SJ News - шаблон joomla Авто

cloud  facebook  ok youtube

Читайте:
09/10   Ҷойгоҳ ва таҳаввули мактуб ... - " Мактубҳое, ки дар замони истиқлол дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд, меросбари ..."
27/12   ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ ... - "  ҲАЗЛҲОИ СОЛИНАВИИ САЪДӢ МАҲДӢ БА МУАЛЛИМОНИ ФАКУЛТЕТ    "
30/10   ЧАРОҒИ ДИЛ - " Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар   Инсон ҳар қадар солор шавад, аз панду ..."
12/11   ЧАНДЕ ДАР БОРАИ «АВТОКРИТИКА» - "        Автокритика (худнақднамоӣ) ин фикру дарку ..."
09/03   ЧАНД МАНТИҚИ ТАСМИМ ВА ... - " (ЊАДАФЊОИ АСОСИИ ДАЊСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР») Тољикистон ..."
08/11   Фаъолияти сиёсии журналисти ... - " Аз замоне, ки журналистика ба вуҷуд омад, ба сиёсат алоқамандӣ дошт. Ва ин ..."
02/03   ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯИ «БА ... - " Дар соли 2018 ҳайати эҷодии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» 20 шумораи нашрияро аз чоп ..."
06/03   Талаботи замон ва омодагии ... - " Тањсилоти олї дар соњаи журналистикаи тољик тўли 25 соли истиќлолияти давлатї ба ..."
28/03   ТАКОПӮ АНДАР ПАЙРАҲАИ ИЛМ - " Чанд андеша дар бораи маҷмӯаи мақолаҳои профессор М. Муродов «Исиқлолият ва рушди ..."

Похожее изображение

Таърихи пайдоиши муд ё таърихи пайдоиши либос мисли оинаеянд, ки тамоми таърихи тамаддун дар он инъикос мегардад. Ҳар як кишвар, ҳар як миллат дар давраҳои гуногуни тараққиёти ҷамъиятӣ саҳми худро дар ташаккули фаҳмиши муд гузоштааст. Дар ҳазорсолаҳои қабл одамон барои худ ба сифати ҳимоя аз шароити табиӣ либос сохтанд. Баъд аз чанде онҳо дар бораи ҷиҳатҳои эстетикии либос андеша карданд.

 

 Калимаи “муд” (фаронсавӣ mode) аз калимаи лотинии “modus” пайдо шуда, маънояш қоида, пешгуфтор, намуд, андоза, образ ва усул мебошад.

Мафҳуми “Муд” чӣ гуна пайдо шуд?

Таърихи муд решааш аз тамаддуни қадим пайдо шудааст. Калимаи “муд” чӣ гуна пайдо шудааст, ба пуррагӣ маълум нест. Эҳтимолияташ ҳаст, ки шояд дар мамлакатҳои Аврупои ғарбӣ дар натиҷаи пайдоиши доимии либосҳои гуногун бо номҳои гуногун пайдо шуда бошад.

Муд дар либос ҳамчун падидаи глобалӣ дар асри ХVII дар Фаронса ташаккул ёфтааст.

Либос дар давраҳои бармаҳали тараққиёти башарӣ пайдо шудааст. Дар ин бора ҳафриётҳои археологӣ шаҳодат медиҳанд. Бо ёрии риштаҳои растанӣ одамони қадим ашёҳои гуногунро амсоли баргҳо, пахолу пӯсти ҳайвонот ва ғайраҳоро медӯхтанд. Ба сифати сарпӯш бошад, меваҳои калони хушк, пучоқи тухмҳои гуногун, санги сангпушт ва дигарҳоро истифода мебурданд. Маълумоте ҳаст, ки дар давраҳои аввали палеолит (замони ҳаёти 12-40 ҳазор сол пеш, ки одамони замонавӣ дар тамоми ҷаҳон ҷойгир шуда буданд) бори аввал ашёҳои дӯхташуда пайдо шуда буданд, яъне одамон истифодаи сӯзанҳои устухониро шурӯъ карданд, ки бо ёрии он бандакҳо, ва қисмҳои гуногуни либосро бо раги ҳайвонот ва торҳои растанӣ ба ҳамдигар пайваст мекарданд. Яке аз мисолҳои собиткунандаи ин экспедитсияе, ки соли 1964 аз ҷониби бостоншиноси рус ва советӣ Отто Николаевич Бадер дар истгоҳи Сунгир мебошад.

Сунгир – яке аз бойтарин ва таҳқиқшудатарин истгоҳи инсонҳои қадим мебошад. Дар рафти кофтукобе ки қариб 30 сол давом кард наздики 70 ҳазор бозёфтҳои бостоншиносӣ ба даст оварда шуда буданд.

