SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."
08/09   РӮЗНОМАНИГОРӢ КАСБИ ... - " Журналистика миёни касбу кори гуногун аз зумраи пешаҳои заҳматталаб ва ..."

Avariya1

         Мо инсонҳо ҳамеша дар даву тозем, гӯё байни ҳам мусобиқа дорем. Гоҳо чунон суръат мегирем, ки шахси рӯ ба рӯ омадаро надида мемонем ва ба ӯ бармехӯрем. Ҳамеша менолем, ки вақт ин қадар зуд мегузарад, вале аслан моем раҳгузари вақту замон.

 

 

Танҳо дар фикри худем, барои манфиати хеш аз ҳеҷ чиз ҳазар намекунем. Ҳатто ҷони одамӣ ҳам дар пеши чашмони мо ҳеҷ аст. Дилҳои моро сиёҳӣ пур кардааст, чашмони моро хашму ғазаб, кинаву адоват, хусумату қасос кӯр кардааст. То куҷо меравем бо ин тохту тозамон? Рӯзе ҷисми беҷони моро дар тобуте мебаранду ба гӯри тангу торике мегузоранд. Ин аст охири даводавиҳои мо.

         Чанд рӯз пеш пас аз соати сеюми дарсӣ ба ман аз хона занг зада гуфтанд, ки либосҳои тирамоҳиатро бо таксӣ фиристодем ва ба ман рақами телефони ронандаро доданд. Ба таксирон занг задам. Ӯ гуфт, ки ман дар “Воданасос“ ҳастам. Ҳарчи зудтар омада боратро гир, ки вақт надорам. Ман аз муаллимони ду соати боқимондаи дарсам иҷозат пурсида, роҳи истгоҳро пеш гирифтам. Дар истгоҳ чун ҳамеша донишҷӯён мунтазири хатсайрҳо буданд. Ҳарчанд хатгардҳо зуд–зуд омада пур шуда мерафтанд, вале ҳеҷ не ки шумораи мунтазирон кам шавад. Гӯё замин кафида буду аз зери он донишҷӯ мебаромад. Ғалоғулаи назди истгоҳ бозори “Корвон” – ро пеши назар меовард. Ман ҳам ба ҷараёни ин “бозор” пайваст шудам ва мунтазири омадани хатсайри ягонаи нишонам – автобуси №22 шудам. Автобус хеле дер кард. Расо пас аз бисту панҷ дақиқаи интизорӣ автобуси деринтизор ҳам омаду дар истгоҳ истод. То ин вақт ронандаи таксӣ чандин бор ба ман занг зада, маро ба сангпушт ташбеҳ медод. Ман, ки корафтода будам, ба суханони ӯ эътибор намедодам ва қариб омадам гӯён худро халос мекардам. Хушбахтона, ҷуз ман ягон донишҷӯйе дар орзуи ин автобус набудааст. Дарҳои автобус кушода шуданд. Ҳақи роҳро пардохт кардаму дар яке аз нишастгоҳҳои қафо нишастам. Ғайри ман дар автобус якчанд мусофири дигар буд. Ҳамин тавр, автобус суръат гирифт . Чанд истгоҳро ба осудагӣ гузаштему аз назди Донишгоҳи омӯзгорӣ ба тарафи “Воданасос” гашт кардем. Чун қоида автобус дар назди истгоҳи навбатӣ истод, вале ин дам аз қафо сабукраве беист сигнал дод ва бо суръат аз назди автобус гузашта, ҳаракаташро суст кард. Автобус аз нав ба роҳ даромад ва оҳиста – оҳиста суръат мегирифт. Ҳамин ҳангом сабукрави дар боло зикршуда ба пеши роҳи автобус баромаду суръаташро паст кард. Ронанда чанд сигнал доду автобусро ба хати дуюми роҳ гирифт. Вале сабукрав мисли маст калавида боз аз пеши автобус баромад, бале ӯ барқасди ронандаи автобус ҳаракат мекард. Мусофирон дар ҳарос афтоданд. Кампире гиребонашро дошта куф – суф мекард ва зери лаб ким – чӣ мегуфт. Чанд тан мардони миёнасоли дохили автобус ба тарафи сабукрав дашномҳои болохонадор доданд. Ронанда бо ҷаҳл автобусро ба хати сеюми роҳ гирифту ба пеши роҳи сабукрав баромад ва беист сигнал дода автобусро боздошт. Сабукрав низ аз ҳаракат бозистод. Ронанда бошиддат дари кабинааш ва ҳамаи дарҳои автобусро кушоду бо се нафар мардак ба тарафи сабукрав дасту остин бар зада равон шуданд. Ронандаи сабукрав бошад, ҳатто дари мошинашро накушод, гӯё ҳеҷ чиз нашуда бошад. Мусофирони автобус ба рафти ҳодиса аз тирезаҳои автобус кунҷковона назар мекарданд. Ронандаи автобус ба тирезаи сабукрав хам шуда, бо қаҳр чизе гуфт, ки шофёри сабукрав дарро кушода фуромад. Ӯ хеле ҷавон будааст, тахминан 20 – 22 сола. Бо баробари аз мошин фаромаданаш даъвогарон ронандаи ҷавонро миёнагир карданд. Ин дам баҳси шадиде ба миён омада буд. Вале ҷавон ҳам паст намеомад. Бовиқор рӯ ба рӯи мардҳои калон меистод. Аз либоси танаш, тамға ва рақами мошинаш маълум буд, ки ӯ пушту паноҳи “вазнин” дорад. Азбаски садояшон бароям ношунаво буд, кунҷковона аз автобус фаромадам ва чанд қадам ба онҳо наздик рафтам. Акнун баҳси онҳоро хуб мешунидам. Ронандаи автобус мефаҳмонд:

