SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."

svidanie

Ёд дорӣ ду сол қабл байни мо чӣ буд? Ёдат ҳаст ман туро бо чӣ ном фарёд мекардаму, ту чӣ ҷавоб медодӣ? Ёдат ҳаст, гуфти бароям рэп эҷод кун? Дар ёдат бошад, вақте ман аввалин бор гуфтам "Дӯстат медорам", ту саратро хам кардиву бо ханда гуфти "Аммо ман не".

 

 

Ҳамон лаҳза фаҳмидам, ки ту дурӯғгӯӣ. Аммо баробари донистанам рӯз ба рӯз меҳрам нисбатат зиёдтар мегашт. Рӯз ба рӯз дар чашмонат меҳрро медидам. Як ҳис, як ҷозиба, як атр ё як лабхандат маро ба сӯи ту мебурд, то туро дубора бинаму каме бо ту сӯҳбат кунам. Барои диданат садҳо баҳона меҷустам. Ҳамин тавр бо ту унс гирифтам, ҳаётамро бо ту тасаввур кардан намехостам, мехостам ҳаррӯз туро бинам, ба чашмони қаҳварангат нигоҳ кунам. Аммо на, хушбахтии мо дер давом накард. Субҳи 29 май буд, ту ба ман бори аввал занг зади, хотирасонам намуди, ки имрӯз барои баромадам тайёриямро ҷиддӣ бинам, чун имрӯз ташкилоте, ки мо ҳарду дар онҷо коромӯз будем, дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон консерт барпо мекунад. Бояд суруд мехондам. Ҳарчанд консерт бахшида ба рӯзи кӯдакон буд, мавзӯи ман низ оиди ҳамин буд. "Майлаш" гуфтаму, ту телефонро хомӯш кардӣ. Аз як тараф барои баромад ҳаяҷон доштам, ки чӣ хел мехонда бошам. Аммо аз тарафи дигар, хурсанд шудам, ки аввалин бор азизам ба ман занг зад. Аз хурсандӣ дар либосам намеғунҷидам, худ ба худ механдидам, рақс мекардам. Ҳамин тавр чӣ хел гузаштани вақтро нафаҳмидаму зуд дар назди ту шудам. Баъд аз аҳволпурсӣ, ту ба ман аз тайёриям  суол додӣ, "Тайёриҳо 100%" бо ханда ҷавоб додам. Навбати ман шуд, ту дастамро гирифтиву гуфти "Худатро гум макун", ман як ба дастонамон, як ба чашмонат нигоҳ мекардам. "Майлаш, ҷонам, хавотир нашав!" гуфтаму ба саҳна баромадам. Ту маро аз қисми рости толор тамошо мекардиву чапак мезадӣ. Ин ба ман як нерӯ мебахшид. Ҳамин хел барнома ба анҷом расид. Баъд аз барнома аз ту хоҳиш кардам, ки каме роҳ равем. Қабул кардӣ. Дар наздикии сирк ба ман гуфти, ки ман бояд ба хона равам. "Давомашро худам меравам, яке боз бародарам моро набинад!" гуфти ту. Ман "Хайр бинад, баъд чӣ? Ғайр аз бародарат ҳама медонад, куу" гуфтаму, ту маро розӣ кунонди, ки худам меравам. Ваъда дода будем, ки фардо вомехӯрем. "Худатро эҳтиёт кун, ҷонам" гуфтаму хайр кардем. Ту низ майлаш гуфтӣ. Бо хурсандию ҳаяҷон ба хона омадам. Телефонамро дар дастам гирифтаму ба ту занг задам, ки пурсам чӣ хел ба хона рафтӣ? Модарат бардошт, гуфт тасодуф кардаӣ. Дасту по хӯрда шудам, тарсидам. Суроғаи духтурро гирифтаму зуд ба наздат шитофтам. Вақте расидам, хоҳараки хурдият омада, маро оғӯш гирифту, гуфт "Акаҷон, апаамро аз даст додем". Ях зада будам, худамро ҳис намекардам, арақ сару рӯи маро фаро гирифта буд. Чӣ гуфтанамро намедонистам. Вақте туро дар он ҳолат хобида дидам, зуд ба наздат давидам. Духтурону бародарат маро доштанд, намонданд, ки ба наздат биёяму аҳволи туро пурсон шавам. Ман ба ҳоли худ набудам, чӣ кор карданамро намедонистам, кару гунг шуда мондам. Ҷинсам мард аст, вале мисли духтарчаи хурдсол беист гиря мекардам. Боз бар ман дурӯғ гуфтӣ. Гуфти "Худамро эҳтиёт мекунам", аммо натавонистӣ. Ба девол мушт мезадам, ба замин мушт мезадам, аммо ҳеҷ илоҷе набуд. То ҳол ҳар як калимаҳоятро ба хотир меоварам, ёдат мекунам. Гуфта буди "Худатро гум макун", аммо ҳоло ман туро гум кардаам. Биё бин, чанд мисраъ рэп бароят эҷод кардаам. Мехостам ин мисраҳоро ба чашмонат нигариста хонам, аммо ҳоло дар сари қабрат нишаста, ба акси санги мазорат нигариста, фотиҳа мехонам.  Куҷои азизи ман, биё, маро ба ҳайрат гузор! Ҳамеша ба чашми муҳаббат ва бо ишқи беохир интизорамат, ...-и ман!

 

Барои мард оби чашм, агарчи номуносиб аст,

Зи орият гузаштаам, барои ту гиристаам.


Сунатулло Ҳомидзод

донишҷӯи соли чорум

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.