Бо ташаккулёбии инсон силоҳҳои шикорӣ низ ташаккул ёфта, бо гузашти вақт либосҳо низ мураккабтар шуданд. Замонҳои то милод дар давраҳои пешравии тамаддуни қадим нишонаҳои пайдоиши муд вуҷуд доштанд, ҳарчанд ки худи мафҳуми муд вуҷуд надошт. Либосҳои сокинони давлатҳои қадим рангорангӣ мегирифтанд. Одамон тарзи коркарди пашм ва пӯстро омӯхта, матоъҳои гуногун истеҳсол мекарданд ва ранг кардани матоъро бо сохтани ороишот ёд гирифтанд. Дар дигар мамлакатҳо либосҳои намуди нав пайдо шуданд ва ҷангҳову тиҷорат боис шуданд, то расму оини як мамлакат ба дигар мамлакат роҳ ёбад.

Баъзе аз мутахассисони таърихи муд чунин мешуморанд, ки тавлиди муд дар асрҳои XII-XIII рост меояд, ки дар он вақтҳо дар костюмҳо ҷузъҳои нолозиме, ки танҳо барои ороиш буданд, пайдо шудаанд. Инчунин ба гуфтаи онҳо дар асри XV бо тараққиёти санъати дӯзандагӣ раванди коркарди либосҳо яқинан мушкил шуданд. Дар асри XV дар Аврупои Ғарбӣ дар либосҳои занона буриши зебои куртаҳо пайдо шуданд, ки боиси тағйирёбии шакли либосҳои занона шуд.

Муди умумӣ дар Аврупо дар миёнаи асри XVII ба миён омада, махсусиятҳои муди миллӣ дуюмдараҷа ҳисоб меёфт.

Похожее изображение

 

Пайдоиши муди замонавӣ

Муди замонавӣ дар Фаронса, дар замони ҳукмронии шоҳ Людовики XIV, ки ӯро Людовики Бузург ё Шоҳ-офтоб (Louis Xiv Le Roi Soleil) ном мебурданд заминаи мусоид пайдо кард.

Дар нимаҳои садсолаи ҳабдаҳум муди Фаронсавӣ дар Аврупо хуб таҳким ёфт. Дар ин давра Фаронса ба яке аз бузургтарин ҳокимиятҳо, ки маркази сиёсӣ ва фарҳангии Аврупо ба ҳисоб мерафт, табдил ёфта буд. Муд дар ин кишвар ҳамчун ҷузъи муҳими фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба шумор мерафт. Бо такя ба баъзе сарчашмаҳо аввалин эҷодкунандаи муд ин Шоҳ Людовики XIV ва Вазири молияааш Жан-Батист Колбер мебошанд, ки мудро ба инфрасохтори истеҳсоли либоси нав табдил доданд.

Инчунин баъзе мақомотҳои давлатӣ барои фурӯш ва истеҳсоли либос ташкил ёфтанд, ки бо такя ба қонун амал мекарданд.

Асосгузори мафҳуме бо номи “Муди баланд” (Haute Couture) тарроҳи англистабори Фаронсавӣ Чарлз Фредерик Ворт (Charles Frederick Worth), асосгузори хонаи муд мебошад. Соли 1868 аз ҷониби Ворт “Синдикати Муди баланд” –ташкилоти Париж, ки хонаҳои мудро муттаҳид мекард, сохта шуд, ки то ҳол вуҷуд дорад.

Ислоҳотчии муд, созандаи усули нави ҳаёт, ки дар Амрико ва Аврупо дар аввали солҳои 1920 ҳоким буд, ин Пол Пуаре (Paul Poiret) тарроҳи Фаронсавӣ мебошад.

Дар аввалҳои асри XX дар ҷаҳони муд якчанд нобиғаҳое, ки тасаввуроти одамонро дар бораи либоспӯшӣ дигар карданд, мисоли Коко Шанел (Coco Chanel), Элза Скиопарелли (Elsa Schiaparelli), Жанна Ланвен (Jeanne-Marie lanvin), Жан Пату (Jean Patou) ва дигарон фаъолият доштанд.

Дар хориҷ дар асрҳои XIX-XX дар яке аз давраҳои шавқовари таърихи муд -муди варзишӣ ташаккул ёфт.

Либосҳои усули замонавии давраи мо дар замонҳои баъди Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ ривоҷ ёфт.

 

Таҳияи Замира Мирзоева

донишҷӯи соли дуюм

pp1     pp2     pp3     pp4     mvd     pp5     pp6     tajikair     
  mmk.tj      parlament.tj     migration     vecherka     

  din.tj  

  khovar  

  donishnoma  

  maorif

Аз устодон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маводи худро барои нашр дар сомонаи факултет бо почтаи зикршуда фиристанд.

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Тел.: (+992) 93.500:35:37 ва 90.751:21:21

Масъули сомонаи факултети журналистикаи ДМТ Ҳукмиддин Сафаров

Суроға: ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, факултети журналистикаи ДМТ, бинои 10, ошёнаи 2 юм.