SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."

ishkash

Ба  ҳамагон маълум аст, ки ин минтақаи афсонавӣ бештар таваҷҷӯҳи сайëҳони хориҷиро ба худ ҷалб мекунад. Бисëрии аз сайëҳон ба ин минтақа ташриф оварда, бо ҳамин Тоҷикистони азизи моро муаррифи мекунанд. Дар ҳақиқат Бадахшон ҷои тамошобоб аст.

 

 

Ҳавои соф, кӯҳҳои баланд ва манзараҳои зебои Бадахшон натанҳо дили сайëҳон, балки дили ҳамагонро ба худ ҷалб менамоянд.

Қариб 99%-и Бадахшонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Беҳуда нест, ки соли 2017 кӯҳҳои Помири Тоҷикистон ба рӯйхати "100 манзараи беҳтарин" дар ҷаҳон шомил гардиданд. Бадахшон инчунин аз  сарватҳои зеризаминӣ бой аст. Маҳз ҳамин сарватҳои зеризаминӣ Бадахшонро дар олам машҳур гардонда, ҳаводорон аз кишварҳои мухталиф барои ба даст овардани он ба ин сарзамин сафар мекарданд.

Тибқи маълумоти муаллифони «Таърихи Бадахшон» — Мирзо Сангмуҳаммад ва Мирзо Фазлалибек лоҷварди Бадахшон чун ҳазорон сол пеш аз ин, дар асри. 18 низ қимати хеле баланд доштааст. Бадахшон дар давраҳои мухталифи таърихӣ дорои марзу буми тағйирёбандаи ҷуғрофию сиёсӣ будааст. Бадахшон на танҳо бо конҳои лаълу лоҷвар,балки бо обҳои маъданию шифобахш низ маълуму машҳур аст. Дар ҳудуди Бадахшони Тоҷикистон беш аз 60 чашмаи оби гарм ва обҳои сарди маъданӣ мавҷуданд,ки танҳо як қисми онҳо барои табобати беморон мавриди истифода қарор гирифтаанд. Дар бораи чашмаҳои Бадахшон,ки дар ноҳияи Ишкошим воқеъанд шоир чунин гуфтааст.

Яке аз чашмаҳои шифобахшӣ Бадахшон ин чашмаи Авҷ аст. Авҷ чашмаи минералӣ буда, дар ноҳияи Ишкошим, дар соҳили дарëи Панҷ, 26 км дуртар аз маркази ноҳия воқеъ аст. Дар таркиби оби чашма микроэлементҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол, аз љумла магний, оҳан, никел, фтор, рӯҳ ва бром мавҷуданд. Оби чашма газнок буда, миқдори гази карбонати ҳалшуда дар он 80% ташкил медиҳад. Оби чашма барои табобати амрози дилу рагҳо, узвҳои ҳозима, мубодилаи моддаҳо, бемориҳои занона, гурдаю пешобдон ва ғадудҳои усораи дохилии нафъ дорад.

Биë,эй хаста,эй ранҷур шифобахш аст Ишкошим,

Магу раҳ дур ту ноҷур шифобахш аст Ишкошим.

Биë Гармчашма кун роҳат ва ë дар Авҷ як соат,

Шави қонеъ, ки бар ҳолат шифобахш аст Ишкошим.

Биë Вичкут чанде шин, бирав пас чашмаи Ширгин,

Ба чашми хештан худ бин,шифобахш аст Ишкошим.

 

Сабрина Ақназарова

донишҷӯи соли дуюм

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.