SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

 

СМС – ПАЁМАК памфлет

Картинки по запросу sms

 

           Субҳи деҳа. Модар рӯи ҳавлии обзада бо ҷорӯби бешоху барг хаш – хашкунон замини пур аз хоку баргро рӯфта истодааст. Ҳамин ҳангом духтарчааш фарёдкунон “Оча, оча касе ба вайбер смс фиристод, акаам набошад?”, - гӯён давида баромад.

 

 

             Модар аз шодии зиёд ҷорӯбро ба як кунҷи ҳавлӣ партофта, назди духтарчааш омад. Таги дар нишаста ба сари духтарчааш ғуррид:

         - Канӣ, тезтар кушо! Бачаи эркаи оча чӣ мегуфта бошад? Гуфтам, ки ба ҳамон хизмат нарав. О, дар ҳамин кишвар як ту нестӣ. Хонда тамом кардӣ. Ягон ҷо кор даро. Баъди як сол ягон духтараки очааш набӯсидаро ёфта, келин мекардем. Ариза доду рафт. Эҳ беақлаки оча. О кушо тезтар, - мегуфт бо саросемагиву руҳафтодагӣ модар.

         - Интернет мечаспад, чӣ кор кунам? Бо ин “безлимит”-и самбақаи “билайн” ҳамин қадар мешавад, - ғур – ғур кард духтараш, - ана кушод

         - Инҷа те бинам. Дар бача мурам, э!

         “Салом, модарҷони азиз! Шинохтед? Ин ман - писари эркатулфоратон, Мирсаидҷон. Чӣ хел намешиносед? О, маро зада – зада вазифаҳоямро худатон иҷро мекардеду бо як азоб хатамро ҳам мисли хати худатон карда будед - ку? Хайр, монем ин шиквачаҳоро. Дигар шумо нағз?  Корҳои мактабу хоная карда гаштед? Ҳа,  агар  аз ман   пурсед манба «гап нест». Армияба калон шуда  гаштиям. Маро дар ин ҷо калонҳо хеле хуб қабул кардаанду ганда зӯр “дӯст медоранд”. Медонед, ман ба онҳо ҳамин қадар маъқул шуда мондиям, ки қариб ҳамаи корҳои казарма ва ҳатто “част”-ро ба ман бовар кардаанд. Ҳатто, ҷомашӯиву мӯзатозакуниҳояшонро қарз дониста, бо сарбаландӣ иҷро карда истодаам ва агар рафту фаромӯш карда монам ё ин ки бо сабаби  корҳои дигар вақтам нарасад (охир дар ин ҷо бисёр корҳоя ба ман бовар кардаанд ки …), коре карда то баромаданашон наппа - нав мекунам.  

         Модарҷон, дониста гиред, ман инҷаба “анча мунча” одам не! Хайр, худатон як фикр кунед, набошад ҳамаи “дедҳо” (манзур сарбозони баландрутба) маро “чумо” мегӯянд - мӣ? Ин тахаллуси ман аз дигар унвонҳо ба куллӣ фарқ мекунад. Боз шумо “чумо” - я дигар хел нафаҳмед. Охир, медонед - ку маънои “чумо” “пири бо давлат, сербачу кач, хушбахт” ва ғайраҳост.  Албатта, ман аз ин тахаллусам ифтихор дорам. Дедҳо ҳар хел одама чумо намегӯянд ва фақат якта - нимта ман барин фаъолҳоя мегӯянду халос!

         Гуфтагӣ барин, як рӯз якта деда “Худо туро ҳам мисли ман “чумо” кунад гуфтаму яку якбора “снайперист”-и тайёр шудам. Ба фикрам ба вай сербачу кач ва пири ба давлат шудан маъқул нест. Ё дар ин солу замони қимматию ҷонбуроӣ (аз нархи гӯшту орд хабар дорам) қонуни   демографияро сахт риоя карданисту ба мисли баъзе одамон “ширин шавад шакар шавад, чандта шавад шудан гирад” гуфта таваллуд кунонданӣ нест, ки як тарафи бари рӯ ва чашмамро “меҳрубонона навозиш кард”.

         Модарҷон, аз ҷиҳати хӯрду хӯрок ва сару либосу мӯза асло хавотир  нашавед. Ман ин ҷо “экономист”-иро омӯхта истодам. Дар ин ҷо ҳамин қадар “экономисти зӯр” шудаам, ки дар ин масъала ягон кас ба ман баробар шуда наметавонад. Ҳамчунин, маро ҳар рӯз нағз “обутоб” медиҳaнд, ки ин заминаи хубест барои сарфакорӣ.

         Мо ин ҷо ҳатто баъзе саҳарӣ ҳангоми “завтрак” бо сабаби норасоии шакар ба ҷои он намакро ҳам андохта менӯшем. Боз ҳайрон нашавед, охир, шоире гуфтааст-ку: “Намак дар комҳо ширинтар аз шаҳду шакар гардад...”

         Мо ба рӯзи 23-юми феврал тайёрӣ дида истодаем. Хайр модарҷон. Ин вайбери ҷӯраам. Боз нанависед, ки интернеташ калламӯш барин ҷувол – ҷувол мегабайт мехӯрад. Телефони худамро як рӯз як дед гирифту ба касе алло гуфт. Вақте дар ҷавоб овози “гуд – гуд”-ро шунид, рӯяшро дастмол кард. Телефони бечора тарсида баъди ҳамон лаҳза кару кӯру гунг шуд. Маро ҷеғ мезананд. Хайр, баъди чанде муҳлат ҳам тамом мешаваду хона меоям. Баъд чақ – чақ мекунему ҳамаша ба шумо нақл мекунам ва мебинед, ки писаратон чӣ хел “гарений” шуда гаштааст”.

         Модар аз хурсандӣ дар курта намеғунҷид. Охир писараш баъди чанде бармегаштааст. Ӯ қабат – қабат гӯшт гирифта, дар назар чун кити кабуд фарбеҳ менамуд. Дигар ҷорӯб ҳам аз ёд рафту ҳавлирӯбӣ ҳам. Телефонро ба бағали духтараш партофту рақскунон ба хона даромад.

 

Мирсаид САТТОРИЁН

донишҷӯи соли сеюм

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.