SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

Картинки по запросу читать книгу

Метавон баҳонаҷӯёнро бад дид, вале ба ҳеҷ ваҷҳ набояд баҳонаҳоро сарфи назар кард

Вақте ки баҳона мегӯем пешорӯямон дарҳол баҳона барои корҳои баду нохуб ва амалҳои анҷом надода меояд, вале бояд донист, ки баҳона ба ҷуз маънои манфӣ доштан инчунин маънои мусбат ҳам дорад, ки мисоли равшани он ибораи маъмуливу зери лабҳо бисёр талафузшавандаи “баҳонаи зистан” аст.

 

 

Ин аст, ки суханварони мумтоз дар асарҳояшон сабаби кӯштани ин ё он прототип “баҳонае барои зистан надошт” мегӯянд. Ва аз ҷониби дигар агар баҳонаҳо танҳо барои корҳои нохуб ё ноуҳдабароиҳое истифода мешуданд, пас ҳатман, ки дар ҷойи баҳонаҳои хуб чизе дигаре кор бурда мешуд.

Ба ҳамин минвол барои корҳои хуб ҳам, ки мо мехоҳем онҳоро анҷом бидиҳем ва баъзан вақт ба иҷрои онҳо маҷбур ҳам ҳастем баҳона ёфтан лозим аст. Ин ба монандест, ки умре дар талоши пайдо кардан, дӯст доштан ва ҳифз кардани баҳонаи аслии зиндагиямон ҳастем. Ин ба монандест, ки умре бо баҳонаҳои ширин, ки охири ҳамаи онҳо ба қуллаи мақсуд мебаранд, зистан аст. Ин ба монандест, ки умре баҳона надоштагонро дида баҳонаҳои зиндагиямонро зиёду кам мекунем.

Дар ин росто мавриди зикр аст, ки аз ҳама муҳим ва зарурӣ барои мардуми мо, хусусан насли нав баҳонае намерасад бо номи “баҳонаи китобхонӣ”.

Пӯшида нест, ки дар мо қариб ҳамагон тавсиядиҳанда ва талқинкунандаи китобу китобхонӣ ҳастанд. Ҳатто ҳамонҳое, ки ба солаш китобро дар даст намегиранд. Ҳатто ҳамонҳое, ки бо китоб тамоман сару кор надоранд. Ҳатто ҳамонҳое, ки баъзан вақт фаромӯш мекунанд, ки дар дунё китоб барин неъмати бузург вуҷуд дорад. Ҳамагӣ хостгори китобдору китобхон шудани насли нав ҳастанд ва ин хуб аст. Вале оё боре шудааст, ки нафарони тавсиядиҳандаву талқинкунандаи китобхонӣ барои ба даст гирифтани китоб ё ба ҷойи талқину таъкидҳояшон баҳонае, сабабе пеш оранд, ки мухотаб бе ягон фикри дигар ба ҷустуҷӯйи китоб равад? Не, албатта! Медонед барои чӣ? Барои он ки онҳо худашон баҳонае барои китоб хондан надоранд, вагарна худашон китобхон мебуданд. Ва ин ҳолатеро мемонад, ки мо маҳсулоти харидаамонро дар як тарафи тарозу монда интизори баробар шудани тарафҳои тарозу мешавем.

Хатои аввалиндараҷаи мо ҳамин аст, ки мо ба ҳар нафар талқини китобхонӣ мекунем, вале намегӯем барои чӣ бояд вай ин корро анҷом диҳад. Мо иҷрои кореро талаб мекунем, ки ягон сабаб ва баҳона пеш намеорем, танҳо хостгори амал карданему халос. Мо мехоҳем атрофиёнамон кореро сомон диҳанд, ки барои анҷом додани он худамон баҳона надорем. Ин насиҳатҳо, ки бӯйи қиссаҳои бобокалонҳоямон мекунанд барои насиҳатшунавандагон ба ҷуз гапи холӣ ва пук дигаре чизе нестанд.

Пеш аз хондани китобе бояд ба миқдори шумораи саҳифаҳояш баҳона ёфт. Баҳона ин “ман аз ин китоб чӣ мегирам?”, “ин китоб ба ман чӣ медиҳад?”, “фоидаҳои китоби мазкур бисёранд ё кам?”, “пас аз хондан дар ман чӣ навгонӣ мешавад” нест, балки бо китоб рӯ ба рӯ истода ба саволи “Чаро бояд ман маҳз китоб хонам ва боз чаро маҳз ҳамин китобро?” аст. Ба ин савол сад ҷавоби гуногун додан мумкин, вале муҳим он аст, ки ҷавобдиҳанда худи китобхон бошад.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

магистри соли аввал

 

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.