“ – Ман дар истгоҳ автобусро доштам, ки ин аз рӯйи қоида аст. Ин айби худи ту, ки аз қафои автобус омадӣ. Боз пеши роҳи нақлиёти ҷамъиятиро гирифтанат чӣ маънӣ дорад? Ба ҳаёти ҳамаи ин мусофирон кӣ ҷавоб медиҳад?” Он мардҳо низ ҷавонро зери борони суол гузоштанд.

   Ҷавон ҳам гардан тоб намедод ва хунсардона ба ҳар як савол сад ҷавоб мегуфт:

“ – Мӯйсафед, ту худата ҳурмат кун. Дар куҷое истодӣ наистодӣ, пеши роҳи мана банд кардӣ. Агар ҳурмати синну солат намебуд, ман қатӣ ту дигар хел гап мезадам.”

     Тарзи рафтору гуфтори ин ҷавон дар дилам нафратро ба вуҷуд овард. Ӯ аз ҳама ҷиҳат айбдор буд. Қоидаи роҳро вайрон кард, ба ҳаёти ҷамъият хавф эҷод кард, бар замми ин ба калонсолон дағалгуфторӣ кард. Бале, ӯ нозпарвардаи волидонаш аст. Шояд аз давлати дигарон кайфу сафо дорад. Вале афсӯс, ки аз шаҳди тарбияи волидонаш ҳатто начашидааст. Байти зерин ба ёдам омад:

Гирди номи падар чи мегардӣ,

Падари хеш бош агар мардӣ!

   Ронанда дид, ки бо ин аблаҳ баҳс кардан бефоида аст, даст афшонду ба автобус баргашт. Ман ва дигар мусофирон низ ба автобус даромада ба ҷойҳои худ нишастем. Ин лаҳза аз тирезаи қафои автобус шоҳиди манзараи аз ин ҳам ҳайратовар шудем. Тахминан 60 – 70 метр дуртар аз мо нозири роҳ “ чӯбдасташ” дар даст рост истодаасту мунтазири “сайд“ аст. Дар муддати ҳамин қадар баҳсу талошҳо ӯ тамоман бетараф буд, гӯё моро пай набурдааст. Ронанда низ ин ҳолро дида бештар дар ғазаб шуд ва дарҳои автобусро пӯшида, автобусро ба ҳаракат даровард.

     Ман бо ин моҷаро овора шуда, мақсади асосии хешро аз ёд баровардаам. Ҳамин тавр, дар муҳлати як соату понздаҳ дақиқа ба ваъдагоҳам расидам ва зарари молӣ ҳам дидам, зеро ронандаи таксӣ аз ман маблағи иловагӣ барои вақти сарфшудааш талаб кард.

                         Шодмон Кенҷаев

                                       донишҷӯи соли дуюм

 

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.