенти АИҶТ академик Муҳаммад Осимӣ 20 нафар олимонро ба наздашон даъват карданд. Аз ҷумлаи даъватшудаҳо ман ҳам будам. Дар утоқи кории Осимӣ масъалаи забони давлатӣ баррасӣ шуд. Масъалаи бамиёнгузошташуда ин додани мақоми давлатӣ фақат ба забони тоҷикӣ дода шавад ва ё ба он забони русӣ низ ҳамроҳ карда шавад? Аз байни олимон Файзалӣ Наҷмонов, декани факултети шарқшиносии ДДМТ ҳамчун намояндаи ҳама олимон баромад намуд. Ӯ ба Осимӣ гуфт, ки устод дар Афғонистон илми тиб бо ду забон таълим дода мешавад: дарӣ ва пашту. Мутахассисони Шӯравӣ бо тарҷумон дарс мегӯянд. Мутахассисони соҳаи тибби Эрон низ шӯҳрати ҷаҳонӣ доранд. Бинобар ин, бояд якзабонӣ бошад, зеро мо аллакай, якзабонӣ карда натиҷаашро дида будем, ки оҳиста-оҳиста забони тоҷикиро аз доираи идораи давлатӣ дур кард. Мисол, як мақолаи ман дар маҷаллаи «Мактаби Советӣ» чоп шуд. Аз ман маълумотнома аз ҷойи кор талаб карданд. Пасон ман ба назди коргузори донишгоҳ рафтам ва ариза навиштам, ки ба ман маълумотнома диҳед. Он ҷо як русзан кор мекард ва гуфт, ки аризаро бо забони русӣ нависед. Он замон ҷонам баромад, гуфтам аз баҳри 4 танга пул гузаштам.

- Он ҳама дудилагиҳо кай хотима ёфтанд?

- 9-уми сентябри соли 1991. Шукри Истиқлол, ки бо омаданаш тамоми нофаҳмиҳо, ноҷуриҳо ва дудилагиҳои халқи моро бурд.

- Пас дар он вақт вазифаи забони русӣ аз чӣ иборат буд?

- Он замон вазифаи асосии забони русӣ ин таъмини муоширати байниҳамии халқу миллатҳои дигар буд.

- Агар хато накунем, соли 2011 ба Қонуни забон иловае ворид гардид, ки мувофиқи он бояд ҳамагон ба забони тоҷикӣ суҳбат мекарданд, зеро то ин дам, аллакай, ҳамагӣ бо забони тоҷикӣ озод суҳбат карда метавонистанд. Дар он ҳолат шумо ба нафарони норозӣ ё муқобили Қонуни забон буда вохӯрдед?

- Албатта, дар байн русгароёне буданд, ки намехостанд забони тоҷикӣ давлатӣ шавад. Онҳо олимони мактабҳои олии тоҷик буданд, зеро аксарияти донишгоҳҳо пурра ба забони русӣ гузашта буданд ва илми худро бе ин забон тасаввур карда наметавонистанд.

- Устод, ҳоло мавзӯи рақами яки баҳси шабакаҳои иҷтимоӣ ба хати форсӣ гузаштан ё нагузаштани мо аст, мехостем дар ин бора андешаи Шуморо шунида бошем...

- Империяи Форс як давлати бузург буд ва дар ин ҷо забони форсӣ ҳукмрон буд. Мамлакатҳои араб хурд-хурд дар ҳар куҷо зиндагӣ мекарданд ва дини ислом онҳоро муттаҳид кард. Ҳоло чанд мамлакате, ки араб ҳаст, пеш аз ин араб набуданд. Ироқу Сурия араб набуданд, онҳо бо таъсири дини ислом забони қадимаи худро аз даст доданд. Забони арабӣ ба ҳамаи забонҳо таъсир расонд, аммо ба ду забон зӯраш нарасид. Якум, ба забони туркӣ ва дуюм ба забони форсӣ. Забони арабӣ ба мо таъсир кард, аммо барои мо ба манфиат буд, зеро захираи луғавии мо бой шуд. Ислом забони арабиро забони илм ва маърифат кард. Бинобар ин, ба Ибни Сино осонтар буд бо забони арабӣ навиштани «Ал-қонун». Забони тоҷикиро ҳам дар Эрон ва ҳам дар Афғонистон меомӯзанд.

Ва аммо бояд бигӯем, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ чӣ қадаре ки баҳс кунанд ҳам бефоида аст, зеро мо бояд дар ҳамин хат истем. Барои қисми зиёди мардуми мо мутолиа кардани хати форсӣ мушкил аст ва ин ҳама метавонад ба пешрафту тараққиёти мо халал расонад ва дараҷаи саводнокӣ кам мешавад.

- Ташаккур барои суҳбати самимӣ!

- Саломат бошед!

 

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ ва Нуралӣ Карим

магистрони соли аввал