SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

    Картинки по запросу от мечты к цели 

           Дар синфи 8-ум мехондам. Тариқи телевизиони “Сафина” Аловиддин Бӯриев барномаи “Гол”-ро пеш мебурд. Барнома ҳар ҳафта рӯзи чоршанбе пеш аз барномаи иттилоотии “Навид”, яъне соати 19:30 дақиқа пахш мешуд.

 

 

Мӯҳтавои барнома: сараввал мусобиқоти футболи дохили кишварро, сипас “Топ- 5” чемпионати футболи Аврупоро шарҳу тавзеҳ медод. Алӣ Шариф дар ТВ “Тоҷикистон” барномаи “Рушди футбол” ва Бобо Холмуродзода дар ТВ “Ҷаҳоннамо” барномаи “90-дақиқа”-ро пеш мебурданд. Ман ҳар ҳафта бесаброна мунтазири ин барномаҳои мазкур будам. Дар ҳамон замон шавқу ҳаваси журналистӣ дар дилам пайдо шуд. Мехостам оянда ман ҳам журналист шавам ва чунин барономаҳо дошта бошам. Албатта ҳамаи ин орзӯ буд. Вақте дар мактаб устодон аз мо мепурсиданд, ки дар оянда кадом касбро интихоб кардаем, бо шавқу ҳаваси зиёд журналист гуфта посух медодам.

Санаи 1-уми марти соли 2016 телевизионҳои “Варзиш” ва “Синамо” расман ба фаъолият оғоз карданд. ТВ “Варзиш” ягона шабакаи соҳавӣ дар кишвар шинохта мешуд. Акнун Аловиддин Бӯриев аз ТВ “Сафина”, Алӣ Шариф аз ТВ “Тоҷикистон” ва Бобо Холмуродзода аз ТВ “Ҷаҳоннамо” қаҳрамонҳое, ки банда дар дил мепарваридам ҳама ба ТВ “Варзиш” омаданд ва минаъд кор ва фаъолияти хешро дар онҷо идома доданд. Ман аз дигар шабакаҳои кишварамон ТВ “Варзиш”-ро бештар тамошо мекардам. Дар ТВ “Варзиш” бозиҳои футболро бо забони нобӣ тоҷикӣ шарҳу тавзеҳ медоданд. Аввалин бозиро Бобо Холмуродзода бо забони тоҷикӣ шореҳӣ карда буд. Ман, ки ба шореҳии русӣ он қадар одат накарда будам бо шореҳии забони тоҷикии худамон зуд одат кардам. Бозиҳое, ки бо забони тоҷикӣ шарҳу тавзеҳ дода мешуданд бисёр диққат медодам ва таҷриба мегирифтам, зеро ман мехостам оянда шореҳи барномаҳои телевизионӣ шавам...

         Бо Бобо Холмуродзода, Меҳроб Исроилиён, Гулрӯз Худоназарзода ва Иномиддин Аҳмадзода дар шабакаи иҷтимоии фейсбук дӯст шуда будем, ҳарф мезадем ва аз ин орзуҳои кучаки хеш мегуфтам. Онҳо ба ман тавсия медоданд, ки дарсҳоро нағз хонам ҳамааш мешавад, яъне ин шавқу ҳавасе, ки ман дар дил доштам боз ҳам бештар мешуд. Аловиддин Бӯриев барномаи “Ҷоми ҷаҳон 2018 (марҳабо)”-ро моҳи ноябри соли 2017 дар телевизиони “Варзиш” таъсис дод ва пеш мебурд. Ин барнома дар дохили хеш озмунҳои “Донои футбол” ва “Латифаи беҳтарин”дошт. Аввалин ғолиби озмуни “Донои футбол” Орзӯ Раҳимов гашт ва аз ҷониби барнома бо тӯби футбол сарфароз гардид. Ман низ дар ин барнома иштирок мекардам ва ба 3 саволе, ки ҳар ҳафта пешкаш мешуд, посух мегардондам.

Хушбахтона, банда низ ғолиби озмуни “Донои футбол” дар моҳи декабр гардида, соҳиби тӯби футбол шудам ва ба барнома даъват шудам. Хурсандиам ҳадду канор надошт. Латифаамро низ пешниҳод карда будам, аммо мутаассифона латифаам дар миёни 3-латифаи дигар ҷойи дуюмро касб кард. Қариб соҳиби як тӯби дигар мешудам. Ман бисёр хурсанд будам ва ин барномаро ҳар ҳафта тамошо мекардам. Ин ғолибият меҳри маро боз ҳам ба касби журналистӣ бештар кард.

Хурсандам, ки аз рӯи интихоби аввал ба факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шудам.

Дар давоми таҳсил бо ҳамроҳии ҳамкурсонам ба шабакаи телевизионии “Варзиш” рафтем ва студияҳои сабти барномаҳо, утоқи шореҳӣ ва дигар ҷойҳоро аз наздик дидем. Бо шореҳони варзидаи ТВ “Варзиш” чанд акси хотиравӣ низ гирифтем.

Дар студияи таълимии телевизиони факултет таҷрибаомӯхта истодаам ва ният дорам, ки баъд аз хатми донишгоҳ ба яке аз шабакаҳои телевизонӣ ба кор дарояму орзуямро амалӣ намоям.

Фаридун Сафарзода

донишҷӯи соли дуюм

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.